logo

иқтисод

КУКТЕППА. БЕБАРҚИИ СОКИНОН АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИИ РОҲБАРОН АСТ

Тавре ҳамагон шоҳидем, кишвари мо марҳила ба марҳила ба истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад, наздиктар шуда истодааст. Аллакай маҳдудияти барқ аз моҳи январи соли 2017 барҳам дода шуд ва сокинони кишвар ба барқи шабонарӯзӣ даст ёфтанд. Аммо кашидани хати барқи як деҳаро масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва ширкати «Барқи тоҷик» «фаромӯш» кардаанд.
Бо вуҷуди ин, миёни номаҳое, ки ба идораи рӯзнома ворид мешаванд, ҳанӯз ҳам ҳастанд муаллифоне, ки аз бебарқӣ изҳори шикоят доранд. Корманди рӯзнома Шаҳбози Аброр яке аз чунин номаҳоро пайгирӣ кард.
«Дар деҳаи Куктеппаи Ҷамоати деҳоти Зидеҳ 22 хоҷагию зиёда аз 50 оилаи мустақил, ҷамъ қариб 300 нафар зиндагӣ мекунад. Дар даврони шӯравӣ деҳаи мо аз қувваи барқи дизелӣ таъмин буд. Аммо аз он солҳо то имрӯз бе қувваи барқ рӯз мебарем. Мардуми деҳа аз тамошои телевизиону шунидани радио, истифодаи алоқаи мобилӣ ва технологияи муосир бебаҳраанд. Инчунин, аз суханрониҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳрумем. Ин дар ҳолест, ки мо дар давраи тараққиёти энергетикӣ қарор дорем. Ба ин ҳолат дучор шудани як деҳаи мо магар аз рӯи адолат аст?». Бо чунин мазмун ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ҷониби сокинони деҳаи мазкур аризаи имдодталабона ворид шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Зидеҳ ҷиҳати таъмини мардум бо қувваи барқ солҳои 1997 ва 2000 неругоҳи хурди барқи обии «Ҳазора - 1» ва «Ҳазора - 2» сохта ба истифода дода шуданд. Деҳаҳои гирду атрофи ин неругоҳҳо бо неруи барқи доимӣ ва шабонарӯзӣ таъмин гардиданд. Инчунин, соли 2010 бо супоришу дастури Сарвари давлат ба Ҷамоати деҳоти Зидеҳ хати барқи баландшиддат (10 кВ) гузаронда шуд. Мувофиқи нақша, аз ин хат бояд ҳамаи деҳаҳои Зидеҳ бо қувваи барқ таъмин мешуд. Аммо бо сабабҳои номаълум пас аз пайдо шудани неруи иловагии барқ ҳам ба деҳаи мазкур хати барқ гузаронда нашуд. Ҳол он ки масофаи наздиктарини хати интиқоли барқи баландшиддат аз НБО - и хурди «Ҳазора - 1» то деҳаи Куктеппа ҳамагӣ 3 километрро ташкил медиҳад.
Давлатмурод Ёров, сокини деҳа, гуфт, ки қатъи назар аз муроҷиатҳои муттасилу мунтазам роҳбарияти ноҳия ва ШСХК «Барқи тоҷик» то имрӯз ба ҷои амал кардан, ба мо фақат ваъда медиҳанд.
Ба мактубҳои бешумори сокинони деҳа (04. 01. 2011, 13. 07. 2011, 13. 06. 2012, 04. 02. 2013, 26. 02. 2013 ва ғ.) роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» бо як мазмун ҷавоб гардондааст: «Ҳангоми пайдо шудани сарчашмаи маблағгузорӣ кумак мерасонем».
Инчунин, мактуби ҷавобии ШСХК «Барқи тоҷик» бо имзои Мирзо Исмоилзода, раиси ширкат, аз 13 июли соли 2016 дастраси мо шуд, ки дар он омадааст: «Барои омода намудани лоиҳа ва харҷномаи гузарондани хати интиқоли барқи 10 кВ - аи деҳаи Куктеппаи Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб «Шабакаҳои барқии марказӣ» бо корхонаи лоиҳакаш ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш» шартнома бастааст. Айни замон аз ҷониби ширкат лоиҳа ва харҷномаи иншоот омода гардидааст.  Мувофиқи лоиҳа маблағи умумии сохтмони иншоот 591109 (панҷсаду наваду як ҳазору яксаду нуҳ) сомониро ташкил медиҳад.
Аммо «Барқи тоҷик» маблағгузории чунин иншоотро бе мувофиқаи Шӯрои нозирон амалӣ карда наметавонад. Бинобар ин, маблағи зикргардида барои баррасӣ ва мувофиқа ба Шӯрои нозирони ширкат пешниҳод карда мешавад. Дар сурати аз тарафи шӯро дастгирӣ ёфтани пешниҳод сохтмони мазкур амалӣ карда мешавад».
Аз ин ҷавоб қариб 2 сол сипарӣ мешавад, аммо аз кори анҷомдода ва тасмими Шӯрои нозирони «Барқи тоҷик» дарак нест.
Сокинони деҳа ҳайронанд, ки дар чанд соли муроҷиатҳои пай дар пай чаро масъулон як трансформатор, чанд дона симчӯб ва 9 ҳазор метр симро, ки барои интиқоли барқ ба масофаи 3 километр лозим аст, пайдо намекунанд.
Як масъули ШСХК «Барқи тоҷик» зимни суҳбат иброз дошт, ки масъалаи барқтаъминкунии деҳа аслан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста аст. Мутаассифона, онҳо аз буҷет барои анҷоми ин корҳо маблағ ҷудо намекунанд. Ва кашидани хати неруи барқ ба уҳдаи ширкати мо меафтад.
Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб, гуфт, ки роҳҳои пайдо намудани ягон лоиҳаи сармоягузорӣ ё гранти хориҷиро ҳамроҳ бо ширкати «Барқи тоҷик» омӯхта истодаем. Гарчанде имкониятҳои молиявии ноҳия нокифояанд, талош меварзем, то сарчашмаи молиявие барои ҳалли ин кор дарёфт кунем.
Абдурасул Сафаров, сардори шабакаҳои барқи ноҳия, гуфт, ки аз ин масъала ва мушкилии сокинони деҳа огоҳ аст. Ҳоло лоиҳаи сохтмони хати қувваи барқ то 3,5 километрро омӯхтаем. Танҳо масъалаи маблағи сохтмон мемонад. Дар ҳолати пайдо шудани сарчашмаҳои молиявӣ ҳатман ин кор ҳалли худро меёбад.
Дар асоси аризаи қаблии сокинони деҳа аз ширкати «Барқи тоҷик» ба деҳаи Куктеппа мутахассисон омада, мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба маблағи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ, лоиҳаи сохтмони хати барқро омода намуданд. Соли 2016 раиси вақти ноҳияи Варзоб барои гузарондани барқ замин ҷудо кард ва «Барқи тоҷик» вазифадор шуд, ки барои иҷрои лоиҳа маблағ ҷудо кунад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима дар ШСХК «Барқи тоҷик» тайёр буданд. Сокинони деҳа аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд шуданд, ки акнун онҳо низ бо барқ таъмин мешаванд. Мутаассифона, ширкат корро нимкола монд. Дар асоси нақша, корҳои сохтмонӣ бояд соли 2016 анҷом меёфтанд. Аммо боз ҳам ваъдабозӣ идома дорад.
- Соли 2010 барои хонандагони мактаби деҳа як синфхона сохта, 2 компютер ва 1 принтер туҳфа карданд. Аммо аз сабаби набудани қувваи барқ хонандагони деҳа имконияти истифодабарии онҳоро надоранд. Соли 2008 як стансияи телевизионӣ низ сохта шуда буд, ки бо сабаби набудани қувваи барқ 10 сол аст сокинон аз истифодаи он бенасибанд, - гуфт Саид Саъдуллоев, директори мактаби деҳа.

АЗ ИДОРА: ҳарчанд бовар накарданист, бо айби чанд амалдори масъулиятношинос дар асри XXI, замони таҳаввулоти техникию технологӣ, аҳли ин деҳа ҳанӯз ҳам бо шамъу фонус хона равшан мекунанд. Шояд баъди чопи ин матлаб мушкилии сокинони деҳа ҳал шавад. «Ҷумҳурият» ин масъаларо пайгирӣ хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2018    №: 21    Мутолиа карданд: 223

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед