logo

иқтисод

МАҲАЛ. БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...

Таъмини аҳолӣ бо ғизои аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, солҳои ахир ба ин масъала диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки таваҷҷуҳи коршиносони соҳаро ба  ин самт равона кардааст,  кам кардани воридоти маводи ғизоӣ ва зиёд намудани содироти он ба хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро  таҳлилу санҷишҳои мутахассисон ошкор сохтанд, ки аксар маводи ғизоии воридотӣ сифати паст дошта, ба саломатии аҳолӣ зарароваранд. 

Нурмаҳмад Муродов ҳанӯз соли 2016 дар ин самт иқдоми созандае татбиқ кард. Талафи маҳсулоти полизиву боғдорӣ ӯро водор сохт, ки дар Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейни ноҳияи Ёвон ба маблағи 1  миллиону  500 ҳазор сомонӣ корхонаи коркарди мева бунёд намояд. Имрӯз корхона дар як шабонарӯз 1500 қуттии шартӣ консерви мева истеҳсол мекунад. Боғдорон ҳам аз корхонаи ӯ манфиати иқтисодӣ бардоштанд, ҳамчунин, 24 нафар сокини деҳа соҳиби ҷойи кор ва маош шуд.
Нурмаҳмад Муродов, директори кооперативи тиҷоратии «Мирзои Нури Арбоб» - и ноҳияи Ёвон мебошад. Заминҳои корами хоҷагӣ 70 гектар буда, кормандон асосан ба боғдорӣ машғуланд. Ҳамасола 400 – 500 тонна мева ҷамъ меоранд. Ҳосил ҳам ба таври тару тоза ва ҳам хушку бастабандишуда ба фурӯш меравад, аз ин рӯ, ягон килои он талаф намеёбад. Ба хотири он, ки аҳолӣ дар фасли зимистон бо меваҳои тару тоза таъмин бошанд, дар ин самт низ иқдоми нек роҳандозӣ намудааст. Сардхонае, ки алъон бо ташаббуси ин соҳибкор сохтмонаш идома дорад, барои нигоҳдории 1000 тонна мева пешбинӣ шудааст.
- Он дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат барои дастгирии соҳибкорон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ доданд, моро рӯҳбаланд намуданд, аз ин рӯ, дар талоши онем, ки сазовори ин таваҷҷуҳ бошем. Албатта, ҳар кори неке, ки роҳандозӣ мешавад, баҳри беҳбудии халқ мебошад. Пас ба ҳар коре, ки даст мезанем, бояд онро аз дилу ҷон иҷро кунем. Чун барои худу барои халқи азизамон мекунем, - гуфт Нурмаҳмад Муродов.
Ин марди ташаббускор ният дорад барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам барои ба ҷойи кор таъмин намудани занони қобили меҳнат дар якчанд деҳа сехҳои дӯзандагӣ бунёд намояд.  Кумаки  ҳамасола аз ҳосили мева ва коркарди он ба хонаи ятимон мерасад, ки шоёни ибрату таҳсин аст.
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 417

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед