logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПАЙРАВИ "САЛАФИЯ". Боздошт дар Кобул, ҳукм дар Душанбе
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Ҷ.Ҳасановро барои пайравӣ ба равияи экстремистии «Салафия» гунаҳкор дониста, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ, бо моддаи  3073 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бар асоси ҳукми додгоҳ Ҷ. Ҳасанов муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, Ҷ. Ҳасанов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарордоштанаш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия тавассути шабакаи интернетии «Зелло»  бо «Абдулло» ном тарафдори ин равия шинос ва зери таъсири тарғиби ӯ ба ақидаҳои  «Салафия» мегаравад.
Номбурда бо мақсади шомил шудан ба равияи «Салафия» 21 майи соли 2017 тавассути хатсайри Маскав - Теҳрон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, сипас ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон меравад. Вале дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои муштарак дар шаҳри Кобул дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод мешавад.

ДУЗДӢ. Марде барои ғорати хонаи собиқ ҳамсараш боздошт шуд
Як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки аз ӯ марди 59 - сола ном бурда мешавад, ба гумони дуздӣ ва ё ғорати хонаи собиқ ҳамсараш дастгир шуд. Боздошти ӯ аз ҷониби кормандони милитсия дар пайи муроҷиати зани 39 - сола ва ҳамсари собиқи гумонбар ба ШВКД дар шаҳри Бӯстон сурат гирифтааст.
Ба навиштаи сомонаи ВКД, ин зан моҳи январи соли ҷорӣ ба мақомоти милитсия арз кардааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, ашёи рӯзгор, ҷамъ ба маблағи 20000 сомониро дуздидаанд.
Гумонбар ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дастгир ва нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 554
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед