logo

фарҳанг

АЗ ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ БА ҶОМЕАИ РАҚАМӢ Ё ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!

Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олиро ҳар дафъа муфассал меомӯзам. Албатта, ҳамчун иқтисодшинос, пеш аз ҳама, ба он диққат медиҳам, ки ин дафъа кадом масъалаҳои муҳимтарини соҳа бештар таваҷҷуҳи Сарвари давлатро ба худ ҷалб намудаанд.
Аз ин паёмҳо ман барои худ ду ҷиҳати умдатаринро кашф кардаам: таҳлили бағоят амиқу объективонаи вазъият ва дар ин асос масъалагузорию пешгӯиҳои некбинона. Яъне, қадами минбаъдаи иқтисоди миллӣ ба кадом самт ва чӣ гуна гузошта шуда, чӣ боздеҳе дошта бошад. Ин ҳаётан муҳим аст, зеро иқтисоди рушдкарда локомотиви кулли соҳаҳои дигар маҳсуб меёбад.
Агар паёмҳои даҳ соли охирро муқоиса кунем, ҷиҳати умда он аст, ки миқёси вазифагузориҳо бамаротиб афзудааст, доманадор шудааст. Ин, пеш аз ҳама, далели зиёдшавии имкониятҳои иқтисодию молиявӣ ва зеҳнии мамлакат мебошад, ки метавонем пеши худ ҳадафҳои бузургтар гузошта бошем, ҳамгироиямон бо иқтисодӣ ҷаҳонӣ бештар гардад, ҳамкориҳои судмандамон бо кишварҳои дунё тақвият ёбанд. Мақсад аз ин ҳама дар ниҳоят эътибори байналмилалии Тоҷикистон чун кишвари пешрав ва таъмини рӯзгори шоистаи мардуми шарифи диёр аст. Албатта, дар сурати таваҷҷуҳи вижа, пеш аз ҳама, ба ҳалли масоили иқтисодӣ.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Хотирнишон  месозам,  ки  такмили  низоми   идоракунии  давлатӣ   ва пешниҳоди  хизматрасониҳои босифат самти  муҳими  ислоҳоти  иқтисодӣ   ба  ҳисоб  меравад”.  Аз ин ҳама ҳидояту вазифагузориҳо ояндаи наздику дури иқтисоди миллиро тасаввур метавон кард, ки муҳимтарин дастовардҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ба таври густурда истифода карда бошад. Яъне, иқтисоди миллии мо низ рӯ ба иқтисоди рақамӣ мениҳад. Зимнан, 20 соли охир он воқеан тренди ҷаҳонӣ гашта, дар ин муддати кӯтоҳ Сингапур, Британияи Кабир, Зеландияи Нав, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эстония, Ҳонконг, Ҷопон ва Исроил тавонистанд бо иқтисоди рақамии рушдкарда “элитаи рақамӣ” - и дунё шаванд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистони мо низ аз “иқтисоди рақамӣ” дар ғафлат намондаанд. Мо чанд сол инҷониб аз нахустин самараҳои он истифода мебарем. Ин, бешубҳа, даставвал интернет аст, ки ҳам дар кор, ҳам дар таҳсилу рӯзгор ҳамсафару мушкилкушоямон гаштааст. Тавассути он мо низ чун дар дигар давлатҳои пешрафта бо харидуфурӯш машғул мешавем, бо кортҳои электронӣ сару кор дорем, маош мегирем, пардохтҳои гуногун анҷом медиҳем. Дар корхонаҳои пешқадам аз технологияҳои интернети индустриалӣ истифода мебаранд. Сохторҳои давлатӣ барои шаҳрвандон тавассути “Равзанаи ягона” номгӯи зиёди хизматрасониҳои электрониро манзур мекунанд. Фаъолияти “ҳукумати электронӣ” торафт густурдатар мешавад. Дар мактабҳои олӣ тавассути технологияҳои интернетӣ раванди таълим комилан тағйир ёфтааст.
Дар баробари ин, дар кори такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, ки Пешвои миллат вазифагузорӣ карданд, муассиртарин омили калидӣ роҳандозии фаъоли иқтисоди рақамӣ шуда метавонад. Ин ба сари худ як таҳаввулоти ҷиддии муносибат дар ташкили кори соҳаҳои мухталифи иқтисод, алоқаю ҳамкориҳои истеҳсолӣ, иттилоотӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ, сарфи назар аз шакли моликият мебошад. Бинобар ҳамин, дар ин кор на саҳлангорӣ равост, на шитобзадагӣ. Пеш аз ҳама, бояд муайян сохт, ки дар кадом марҳила қарор дорем ва дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳалли кадом масъалаҳо дар навбати якум аҳамият дод. Бешубҳа, барои тезондани афзоиши рақамӣ аз муҳимтарин шартҳо дастрасии саросарӣ ба интернети босуръат, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад. Барор гирифтани нақшаҳо дар роҳандозии иқтисоди рақамӣ ба мавҷудияти IT- мутахассисони баландпоя вобаста мебошад. Яъне, дигар ҷиҳати муҳим омодасозии кадрҳои замонавӣ барои ҳама зинаҳост.
Пӯшида нест, ки дар аксар корхонаҳо техникаю технологияҳои аз нимаи дуюм ва солҳои охири садаи гузашта мондаанд. Яъне, барои онҳо масъалаи рақами як таҷдиди воситаҳои истеҳсолот бо таҷҳизоту технологияҳои муосир мебошад, ки маблағгузории калонро тақозо дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бобат онҳоро дастгирӣ карда, барои воридсозии техникаю технологияҳои навтарин имтиёзҳои андозу гумрукӣ муқаррар намудааст. Аз ин рӯ, онҳо зимни харидории воситаҳои истеҳсолот бояд хусусиятҳои иқтисоди рақамиро дар назар дошта бошанд. Иқтисоди рақамӣ роҳи имрӯзу фардои иқтисоди дунёст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин ҷода қадамҳои нахустин мегузорад. Ҳидоятҳои дар Паём баёнёфтаи Сарвари давлат ин қадамҳоро устувортар ва тадриҷан аз ҷомеаи иттилоотӣ ба ҷомеаи рақамӣ гузаштани кишварамонро амри ногузир мегардонанд. 
Аъзам ХОЛМАТОВ,
корманди пешбари илмии Институти  иқтисодиёт 
ва  демографияи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми иқтисод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 177

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед