logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСҲО ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки 19 январ дар қароргоҳи доимии СММ баргузор гардид, мавзӯи «Эҷоди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон – омили тақвияти амният ва рушд» дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Дар ҳамоиш Дабири кулли СММ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои СММ, ширкат ва суханронӣ карданд.
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои доғи минтақа, бадшавии вазъи сиёсии Афғонистон, афзоиши амалҳои террористию тундгароии динӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ҷалб намуда, таъкид бар он дошт, ки барқарорсозию рушди иқтисодиёти Афғонистон ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ унсурҳои муҳимтарини таҳкими сулҳ дар ин кишвари ҷангзада ва амну субот дар минтақа мебошанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, Сироҷиддин Аслов аз номи Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро бар он даъват кард, ки дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа, аз ҷумла барномаи фарохдомани CASA - 1000, ки барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон пойгоҳи қавие буда метавонад, фаъолона ширкат варзанд ва ёрии худро ба ин кишвар дареғ надоранд.
Антониу Гутерреш, Дабири кулли СММ, зимни  суханронӣ таъкид намуд, ки талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати идораи босамари захираҳои обӣ барои рушди иқтисодии минтақа аҳамияти муҳим доранд. «Созмони Милали Муттаҳид омода аст ташаббусҳои созандаи бахши идораи захираҳои обӣ ва барномаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро дастгирӣ намояд», - изҳор дошт Антониу Гутерреш. Ба гуфтаи Дабири кулли СММ, тайи 10 соли охир об шудани қариб 30 дарсади пиряхҳо дар Тоҷикистон ва фоҷиаи баҳри Арал ҳушдори сахтест барои нооқилона истифода бурдани захираҳои обӣ.
Сабақи фоҷиаҳои экологӣ бояд талошҳоро барои тақвияти ҳамкориҳои густурдаи минтақавӣ ва роҳандозии амалҳои муштарак такони ҷиддӣ бахшад. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, Дабири кулли СММ аз амалҳои мусбати густариши ҳамкориҳои энергетикӣ, ки барои рушди иқтисодӣ ва амнияти минтақа аҳамияти калидӣ доранд, истиқбол намуд.
«СММ тайёр аст амалҳои шоистаи барои рушд созгорро, ки сармояи азимро ҷалб ва шукуфоии минтақаро таъмин мекунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ намояд», - изҳор дошт ӯ.
Тоҷикистон сиёсати судовари «дарҳои кушода» - ро меҳвари асосии муносибатҳои хориҷӣ қарор дода, онро барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон, минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста пеш мебарад. Хушбахтона, кишвари мо дар саргаҳи оби тозаи минтақа қарор дошта, 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Дар ҳамин ҳол, аз захираҳои бузурги энергетикии кишвар, ки метавонанд барои тамоми минтақа, Афғонистон ва мамолики ҷануби Осиё нафъовар бошанд, фақат 5 дарсади онҳо истифода мешаванд.
Истифодаи босамар ва оқилонаи захираҳои обӣ ва густариши ҳамкориҳои энергетикӣ метавонанд барои рушду шукуфоии минтақа, барқарорсозии иқтисод ва таҳкими раванди оромию оштӣ дар Афғонистон мусоидат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандона ва пешниҳодҳои башардӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи гузашта пешоҳанги ҳалли масоили глобалии соҳаи об дар ҷаҳон эътироф шудааст.
С. АЗИЗ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2018    №: 19    Мутолиа карданд: 314

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед