logo

сиёсат

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. НАҚШИ ОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ

Ҳар як Паёми Сарвари давлатро метавон консепсияи ташаккули Тоҷикистон маънидод намуд. Зеро дар ҳар Паём ҷараёни ташаккули соҳаҳо, бахусус соҳаи хизмати давлатӣ, таҳлил гардида, вазифаҳо ва роҳҳои густариши соҳаҳо, минҷумла бавуҷудоии асосҳои нави конститутсионии хизмати давлатӣ ба сифати механизми идоракунии давлатӣ, ташкили институти сифатан нави хизмати давлатӣ ва дар асоси он ҷобаҷогузории кадрӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ марҳила ба марҳила замина гузошта шудааст.
Ба тасвиб расидани фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбинӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи хизмати давлатӣ аз як тараф бозгӯи таъсири бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ташаккули хизмати давлатӣ ва амалишавии самараноки истеҳсолоти соҳа ба шумор равад, аз ҷониби дигар таҷассуми ҳокимияти халқӣ ва ифодаи татбиқи орзую омоли чандинҳазорсолаи халқ дар марҳилаи сифатан ва таърихан нави давлатдорист. Зеро бо муайян кардани се самти стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ на танҳо хатари танқисии маводи ғизоӣ ва вобастагии энергетикӣ аз байн бурда шуд, балки ҳадафҳои стратегӣ ба зинаҳои дигари ташаккул расиданд.
Дар моддаи 27 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидани ин меъёр, ки «Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд» ва дар заминаи он ба хизмати давлатӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ мухталиф бори дигар шаҳодати халқӣ будани институти идоракунӣ дар Тоҷикистони маҳбуби мост.
Дар хизмати давлатӣ баробари ташаккули соҳа омилҳои муҳим ва рушдкунандаи он озмун, аттестатсия, феҳристи хизматчиёни давлатӣ, захираи кадрӣ, маъхази маълумот, дастурамалҳои мансабӣ, забондонӣ (пеш аз ҳама, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ), Кодекси одоби  хизматчии давлатӣ, ташаккули раванди бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва азнавтайёркунӣ ба вуҷуд омаданд.
Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо ба вуҷуд омадани мансабҳои нави хизмати давлатӣ дар баробари таъсиси мақомоти нави давлатӣ, аз зумраи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва ташаккули онро ифода намуда, нақши Пешвои миллатро дар рушди соҳаи хизмати давлатӣ боз ҳам тобноктар гардондаанд.
Воқеан, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ташаккул ва таҳкими хизмати давлатӣ ниҳоят бузург буда, на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки барои амнияту осудагии ҷомеа, осмони софи Ватан, пос доштани арзишҳои олии миллати маҳбубамон омода ва саҳмгузор бошанд.
М. КАРИМОВА,
мудири бахши Агентии хизмати
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2018    №: 16    Мутолиа карданд: 965
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед