logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АНАЙЯ. ИНСОН БО ҲАРФИ КАЛОН
Моҳи декабри соли 2012 дар шаҳри Наварреи  Испания зӯрозмоии байналмилалӣ оид ба давидан ба масофаи тӯлонӣ доир гардид. Дар он беҳтарин давандагон, аз ҷумла дорандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон Абел Мутаи аз Кения низ ширкат дошт. 
Дар тӯли тамоми масофа Абел пешсафиро дар ихтиёр гирифт ва ба ҳарифон нагузошт, ки ба ӯ наздик шаванд. Тақрибан 10 метр то ба марра расидан варзишгари кениягӣ бо гумони убури хати ниҳоӣ давиданро қатъ кард ва рӯ ба мухлисони ашаддиашу ҳозирини варзишгоҳ оварда, бо хушҳолӣ ба онҳо барои дастгириашон дуруду сипос мегуфт. Ин амали варзишгар мухлисонро ҳайратзадаву нигаронкунанда намуд ва бо садои баланд бо забони испанӣ мегуфтанд, ки Абел давиданро идома диҳад. Азбаски Мутаи забони маҳаллиро намедонист дар ҷой истода буд. Дар ҳамин лаҳза давандагони дигар низ аз дур намоён шуданд. Варзишгари испанӣ Иван Фернандес Анайя чанд метр пештар аз дигарон медавид. Мавқеъ ҳамин тавр шуд, ки Анайя метавонист аз Абел пеш гузашта, ба марра расад ва ғолиб ояд. Вале, ӯ ин тавр накард. Баръакс аз пушти Абел тела дода, вайро водор намуд, ки ба хати ниҳоӣ аввалин шуда расад. Ин ҳолат он қадар тамошобинонро тасхир кард ва чунон муассиркунанда буд, ки хабарнигорон пеши роҳи гузашти варзишгари ҷавонмарду поквиҷдонро гирифтанд. Ҳама дар бораи рафтори ғайриодии ӯ мегуфтанд. Ба саволи он, ки  мехост дар ин дав дастболо гардад, Иван бо қотеият мегуфт. «Бале, мехостам». Вале ӯ аз кардаи худ заррае ҳам пушаймон нест. Варзишгар инро шарҳ дода мегӯяд, ки имрӯз мухлисон зуд – зуд шоҳиди дурӯғгӯӣ, фиребдиҳӣ ва манфиатҷӯӣ дар варзиш, низ мегарданд. Агар ӯ ин тавр рафтор намекард, ҳаргиз худро намебахшид. Ҳарфҳои Анайя: «Ба ман муҳимтар аз ҳама ҳифзи шарафам аст на дарёфти медали тилло» чун панди ахлоқӣ садо медиҳанд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ТАНГ Ё ҶАСОРАТИ ЯК САГ
Соли 1919 дар музофоти шарқии Канада  ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки то ҳол вирди забони мардуми ин кишвар аст. Тӯфони шадиде киштии бузурги ҳайаташ аз 93 маллоҳ иборатбударо ба шахҳои азим партов намуд. Гарчанде соҳил дур набуд, аммо умеде барои наҷоти кишти ва маллоҳон намонда буд. 
Барои наҷоти ҳамсафаронаш яке аз маллоҳон кӯшиш намуд, ки шинокунон  нӯги ресмони киштиро ба соҳил расонад. Мутаассифона, амвоҷи баҳр ӯро ба болои шах партофта ҳалок намуд. Маллоҳон умедашонро аз зинда мондан канданд. Мардуми зиёде, ки аз соҳил набарди маргу зиндагиро мушоҳида менамуданд бовар надоштанд, ки ақрабояшон зинда мемонанд. Ногаҳон байни мавҷҳои бузург саги ҷасуре ресмони киштиро ба дандон гирифта берун шуд ва ҳамагонро ба ҳайрат овард. Ин саги худи маллоҳон бо лақаби Танг буд. 
Муҳаббату ҷасорати ин ҷонвари вафодор сабаб гардиду  киштӣ бо 92 нафар маллоҳ аз нобудӣ раҳоӣ ёфта, ба соҳили мурод расид. 
Ин қисса дар сарзамини Канада хеле машҳур буда, дар асоси он асарҳои зиёде эҷод шудаанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ЯК ФАКТИ АҶИБ
Кӯҳи Рашмори Амрикоро президентҳои собиқи он машҳур карданд. Манзур, дар танаи сангини он дар ҳудуди 18, 6 метр моҳирона тарошида шудани нимпайкараи чор президенти ИМА: Ҷорҷ Вашингтон, Томас Ҷефферсон, Теодор Рузвелт ва Авраам Линколн мебошад.   
Корҳои ҳайкалтарошӣ аз ҷониби анқариб 400 нафар аз соли 1927 то 1941 зери роҳбарии пайкарасози машҳур Гутзон Борглум идома карданд. Ҳарчанд кор тӯл мекашид ва иқлими кӯҳистон мушкили зиёд пеш овард, аммо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд ва ҳам масрафи маблағ аз 1 миллион доллар бештар нагардид. 
Дар маҷмӯъ барои то шакли ҳозирааш расондани пайкараҳо 360 ҳазор тонна ҷисмҳои кӯҳиро аз ҷо беҷо карданд.   
Ба андешаи муҳаққиқон, Ҷорҷ Вашингтон барои америкоиҳоро ба демократия расондан, Томас Ҷефферсон барои ба вуҷуд овардани Декларатсияи истиқлолият, Авраам Линколн барои хотима бахшидан ба ғуломдорӣ ва Теодор Рузвелт барои мусоидат дар кори сохтмони канали Панама аз миёни дигар президентҳои Амрико интихоб гардиданд.   
Майдони умумии ин маҷмааи меъморӣ беш аз 517 гектар буда, ҳамасола ба ҳисоби миёна 2 миллион турист аз он дидан мекунад. 
Таҳияи Зокир ҲАСАН
 
 
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» - и саҳифаи «Шоми шанбе» - и  рӯзнома ҷамъбаст гардид.  Аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои хешро пешниҳод намуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни доираи васеи ширкаткунандагон Мафрӯза Ҷумъаева, сокини  шаҳри Душанбе, ғолиб дониста шуд. 
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки Исматулло Ҳасанов аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маҳмашариф Асоев аз ноҳияи Файзобод, Сафаралӣ Саидалиев, Маҳмадшариф Гулмуродов ва Хизматалӣ Чоршанбиев аз шаҳри Норак, Уғулой Файзуллоева  аз шаҳри Гулистон, Бегмаҳмад Абдураҳмонов аз шаҳри Кӯлоб, Одина Давлатов ва Илҳом Камолов аз шаҳри Душанбе, Махкамбой Ҷумъаев аз ноҳияи Айнӣ дар пешниҳоди ҷавобҳо ширкати фаъолона доштанд, вале бо сабаби он, ки М. Ҷумъаева аввалин шуда ҷавоби дурустро пешниҳод намуд, пирӯзиро ба даст овард.
 
Муаммокалима
Дар шумораи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» ба муштариёни рӯзнома муаммокалимаҳо манзур мегардад.  Мақсад аз он, аз ду ва зиёда калимаҳои пешниҳодшаванда бояд  калимаи нав тартиб дод. 
1. Тан+Тала =
2. Дил+Тана =
3. Рашк+Ома =
4. Суд+Гарон =
5. Сабо+Бадр =
6. Табл+Омир =
7. Ор+Амн+Анис =
8. Сана+Ор+Бел = 
9. Анор+Ногаҳ =
10. Қаср+Даман =
11. Даф+Ибо+Орд =
12. Асло+Умр+Дос =
 
Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ
Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
36. Ҳамеша меҳрубон бошед.
37. Ба комёбии ҳар шахс аз таҳти дил таҳсин гӯед.
38. Ҳаргиз эрод магиред.
39. Сифати инсон он аст, ки ӯ, пеш аз ҳама, на камбудиҳои худ, балки айби дигаронро мебинад.  
40. Ба атрофиён бо самимият муносибат намоед.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
ВИРУС. ОЁ МЕДОНЕД, КИ ОН  БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН ЧӢ ҚАДАР ЗАРАР МЕОРАД?
Аввалин  вирус дар ҷаҳон 10 ноябри соли 1983 аз ҷониби Фордем Коэном дар семенари бехатарии компютерҳо муаррифӣ шуд. Ҳоло ҳазорҳо навъи вирусҳо мавҷуданд, ки  ҳамарӯза  ба механизми дастгоҳҳои электронӣ таҳдид  мекунанд.
Аз рӯи омор ҳамасола ҳар сеюмин компютер ҳадди ақал давоми сол як маротиба  мавриди ҳуҷуми  вирусҳо қарор мегирад.
Таҳқиқотчиён собит намудаанд, ки  антивирусҳо  дар давоми ҳар 1 - 2 рӯз куҳна мешаванд. Аз ин ҳисоб 15 дарсади вирусҳо бо вуҷуди доштани барномаҳои антивирусӣ озодона вориди он компютер мегарданд. Охир, ҳамарӯза  хакерҳо  роҳҳои нав ба нави заҳролуднамоии  техникаро фикр карда истодаанд. 
Вирусҳои компютерӣ ҳамасола ба иқтисодиёти байналмилалӣ ба андозаи 1,5 триллион доллар зарари молиявӣ мерасонанд.
Дар таърихи мавҷудияти  вирусҳо  харобкунандатарин вирус «I Love You» ва ё  «Love Letter»  гаштанд. Бо ин ном шаби 4 ба 5 майи соли 2005 аз Филиппин ба тамоми истифодабарандагон мактуб фиристода шуд. Дар натиҷа вирус  ҳамон замон аз худ нусха эҷод намуда, ба компютерҳои дигаре, ки бо истифодабаранда робита доштанд, ворид шуд. Ҳамин тавр, вируси «I Love You» бо заҳролудсозии беш аз 3 миллион компютер тавонист ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба андозаи  10 -15 миллиард доллар зарар расонад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ҶОРҶ МАРДИ СЕПОЯЕ БО ДУ ДИЛ
Соли 1844 дар Олмон Ҷорҷ Липперт – одами машҳури сепоя таваллуд шуд. Вай дар сирки қаллоби амрикоӣ Финеас Тейлор Барнум кор мекард, ки дар он бисёр одамони ғайриодиро намоиш медоданд. Танҳо соли 1906, вақте Ҷорҷ Липперти сепоя вафот кард, чоксозии ҷасадаш нишон дод, ки дар қафаси синааш ду дил будааст. Аҷиб, на худаш ва на атрофиён аз ин хабар надоштанд.
Соли 1905 дуредгари 35 - солаи амрикоӣ Дурр дар рӯзномаҳо эълон чоп кард, ки ҳар касе пули калон диҳад, ҷасадаш бо ду дилро ба ҳамон васият мекунад. Ӯро духтурҳо муоина карда, ба хулосаи яқин омаданд, ки Дурр дар ҳақиқат ду дил дорад, зимни ин комилан солим аст. Гурӯҳи духтурҳо ба ӯ 10 ҳазор доллар пешниҳод намуд, ки дар зинда буданаш як дилашро ҷарроҳӣ карда гиранд. Аммо дуредгар аз тарси оқибати ногувори ҷарроҳӣ розӣ нашуд.
Мавҷудияти чунин одам дар Русияи тоинқилобӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Соли 1911 дар Екатеринбург маълумотнома оид ба ҷарроҳӣ нашр гардид. Дар он аз фелдшери деҳа Владимир Огнивсев сухан мерафт, ки ду дил дошт.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 

ТАНБЕҲИ СТАЛИН
Пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сталин фармон дод, ки ҳар нафаре, ки то 20 дақиқа ба кор дер мекунад, муҷозот карда шавад. Рӯзи дигар Василий Иванович Качалов, ки дар Театри бадеӣ - академии Москва кор мекард, расо як соат дер мемонад. Дар театр шӯр бармехезад, ки оқибати ин кор чӣ мешуда бошад. Директор аз чунин рафтори кормандаш ба Сталин мактуб навишта, дастур мепурсад.
Сталин дар ҷавоб менависад: «Барои ба маълумоти Артисти халқии СССР рафиқ Качалов нарасондани фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР ба директори Театри бадеӣ - академии Москва танбеҳи қатъӣ дода шавад».
Тарҷумаи М. ОДИНАЕВА
 
 
7 ШАХСИЯТИ ШИНОХТАЕ, КИ ДАР ФИЛМ НАҚШИ ХУДРО БОЗИДААНД
Синамо яке аз маҳбубтарин санъати оламиён ба шумор меравад. Маҳз тавассути ҳамин санъат чеҳраҳои зиёде ба шинохтатарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтаву ҳар яке дар навбати худ ба обрӯву нуфузи синамо қатрае зам намудааст. Бо заҳмати ҳунарпешагони синамо ҳазорҳо чеҳраҳои таърихӣ тавассути нақшҳои бемисл аз нав зиндаву шуҳратёр мешаванд. Вале боз ҳам ҷолибтар ин аст, ки миёни ҳунарпешагони маъруф онҳое низ ҳастанд, ки дар филм нақши худро бозидаанд. Рубрикаи нави «Шоми шанбе» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир ба чунин чеҳраҳои машҳури олам маълумот хоҳад дод.  
 
1. Майк Тайсон
Боксёри сангинвазни амрикоӣ Майк Тайсон, қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияҳои WBC (1986 - 1990, 1996), WBA (1987-1990, 1996), IBF (1987-1990), дар 58 қувваозмоӣ 50 маротиба ғолиб омадааст. Ӯ соли 1986 дар 20 солагиаш ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон шуд, ки то ҳол касе ба чунин комёбӣ муваффақ нашудааст. 
Дар баробари боксёри касбӣ будан, ӯ дар зиёда аз 55 филму силсила - филмҳо нақш офаридааст. Дар аксари онҳо нақши худро бозидааст, ки машҳуртаринашон «Сиёҳ ва сафед» (1999), «Данди бо лақаби Тимсоҳ дар Лос Анҷелес» (2001) , «Роки Балбоа» (2006)  мебошанд. 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Китобхона аз шиша 
Сингапур на танҳо дар соҳаи саноат ва маориф, балки дар пешрафти санъати меъморӣ низ пешсаф аст. Яке аз биноҳои зебову замонавии ин кишвар китобхонаи шишагини он мебошад.  Ин меъмории аҷиб аз ҷониби ширкати «LOOKarchitects»  таҳия шудааст. 
Ин китобхонаи ҷамъиятӣ  аз зумраи биноҳои зебои шаҳри Сингапур буда, дар дохили он толорҳои махсус барои муҳокимаи асарҳо, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, ошхонаву қаҳвахона ҷой дода шудаанд.  Боми он аз шиша рӯйпӯш гардида, нурро дар дохили бино меафзояд.  Китобхонаи  шишагӣ бо дурахши рангҳои гуногун барои аҳли қалам ва ташнагони илм фароғат бахшида, муҳити эҷодро муҳайё мегардонад. 
Таҳияи С. ГУЛНИСО
 
 
ЛӮХТАК БАРБИ. Он чӣ гуна пайдо шуд?
Лӯхтаке, ки раванди зиндагии кӯдакон ва волидони онҳоро дар ҷаҳон тағйир дод, аслан бо номи духтараке, ки ҳамагон чун Барбара Ҳендлер мешинохтанд, вобастагӣ дорад. 
Барбара исми духтари Рут ва Эллиот Ҳендле аз шаҳри Хоторни иёлати Калифорнияи Амрико мебошад. Соли 1945 волидони Барбара ҳамроҳи Ҳаролд Матсон ширкати бозичабарории «Mattel Creations», ки сараввал қуттиҳои мусиқӣ ва, сипас, хонаи зочаҳоро истеҳсол менамуд, таъсис доданд. Рӯзе модари Барбара мушоҳида менамояд, ки духтараш бо дугонаҳояш бо лӯхтаки қоғазӣ бозӣ мекунад. Онҳо аз қоғаз, ҳамчунин, ба лӯхтакҳо либос ва ороишот мебуриданд. Идеяи сохтани лӯхтаки машҳуртарини сайёра аз ҳамин ҷо сар зад.
Рӯзи таваллуди Барби 16 феврали соли 1959 ҳисоб меёбад. Ҳамон рӯз аввалин маротиба ин зочаро дар намоишгоҳи бозичаи кӯдаконаи Ню - Йорк ба маърази тамошо бароварданд. Аммо дар аввал намояндагони шабакаҳои тиҷоратӣ ба ӯ аҳамият надоданд. Баъдан, ҳендлерҳо ин лӯхтакро ба мағозаҳои бозичафурӯшӣ худашон пешниҳод карданд. Танҳо дар соли аввал 350 ҳазор адад лӯхтак ба савдо рафт. Аз ин ба баъд дигар Барби дӯстдоштатарин лӯхтак гашт.
То ҳадде он ба духтаракон писанд омад, ки чеҳраи худро ба воситаи ороишҳои косметикӣ ба Барби монанд карданӣ мешуданд.
Таҳияи Шаҳбози АБРОР
 

Эҳ ҷомадон, ҳоло ист!
Лесли Типтон, шаҳрванди Амрико, дар намоиши «Book America», ки 31 майи соли 2008 дар Лос - Анҷелес баргузор шуда буд, муаллифи рекорди ғайриодӣ гашт. 
Ӯ дар давоми 7 сония ба даруни ҷомадони сафарӣ даромада худро дар он баҳузур ҷой намуд (4 сония) ва баъди ин аз дохили он баромад (3 сония). Табиист, ки суръати фавқулодаи Лесли ҳамаро дар ҳайрат гузошт.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА
 
 
ТУХМ, ТЕХНИКА ВА СЕЛЛОФАН. Бехатарӣ ҳам қурбонӣ мехоҳад
Дар Маркази инноватсионии Сколково, ки дар шаҳри Москва воқеъ аст, асосан таҷрибаҳои техникиву илмӣ мегузаронанд. Масалан, он ҷо селлофанҳои махсусеро месозанд, ки барои интиқоли асбобу ашёи техникаи муосир, ба монанди компютер, бастабандӣ, видео, телевизор ва асбобҳои рӯзгор хизмат мекунанд. Аммо онҳоро чӣ гуна месозанд, ки ҳангоми интиқол ба мавод осеб нарасад?
Олимони Сколково селлофанро дуқабата карда, дар танаи он ҷо - ҷо ҳаво боқӣ мегузоранд. Дамишҳои хурд - хурди ҳаво дар танаи селлофан сабаб мешаваду ашёи техникӣ беосеб ба манзил мерасад. Аҷиб ин аст, ки барои таҷрибаи коршоямӣ тухмеро дохили селлофани мазкур мегузоранд ва аз ошёнаи дуюм мепартоянд. Агар тухм шиканад, ба коркарди он аз нав машғул мешаванд, агар нашикаст, ба истеҳсол иҷозат медиҳанд. Ҳамин минвол, садҳо тухмро ба замин зада, бехатарии асбоби техникии гаронбаҳоро таъмин менамоянд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР 
 
 
17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
13. Пули Слауэрхофбруг
На, ин фиреби назар нест. Чунин пули ғалатӣ дар Леуварден воқеан мавҷуд аст. Бинобар сершумории дарёю каналҳо, киштигардии зиёд, ҳамчунин, ниҳоят бисёр будани воситаи нақлиёт мамлакат ба пуле ниёз дошт, ки зуд болою поин шуда, ҳам ба роҳ манфиатбахш бошад ва ҳам ба киштигардӣ дар дарё. Ҳамин тавр, соли 2000 пули оҳану пӯлодии Слауэрхофбруг пайдо шуд. Он ҳар рӯз тавассути ҳидравлика 10 маротиба болою поин мешавад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 
 
«БА ИН ШАРТ, КИ БИХОБӢ» ОРЗУҲОИ ЧАРЛИ ЧАПЛИН 
Ин ҳунарпешаи маъруфи дунё изҳор доштааст:
- Вақте бача будам, канори модарам мехобидам ва ҳар шаб  орзуе мекардам.  Орзу  мекардам, ки бароям бозича бихарад. 
Мегуфт:  «Мехарам, ба ин шарт, ки бихобӣ». 
Ё орзу мекардам, ки биравам бузургтарин лимпопои дунё. 
Мегуфт: «Мебарамат, ба ин шарт,  ки бихобӣ». 
Як шаб пурсидам: «Агар бузург бишавам, ба орзуҳоям мерасам?». 
Гуфт: «Мерасӣ, ба ин шарт, ки бихобӣ». 
Тамоми шабҳо бо хушҳолӣ хобидам. Он қадар хобидам, ки бузург шудам ва орзуҳоям кӯчак шуданд. 
Дишаб модарамро дар хоб дидам. 
Пурсид: «Ҳанӯз ҳам шабҳо пеш аз хоб  орзу мекунӣ?».
Гуфтам: «Шабҳо намехобам». 
Гуфт: «Магар боз орзуе дорӣ?». 
Гуфтам: «Агар ту ин ҷо бошӣ, яъне бо ман,  ҳеҷ орзуе надорам». 
Гуфт :«Саъй мекунам, ба хобат биёям, ба ин шарт, ки  бихобӣ».
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2018    №: 15    Мутолиа карданд: 318

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед