logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ХУШТОЛЕЪ Ё ВАҚТ, КИ БУД НАШУДА БОШАД
Баъзан ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки бовар нокарданист. 24 августи соли 1981 ҳавопаймои Ан - 24, ки аз Комсомолски Амур ба Благовешенск парвоз дошт, дар баландии 5220 метр ба ҳавопаймо ҳарбӣ бармехӯрад ва  пора - пора шуда, ба замин меафтад. Аз 38 нафари дар дохили он буда, танҳо як нафар - Лариса Савитскаяи 20-сола зинда мемонад. Қисмати охири самолёт, ки Лариса  ҳамроҳи шавҳараш менишаст, ба болои дарахтони анбӯҳи ҷангал меафтад. Шавҳараш ҳалок мешавад. Ларисаро бошад, баъди ду рӯз дар ҳолати вазнин пайдо мекунанд, тамоми дандонҳо, дасту қабурға ва сутунмуҳрааш аз 5 ҷой шикаста буд. Баъдтар Лариса Савитскаяро ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил намуданд. Аҷиб ин ки, Ларисаро на барои аз баландӣ афтида зинда монданаш, балки барои 75 рубл ҷубронпулӣ гирифтанаш ба ин китоб ворид мекунанд.
Зимнан, нафари дигар стюардесса Весна Вуловичи 22-сола мебошад, ки 26 январи соли 1972 аз баландии 9900 метр афтида, зинда мондааст.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


НАҚБҲОИ ТОҶИКИСТОН
НАҚБИ ИСТИҚЛОЛ
Нақби «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, он ҷузъи таркибии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд мебошад. Дарозиаш беш аз 5 километрро ташкил медиҳад. Нақби мазкур 26 июли соли 2006 ифтитоҳ ёфт.               
Лоиҳаи нақбро Пажӯҳишгоҳи «Гидроспетспроект» - и шаҳри Москва ва «Тоҷикгипротрансстрой» солҳои 80 – уми асри гузашта таҳия намуда буданд. Кандани нақб соли 1988 оғоз ва соли 1993 бо сабабҳои маълум мавқуф гузошта шуда буд.
Харҷномаи молиявии сохтмони дубораи он 120 миллион сомониро ташкил медод.
Таҳияи Малоҳат ХОЛМУРОДОВА


ТУННЕЛИ ИШҚ
Агар шумо ошиқ бошед, бояд боре аз “туннели ишқ”, ки дар як гӯшаи дурдасти ҷангали Клевани Украина ҷойгир аст, бигзаред. Мегӯянд, ки агар ин корро анҷом додед, ҳатман ба ҳама орзуҳоятон мерасед.
Аммо ин танҳо як ривоят аст. Аслан он як туннели одии  секилометраи роҳи оҳан аст, ки солҳои пеш барои кашондани маҳсулоти коргоҳи коркарди чӯбу тахтаи Оржевск хидмат мекард. Баъдан,  бинобар солҳои тӯлонӣ истифода нашуданаш, тавассути дасти зебои табиат бо дарахтони сарсабз пӯшида шуда, шакли туннелро гирифт. Ҳоло ин мавзеи дилпазир барои ошиқон ҷойи орзу хостану хилват гузидан ва барои суратгирон макони аксбардориҳои камназир гардидааст.
Таҳияи Зокир ҲАСАН


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
Ҳафт нафар фурӯшандаи лимӯ
Ҳафт нафар фурӯшандаи лимӯ мувофиқан 20, 40, 60, 80, 100, 120 ва 140 - донагӣ лимӯ доштанд. Ҳамаи онҳо лимӯҳояшонро ба бозор бурда, бо нархи якхела фурӯхта, фоидаи якхела гирифтанд.
Фурӯшандаҳо лимӯҳояшонро бо кадом нарх фурӯхтанд ва чанд сомонӣ фоида ба даст оварданд?
Ҷавоби муамморо  расм гирифта,
ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


СТАЛИН ВА МЕЪЁР
Вақте вазири саноати ангишт ба нафақа баромад, аксарият номзадии директори яке аз шахтаҳо Засядкоро, ки воқеан марди заҳматӣ буд, ба ин вазифа пешбарӣ намуданд. Вале як нафар эътироз кард, ки ба директор чунин вазифаи баландро ҳеҷ бовар кардан мумкин нест, зеро ӯ аз меъёр зиёд менӯшад.
Сталин, ки аз баҳси аъзои бюро огаҳӣ дошт, супориш медиҳад, ки Засядкоро наздаш даъват намоянд. Баъд аз суҳбати тӯлонӣ ғайриинтизори меҳмон Сталин ба ду қадаҳ май рехта, якеро ба ӯ дароз мекунад. Засядко «барои саломатии Шумо» гуфта, онро бо як нафас холӣ мекунад. Қадаҳи дуюм ҳам аз гулуи меҳмон ба осонӣ мегузарад. Сталин, ки ин ҳамаро бо диққат назорат мекард, баъди таваққуфи кӯтоҳ ба ӯ қадаҳи сеюмро мерезад. Вале меҳмон бо нишони эҳтирому сипос қадаҳи пурмайро болои миз гузошта, чунин мегӯяд: «Засядко меъёрро медонад, рафиқ Сталин».
Дар ҷаласаи Бюрои сиёсӣ ҳамин, ки номзадии  Засядко пешбарӣ шуд, ҳамон нафар боз аз зиёд нӯшидани ӯ изҳори норозигӣ кард. Дигарон ҳама маънидорона ба президиум менигаристанд. Дар ниҳоят Сталин ҳамагӣ як ҷумла гуфт : «Засядко меъёрро медонад…». Ва собиқ директор солҳои зиёд саноати ангиштро роҳбарӣ кард.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
41. Кӯшиш намоед, ки дар дили атрофиёнатон шавқу ҳавасро бедор созед.
42.Чунин рафтор намоед, ки гӯё хушбахтед ва шумо дар ҳақиқат ҳам  хушбахт хоҳед шуд.
43. Атрофиёнатонро ҳамеша рӯҳбаланд ва дастгирӣ намоед. Нишон диҳед, ки ислоҳи хато басо осон аст.
44. Ба дигарон имкон диҳед, то дарди дилашонро изҳор намоянд.
45. Бо ҳамнишинатон дар бораи мавзӯъҳое суҳбат ороед, ки ба ӯ шавқовар бошад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


7 ШАХСИЯТИ ШИНОХТАЕ, КИ ДАР ФИЛМ НАҚШИ ХУДРО БОЗИДААНД
2. Брюс Уиллис
Ҳунарманд ва продюсери машҳури Ҳолливуд Брюс Уиллис дар зиёда аз 90 филм нақш офаридааст. Филмҳое, ки Брюс Уиллисро номдор кардаанд, «Ҷонсахт» «Ҳисси шашум», «12 бузина», «Элементи панҷум» ва «Расто хез» мебошанд. Ӯ соли 1987 барои иҷрои беҳтарин нақши мардона дар филми «Агентии детективии «Нури моҳ» соҳиби ҷоизаи «Кураи тиллоӣ» гаштааст.
Брюс Уиллис яке аз сердаромадтарин ҳунармандони Ҳолливуд ба ҳисоб меравад. Масалан, дастмузди ӯ дар филми «Ҳисси шашум» (соли 1999), бо ҳисоби фоизи даромад аз намоиши филм, 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар баробари ин, ӯ дар филмҳои «Френки ба Ҳолливуд меравад», «12 дӯсти Оушен», «Ненси Дрю», «Боре дар Ҳолливуд» нақши худро бозӣ кар-дааст. Нақшҳояш дар ин филмҳо эпизодианд. Аммо ба ғайр аз филми «12 дӯсти Оушен» маҳбубият пайдо накарданд.
Таҳияи Комрон САФАР


НИКОҲ ДАР ЗЕРИ ОБ.  ин тавр ҳам мешудааст
Маросими никоҳ дар зери об вақтҳои охир хеле оммавӣ шуда истодааст. Аммо фақат яке аз онҳо дар саҳифаҳои китоби «Рекордҳои Гиннес» ҷои муносибро соҳиб шуд.
Тӯйи Франсчеки Коломби ва Ҷампиеро Ҷаннокаро 12 июни соли 2010 дар пляжи Моркони ҷазираи Элба (Италия) баргузор гардид. Дар раванди расмикунонии никоҳи зериобӣ 261 нафар дайвер иштирок намуданд.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ


100 ТЕЛЕФОН ДАР ЯК «ЗАРЯДНИК»
Барои доимо фаъол  будани телефон мебояд чанд маротиба дар як рӯз  онро ба барқ пайваст намоем, то қувва гирад. Технологҳо барои каме ҳам осон намудани кори мо аккумуляторҳои қувватдиҳандаи насли нав Wi – Charge-ро ихтироъ кардаанд, ки метавонад вазъиятро тағийр диҳад. Он имкон медиҳад, ки тамоми телефонҳои мобилии дар як хона ва ё як ҳуҷра буда, ба он пайваст шаванду қувват гиранд. Ва ин ҳам бе пайвастшавӣ ба хатҳои интиқоли барқ.
Бояд қайд намуд, ки ин асбоби қувватдиҳандаи бесимро дар шифти хона насб намуда, тамоми телефону планшетҳои дохили хонаро ба он пайвастан мумкин аст. Гурӯҳи ихтироъкорон Wi - Charge - ро барои ҳамаи намуди аккумуляторҳои телефонҳо мувофиқ намудаанд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


КРИСТИНА – ЗЕБОТАРИН ДУХТАРИ САЙЁРА
Оё медонед, ки зеботарин духтари дунё русдухтари 11 - сола Кристина аст ва ҳоло дар иёлати Лос - Анҷелоси ИМА зиндагӣ дорад.
Кристина Пменова, зодаи шаҳри Москва буда, аллакай чеҳраи маъруфтарини саҳифаҳои интернетӣ ва ширкатҳои мӯд гаштааст. Имрӯзҳо бо ширкати «LA Models» - и Лос - Анҷелос ҳамкорӣ дорад.
Ба гуфтаи директори ширкати мазкур Хейнтс Холба, Кристина бидуни ороишу пероиши  мӯю рӯй ва атру рангҳои гуногуни гароннарх зебост ва ҳайрати ҷаҳониён ҳам бештар аз ҳамин сабаб аст.
Зикр бояд кард, ки Кристина фаъолияташро дар саҳнаи мӯд ҳанӯз дар сесолагӣ оғоз кардааст ва дар яке аз намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи коршиносону тарроҳон қарор гирифтааст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ПАЛАСИО-ДЕ - САЛ МЕҲМОНХОНАЕ АЗ НАМАК
Дар биёбони Салар де Уюнии Боливия меҳмонхонаи «Паласио-де - Сал» мавҷуд аст, ки пурра аз намак сохта шудааст. Дар сохтмони он 10 ҳазор тоннаи ин маҳсулот истифода гардид.
Аввалин меҳмонхона аз намак соли 1998 бо ташаббуси сокини маҳаллӣ Хуан Кесала Валда сохта шуда буд. Ҳарчанд соли 2002 бо сабаби риоя нашудани талаботи санитарӣ дари онро бастанд, вале меҳмонхонаи ғайриодӣ, ки аз 12 ҳуҷраи дукаса ва ҳаммоми умумӣ иборат буд, то ин замон шуҳрат дошт.
Соли 2004 дар канори шарқии Салар де Уюни меҳмонсаройи наве бо номи «Паласио - де - Сал» қомат афрохт, ки маънояш «Қасри намак» мебошад. Масоҳати меҳмонхона ба 418 километри мураббаъ баробар буда, аз як миллион ғалтакҳои намакин, ки барои фарш, шифт, девори хона ва бисоти он истифода бурда шудаанд, иборат мебошад.
Соҳибони меҳмонхона мегӯянд: «Ҳамаи меҳмонҳое, ки ба ин ҷо меоянд, мехоҳанд бисоти хона ва девори онро бичашанд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо, воқеан ҳам, аз намак сохта шудаанд». Ин омил соҳибмулкро водор сохт, ки дар бораи манъи лесидани деворҳо қарори қатъӣ барорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ПИНА БАУШ РАҚҚОСАИ ДОСТОНЗЕБ
Пина Бауш дар деҳкадаи начандон калони Золингени округи Дюсселдорфи Олмон ба дунё омадааст. Волидони Пина ризқу рӯзии худро аз қаҳвахонаи хурде, ки дар деҳкадаашон доштанд, таъмин менамуданд. Қаҳвахона тамоми вақт ва неруи онҳоро дар худ фурӯ мебурд. Онҳо аксар вақт аз мавҷудияти духтарчаашон Пина фаромӯш ҳам мекарданд. Барои он, ки ӯ ба корашон халал нарасонад, Пинаро дар 5 – солагиаш ба студияи маҳаллии  балет супурданд. Аз ҳамон замон ӯ ба рақс меҳр баста, тамоми ҳастии худро бо он пайваст.
Пас аз хатми Академияи хореографии Фолкванг дар Эссене (синфи профессор Курт Йосс) барои таҳсил ба мактаби хореографии Ҷуллиарди Ню - Йорк фиристода мешавад.  Он ҷо чанд муддат чун солисти балети «Dance Company» - и Пол Санасардо ва Донио Фейер ҳам ҳунарнамоӣ менамояд.
Соли 1962 Пина  ба Олмон баргашта, ба гурӯҳи  «Фолкгван балет» мепайвандад ва он бештар ба хореография машғул мегардад. Маҳорати хосси ӯро дида директор ва роҳбари бадеии Театри рақси Вуппертал ҳам таъйинаш менамоянд. Пина Бауш ба сифати балетмейстер дар саҳнаҳои машҳуртарини ҷаҳон, аз қабили Операи миллии Париж, Рим ва Мадрид асар офаридааст.
Асоси хореографияашро усули махсуси иҷроиши худаш ташкил медиҳад. Пина дар саҳна мини – торнадоро мемонд. Ҳаворо чунон дар гирди худ печонда, фазои саҳнавиро пур карда мерақсид, ки ба ғайр аз ӯ дигар ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро намедидед. Новобаста аз он, ки дар сафи пеши авангардистони театриву хореографии Аврупо қарор дошт, ба классика эҳтироми хосро қоил буд. Дар театри ӯ ба балети классикӣ тамасхур намуданро «гуноҳи кабира» медонистанд.  
Дар хотири аксари дӯстдорони ҳунар ӯ бо иҷрои нақши шоҳдухтар Леримия дар филми Федерико Феллини «Ва сафина дар шиност» нақш бастааст. Қаҳрамони ӯ нобино бошад ҳам, тариқи ламс хеле хуб шоҳмотбозӣ мекунад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ХОНУМ ФЛОРИАН САРВАТМАНДИ ИҶОРАШИН
Соли 1939, вақте маълум гардид, ки Олмон шаҳри Парижро забт мекунад, зани  23 - солаи сарватманд Флориан ба ҷануби кишвар панаҳ бурда, мехоҳад як муддат онҷо монад. Вале аз ноилоҷӣ то охири умр иҷорашин шуда, ҳамин ҷо мемонад. Соли 2010, ҳангоме ки Флориан дар синни 91 - солагӣ  аз олам  гузашт, ворисонаш аз дороии ӯ хабардор шуда, қарор доданд, ки хонаи  истиқоматиашро соҳибӣ кунанд. Вале дар бораи ашёи хонаи Флориан маълумоте надоштанд. Аз ин рӯ, барои дар музояда мондану фурӯхтани амволи хона Олив Шопин Жанвриро даъват карданд. “Лаҳзаи дарро кушоданам дастонам меларзиданд, дилам аз тарс зуд – зуд метапид. Тарсам аз он буд, ки тӯли зиёда аз 72 соли беодамӣ дохили он чи гуна бошад. Аммо баробари кушода шудани дар зебоиву оромии ин қасри боҳашамат маро дар ҳайрат гузошт,” – мегӯяд Шопин Жанври. Дохили утоқҳо пур аз ҷиҳози нодиру қадима буд. Соли истеҳсоли баъзеашон ба 1900 рост меомад. Дар мизи назди ойина сандуқчаи ҷавоҳирот ва дигар ороишоти занона гузошта шуда буд. Тамоми мизу курсӣ, ойинаву рахтҳои хоби ин манзил гаронбаҳову нодир арзёбӣ гардиданд.
Яке аз боарзиштарин ашё  расми зане буд бо пироҳани гулобӣ. Онро 3, 4 миллион доллар нарх монданд. Тавре ки маълум шуд, он расми модаркалони соҳибхона Марти де Флориан будааст. Ин расм ба қалами рассоми машҳури итолиёвӣ Ҷованни Болдин тааллуқ дошта, бо муҳаббати самимӣ ба ӯ ҳадия шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ФУТБОЛ. ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД!
15 марти соли 2011 ба футболбози фаронсавии дастаи «Барселона» Эрик Абидал диагнози даҳшатангезе гузошта шуд. Фардои он рӯз бозигарони «Реал» (Мадрид) ва «Лион» (Фаронса) дар дидори ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бо навиштаҷоти «Ҳамааш хуб мешавад, Абидал» дар футболкаҳояшон ба майдон баромаданд. Пас аз анҷоми бозӣ сармураббии «Реал» Жозе Моуриниё чунин гуфт: «Ин гуна амалҳо болотар аз ҳама гуна рақобат аст. Мо ҳама ӯро дастгирӣ менамоем». Чунин ҳамоишро бозигарони «Реал» дар дидор бо  «Малага» низ анҷом доданд. «Дар чунин ҳолатҳо мо ҳама бояд бо ҳам якҷо бошем ва муҳим нест, ки ту дар «Реал» ва ё «Барселона» ҳунарнамоӣ мекунӣ», - иброз дошт Моуриниё. Воқеан, дар ин гуна мавридҳо рақибӣ ва ҳатто худи футбол ҳам аз нигоҳи моҳият авлавияти хешро аз даст медиҳад. 3 май Абидал бори нахуст пас аз ҷарроҳӣ дар дақиқаи 90-уми бозии ҷавобии нимфиналии Лигаи қаҳрамонҳо бо «Реал» Карлес Пуйолро иваз карда, ба майдон баромад. Ҳаводорони ҳар ду даста футболбози фаронсавиро бо кафкӯбии самимию шодбошҳои рӯҳбаландкунанда истиқбол намуданд.
Лаҳзаи ниҳоят муассиру тасхиркунанда дар таърихи футбол бо иштироки Абидал 28 майи соли 2011 дар вохӯрии финалии Лигаи қаҳрамонҳо, ки «Барселона» бар «Манчестер Юнайтед» пирӯз гардид, рух дод. Тибқи муқаррароти қабулшудаи даста Ҷомро аввалин шуда капитани даста Карлос Пуйол ва баъдан ноиби капитан Хави болои сар мебардоштанд. Вале, онҳо ин тавр накарданд. Ин шарафро ба муҳофизатгар Эрик Абидал вогузор намуданд, ки ду моҳ қабл аз он, ҷарроҳии вазнини маҳви варами ҷигарро аз сар гузаронда буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Дар паноҳи Ра
Имрӯз китобхонаи Искандарияи Миср яке аз китобхонаҳои ғайриодиву нодире мебошад, ки  бо намуди худ  ҳар бинандаро мафтун месозад.
Соли 2002 дар ҷойи китобхонаи машҳури Искандария, ки қариб 2000 сол пеш  аз байн рафта буд, китобхонаи нав дарҳои худро ба рӯйи ҳаводорони китоб боз намуд. Бинои китобхона байни ҳавзи калон дар шакли доира, бо арзиши 238 миллион доллар сохта шуд.
 Иморат тулӯи Офтоб ва Худои мисри қадим Раро таҷассум мекунад.  Масоҳати толори асосии он 70 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин макони илму ирфон зиёда аз 8 миллион номгӯи асарҳои машҳури олам гирд оварда шудаанд. Чизи дигаре, ки диққати ҳар тамошобинро ҷалб мекунад, ин деворҳои сангини толорҳои хониш аст, ки дар рӯйи онҳо ҳарфу рақамҳои рамзии 120 забони олам ҳаккокӣ шудааст. Ин шоҳкории меъмориро  кормандони китобхона чун  муқаддасот эҳтиёт ва ҳимоя мекунанд.
Таҳияи С. ГУЛНИСО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 416

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед