logo

иҷтимоиёт

Барои пешгирии сурхакон ва гул тадбире беҳтар аз эмкунӣ нест

Бузургтарин дастоварди тиб бар зидди сурхакон ва гулафшон эмкунист. Барои пешгирӣ бо чакондани як қатраи дору ба даҳони кӯдак 0,48 доллар, барои табобати ӯ бошад 6075 доллари амрикоӣ зарур аст.

Сурхакон (сурхча)  ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ  дохил шуда, сабабгори фавти зиёди кӯдакон ва боиси ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст. Барои пешгирии он бо ибтикори  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ  аз 28  сентябр то 12 октябр дар саросари кишвар маъракаи  Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон гузашта истодааст.
Оид ба рафт ва ҷиҳатҳои дигари баргузории  маърака хабарнигори мо Оҳистамоҳи Вафобек бо директори Маркази ҷумҳуриявии эмкунӣ Шамсиддин Ҷобиров ҳамсӯҳбат шуд.
- Лутфан бигӯед, ки барангезандаи бемориҳо  чи аст?
- Вирусе, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ  дорад. Аз он 90-95 фоизи кӯдакони ба  бемор алоқаманд, сироят меёбанд. Зиёда аз 10 фоизи фавти кӯдакони то 5 –сола аз бемории сурхакон аст.
Бемори пеш аз ҳама газаки шуш, гӯш ва таъсири ҷиддӣ ба хунро ба амал меоварад.
Гулафшон бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа ба одамони дигар мегузарад.
Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ, барангезандаҳои он буда метавонанд. Бемории гулафшон хусусан ба занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Зани ҳомиладори сироятёфта тифли нобино, ношунаво ва нуқсони дил доштаро таваллуд карданаш мумкин аст.
- Роҳҳои пешгирии ин бемориҳо кадомҳоянд?
-Пеш аз ҳама бо мақсади паст кардани шиддати паҳншавӣ  ва дар ояндаи наздик тамоман нест кардани онҳо вақти эмкунии даврагӣ бар зидди бемории сурхакон дар 12 -моҳагӣ ва 6 – солагӣ, барои пура аз байн бурдани ҳар ду беморӣ дар қадами аввал маъракаи оммавии эмгузаронӣ, баъдан, тадбири ба тақвими миллӣ ворид намудани эмкунии доимӣ бар зидди сурхакон ва гулафшон амалӣ мегарданд.
То эмгузаронӣ кӯдакони зиёд ба ин беморӣ гирифтор шуда, қисме ба ҳалокат мерасиданд.  10 – 15 сол пеш сурхакон марҳилавӣ буд, яъне баъди ҳар 4 – 5 сол вогир мешуд. Шумораи беморшудагон ба 5 -  6 ҳазор нафар мерасид Баъди гузаронидани тадбирҳои мушаххас, махсусан баъди беҳтар намудани сифатнокии эмкунии доимӣ дар соли  2004, ки зиёда аз 3 миллион одамро фаро гирифта буд, дар солҳои 2007 – 2009 ин бемориҳо ба қайд гирифта нашуданд. Ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 110 ҳазор чунин бемор ба қайд гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол системаи назорати эпидемиологӣ аз болои синдроми гулафшони модарзод амал намекунад. 
Яъне,  беморӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, азбаски эпидемия нест, ба қайд гирифта намешавад..
Тадбири эмкунӣ  имкон медиҳад, ки эҳтимоли сар задани беморӣ, шароити гузаришу паҳншавии он  маҳдуд карда шавад.
Назорати сохторҳои эпидемиологӣ аз болои бемории сурхакон ва  истифода аз ташхисгоҳи боварибахши Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тиббию  профилактикии Вазорати тандурустӣ, ташхиси саривақти  беморон баробари тадбирҳои оммавӣ ба маҳву решакан шудани ин бемориҳо мусоидат мекунанд.
Дар маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ зидди бемориҳои сурхакон ва гулафшон ваксинаи сифатнок, ки ба талаботи стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯст, истифода бурда мешавад. Ваксинаи сурхакон ва гулафшон комплексӣ буда, масунияти пурқуввати ҷисми кӯдакро ба амал меорад ва  эмшударо якумра аз сироятшавии ин бемориҳо эмин медорад.
- Рафти маъракаи эмкунӣ чӣ гуна аст?
- Мо омодагиро аз моҳи март оғоз намуда будем. Зиёда аз 5 ҳазор духтур бозомӯзонида,  2 ҳазор нуқтаи эмгузаронӣ созмон дода шуд. Ваксинаҳо муайян ва захира шудаанд, духтуронро ба гурӯҳҳо ҷудо кардем. Маърака бе мушкилӣ мегузарад. 2 миллиону 344  кӯдаку наврас бояд эм карда шавад. Эмкунӣ ройгон аст.
- Барои маърака  чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст ва маблағгузорон киҳоанд?
-  Эмкунӣ яке аз комёбиҳои бунёдии тиб буда, хароҷоти калон талаб намекунад, аммо барои сиҳатии омма тадбири  фоидабахштарин ва самарабахштарин  ба ҳисоб меравад.
Шайх Саъдии бузургвор барҳақ фармудаанд:
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, натвон гузаштан ба пил.

Арзиши раҳоёбӣ аз бемориҳои сирояткунанда ба воситаи эмкунӣ аз 10 то 20 доллари амрикоӣ, яъне пешгирии беморӣ чандин маротиба арзонтар  аз табобати он аст. Масалан,  барои эмкунии бемории сурхакон, барои чакондани як қатраи дору ба даҳони кӯдак 0, 48 доллар зарур аст. Барои табобат бошад, 6075 доллар даркор мешавад. Дар маҷмӯъ барои эмкунии 8 намуди беморӣ 8- 12 доллар, аммо барои табобати онҳо 13 755 доллар лозим аст.
Дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва, албатта, фаъолию огоҳии мардум барои хубу муташаккилона ва босамар гузаронидани ин тадбири муҳими тиббӣ мусоидат хоҳанд кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5726
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед