logo

иқтисод

НАНОТЕХНОЛОГИЯ. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!

Коршиносон нанотехнологияро роҳи пешрафти имрӯзу ояндаи ҷаҳон унвон кардаанд ва кишварҳои пешрафта барои рушди ин илм миллиардҳо долларро дареғ намедоранд. Дастовардҳои нанотехнология ҳоло дар илму истеҳсолоти соҳаи саноат, сохтмону тиб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ истифода мешаванд. Алимаҳмад Холов, иҷрокунандаи вазифаи сарвари Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми кимиё, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ин бора чунин иброз дошт:
- Дар Тоҷикистон барои омода намудани маводи нанотехнологӣ ҷиҳати  рушди иқтисодиёт бештар аз 100 элемент - захираи чашмрас мавҷуд аст. Мо ҳам бояд аз ин захираи бузург истифода бурда, ба таҳқиқгарони илми ҷаҳонӣ бипайвандем.
Ҳоло дар ҷаҳон қариб соҳае нест, ки аз дастовардҳои нанотехнология истифода нашавад. Хусусан соҳаи электроника бе нанотехнология пеш намеравад. Компютерҳо пештар дар асоси гузариши электронҳо фаъолият мекарданд. Ҳоло маълумот дар он ба воситаи рӯшноӣ пайдо мешавад. Айни замон компютерҳои квантӣ ҳам сохта истодаанд. Пештар маълумот дар магнитофонҳо сабт мешуду вақти зиёдро мегирифт. Ҳаҷми диску кассетаҳо ҳам калон буд. Ҳозир як асбоби хурд миқдори зиёди маълумотро дар худ ҷой мекунонад, ки кас дар ҳайрат мемонад. Як китобхонаи бузургро дар як чизи хурд ҷойгир намудан дастоварди нанотехнология мебошад.
Мо дар шуъбаи наномавод ва нанотехнологияи пажӯҳишгоҳ бо роҳи таҷрибавию назариявӣ сохтори маводи нано, хусусиятҳои хоси онҳоро меомӯзем ва маълумоти илмӣ ҳосил намуда, дар истеҳсолоти ҷумҳурӣ истифода бурдан мехоҳем. Мо маводи кристаллӣ дорем. Он дар асоси панҷараҳои кристаллие, ки сохтори муайян доранд, ҳосил мешавад. Акнун аз ҳисоби маводе, ки ба он ҳамроҳ мекунем, метавонем ҳарорат ва хусусиятҳои хоси оптикию механикии ашёро тағйир бидиҳем. Барои ҳосил намудани ин аз технологияи нанозарраҳо истифода мешавад. Ба наздикӣ бо роҳбарии академик Ҳикмат Муминов, ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҳосил намудани нанозарраҳои карбити силитсийро таҳқиқ карда, муайян намудем, ки ба воситаи зарраҳои аз карбити силитсий ҳосилшуда самаранокии панелҳои офтобиро дучанд кардан имконпазир аст. Як асбоби бо ин усул сохташуда дар дилхоҳ корхона дар тӯли як сол то 100 ҳазор доллар фоида оварда метавонад. Ҳоло ин ихтироъ ҳангоми сохтани панелҳои офтобӣ истифода бурда мешавад.
Мо аз дастовардҳои нанотехнология ба ваҷд меоему мехоҳем аз он дар ҳама соҳаҳо истифода барем. Вале бояд инро ҳам гӯем, ки нанотехнология барои инсон чандон безарар нест. Бояд пеши роҳи ба кишвар ворид шудани баъзе маҳсулоти бо усули нанотехнология истеҳсолшудаи ба саломатии инсон зарароварро  бигирем.
Дар ҷисми инсон зарраи аз ҳама хурдтарин ҳуҷайра аст. Нанозарраҳо бошанд, аз ҳуҷайраҳо ҳам хурдтаранд ва дар дохили ҳуҷайраҳо ҷой гирифта, саломатии инсонҳоро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, маҳсулоти бо истифода аз нанотехнология истеҳсолгардида, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, бояд ҳатман аз санҷиши бехатарӣ гузарад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 284

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед