logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАНФИАТИ АҲЛИ БАШАР АСТ

Соли ҷорӣ дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» расман оғоз мегардад, ки барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши бағоят амиқ дорад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла дар бораи эълон доштани «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал - «Об барои ҳаёт» (2005 - 2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор эътироф шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо ба манфиат ё зарари ҷумҳурии мост, балки бетафовутӣ нисбат ба ин раванд барои ояндаи тамоми кишварҳо даҳшатбор хоҳад буд. Зеро, тибқи ҳисоби мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, он гоҳ сатҳи об дар рӯи Замин 64 метр баланд мешавад ва ин фано гаштани ҳаёт дар як қисмати азими саёраи мост.
Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки проблемаи истифодаи об дар ҷаҳон яке аз омилҳои муҳими таъсиркунанда ба иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, инчунин, таъмини амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса баровард, ки масъалаи об имрӯз ба сифати «муҳаррики иқтисод» баромад намуда, ҳалли мушкилоти он метавонад, барои рушди соҳаи иқтисод, ки асоси пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷомеаро ташкил медиҳад, мусоидат кунад.
Аз ин ҷост, ки ташаббуси Пешвои муаззами миллат, танҳо бо таъмини амнияти экологӣ маҳдуд набуда, ҳадафҳои фарогири дигар низ дорад. Аз ҷумла, яке аз ин ҳадафҳо марбут ба омилҳои иқтисодӣ мебошад. Яъне, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан аст, ки моҳияти аслии инро воқеоти неругоҳи Фукусимои Япония барои тамоми ҷаҳон собит намуд. Дар Тоҷикистон захираҳои об асоси захираҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб мераванд, ки инро натиҷагириву хулосаҳои комиссияҳои вижаи байналмилалӣ собит намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз иқтидори  гидроэнергетикии кишвар, ки дар ҳаҷми 527 миллиард кВт - соат баҳогузорӣ шудааст, имрӯз ҳамагӣ 3 - 4 дарсади он истифода мешавад. Яъне захираҳо барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон кифояанд ва феълан зиёда аз 98 дарсади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба гидроэнергетика рост меояд.
Ҳадафи дигари эълон ва қабули даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор» истифодаи оқилонаи обҳои минтақавӣ мебошанд. Ин масъала чандин даҳсола боз дар Осиёи Марказӣ хеле печида боқӣ мемонад.  Захираҳои оби минтақа асосан дар қаламрави ду кишвари болооб - Тоҷикистон (қариб 60%) ва Қирғизистон (зиёда аз 25%) ташаккул ёфта, истифодаи онҳо бошад,  (зиёда аз 80%) ба кишварҳои поёноб рост меояд. Кишварҳое, ки дар саргаҳи об мебошанд, ҳаққи соҳибияти хеле ками ин обҳоро доранд.
Мувофиқи маълумотҳо дар давоми 50 соли охир дар ҷаҳон 507 моҷарои марбут ба об рух дода, 21 мавриди он ба амалиётҳои ҷангӣ табдил ёфтааст. Маҳз  нарасидани об ва тақсими нодурусти он аст, ки дар кишварҳои алоҳидаи Африқову Амрикои Ҷанубӣ  мардум  азият мекашанду ба бемориҳои марговар дучоранд. Кишварҳое дар Шарқи Наздик ҳастанд, ки дар тақсими дарёҳо дар ҳоли бархӯрдҳои низомӣ қарор гирифтаанд.
Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 дарсади оби баданро аз даст диҳад, ташна мемонад, 10 фоиз ба беморӣ мебарад, 15 - 20 фоизро аз даст диҳад, ба марг дучор мешавад. Нафаре, ки обро бештар менӯшад, ба сактаи қалб камтар дучор мегардад. Бе хӯрок инсон то чанд муддат зинда монда метавонад. Аммо беоб аз се то ҳафт рӯз зиёд зинда намемонад. Баъди оксиген дувумин омили бақо барои инсон об аст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки об на танҳо ҳаёт мебахшад, балки ҳаётро аз мо  мегирад. 85 дарсади бемориҳо ба воситаи об мегузаранд. Бо ин иллат ҳар сол 25 миллион нафар сокини сайёра мефавтад. Аз ифлосии дарёи Ганг ҳар сол 3 миллион одам нобуд мешавад. Мардуми поёноби дарёи Нил ифлостарин обро истифода мебаранд, ки мӯҷиби эпидемияҳои давомдору марговари минтақаи Африқо мебошад. Амазонкаи бузург ҳамасола садҳо ҳазор заминҳои кораму манзилҳоро хароб сохта, садҳо нафарро ба коми худ мекашад. Бо сабаби тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ҳар сол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асари селобу жолаву боронҳои пуршиддат ҳазорҳо манзил хароб ва даҳҳо нафар қурбони офат мешаванд.
Мавҷудияти ин ҳама омилҳо бо гузашти вақти муайян оби тозаи ошомиданиро чун мол ба бозор мебарорад. Коршиносону муҳаққиқон ба он назаранд, ки дар даҳсолаҳои наздиктарин оби ошомиданӣ чун нафти имрӯза ба як тиҷорати бузург табдил меёбад. Инсоният қодир аст, ки нафтро иваз намуда, ба ҷои он манбъаҳои навро барои худ пайдо созад. Аммо боз ҳам об чун ганҷи ивазнашаванда боқӣ хоҳад монд. Имрӯз тиҷорати оби ошомиданӣ аллакай ба як раванди муқаррарӣ табдил ёфта истодааст. Намунаи ин тиҷорат ҳамакнун маълум буда, онро бисёр кишварҳо алҳол дарк намудаанд. Ба таври мисол оби ширину тозаи кӯли Сарез дар Тоҷикистон барои харидориву коркард мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои алоҳидаи арабӣ қарор дорад.
Бо назардошти ин ҳама метавон гуфт, ки ҷомеаи ояндаи инсоният бештар ба проблемаҳои экологии вобаста ба об андармон мешавад. Печидагӣ ва унсурҳои алоҳидаи онро дарк намуда, Тоҷикистон чун ташаббускори даҳсолаи нав  ҷомеаи ҷаҳониро барои қазовату масъулият дар ин самт даъват менамояд.
Номвар ҚУРБОНОВ,
устоди ДМТ, узви ИЖТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2018    №: 20    Мутолиа карданд: 543

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед