logo

иқтисод

ДАҲКАТСОЙ – ДАҲАНАСОЙ. МАРДУМ ИНТИЗОРИҲОИ ЗИЁД ДОРАД

Ба ифтихори оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» аз рафти сохтмони хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой нақл мекунем, ки барои ноҳияи мо аҳамияти бузург дорад. Ҳоло сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, қисман Ҷамоати деҳоти Муҷун ва шаҳраки Ғончӣ аз танқисии об азият мекашанд ва баъди мавриди истифода қарор гирифтани хати оби мазкур ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинон рушд хоҳад кард.
Бахти баланди сокинон аст, ки Сарвари давлат 16 ноябри соли 2015 ба диёри зебоманзари мо ташриф оварда, шахсан ба сохтмони хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой оғози нек бахшиданд. Мардуми ноҳия аз ин иқдом шукргузорӣ намуда, умед аз он доранд, ки дар муддати кӯтоҳ заминҳои ташналаби онҳо аз об баҳравар гашта, соҳаи кишоварзӣ рӯ ба инкишоф меорад. Зеро, манбаи обтаъминкунии заминҳои кишоварзии ноҳия обанбори Даҳанасой аст, ки солҳои 70 - уми асри ХХ бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст. Агар ҳоло 8 - 10 миллион метри мукааб об захира карда шавад, баъди барқарор гардидан ва омадани оби Даҳкатсой ба зиёда аз 22 миллион метри мукааб мерасад.
Азбаски ноҳияи Деваштич ноҳияи аграрӣ ба ҳисоб меравад, соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Заминҳои корам дар миқёси ноҳия 36 448 га буда, аз он 32,3 дарсадашро замини обӣ ташкил медиҳад. Заминҳои обӣ асосан  барои кишти картошкаву сабзавот, маҳсулоти полизиву меваҳо истифода шуда, барои обёрии заминҳои корам иқтидори Даҳанасой кофӣ нест. Дар шафати хати обгузари Даҳкатсой - Даҳанасой заминҳои лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳангоми амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дигаргуниҳои иқтисодӣ ба назар хоҳад расид.
Дар қисмати болооби хати оби мазкур деҳаҳои Даҳкат, Хишекат Офтобрӯя, Росровут ҷойгир шудаанд, ки то имрӯз дигар имконияти васеъ кардани маҳали аҳолинишинро надоранд. Дар сурати амалишавии лоиҳа имконияти дар деҳаҳои номбурда  бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин ба нақша гирифта мешаванд. Ҳамчунин, қариб 50 000 аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хароҷоти барои ин сохтмон равонагардида дар муддати кӯтоҳ ҷуброн хоҳад шуд. Айни ҳол, масъулини сохтмонро дар ҷараёни кор вохӯрда, шоҳид гаштем, ки тавассути тракторҳо қубурҳо хобонда шуда истодаанд. Мардум аз бунёди лоиҳа интизориҳои зиёд доранд.
Агар боре ба сари ин кори бузург қадам ранҷа намоед, эҳсос мекунед, ки халқ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами хеш чӣ сохтмони азимеро дар миқёси ноҳия оғоз кардааст. Роҳбарияти вилояти Суғд барои сохтмони ин иншоот беш аз 64 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Ба ҷуз ин, беш аз 164 ҳазор аҳолии ноҳия ҳиммат намуда, сохтмони онро суръат бахшиданд.
Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 204

26.05.2018


Қоҳир Расулзода бо Алекен Еминбахэ мулоқот намуд

Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД

Вохӯрии котибони шӯроҳои амният

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед