logo

сиёсат

ШАРҲИ ТАҒЙИРИ НОМҲОИ БАЪЗЕ МАВЗЕЪҲОИ ҶУҒРОФИИ МАМЛАКАТ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳаҳо иваз шуд, ки талаботи замон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули забони давлатӣ, инчунин, ба хотири баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи халқ эҳёи баъзе номҳои ҷуғрофию таърихие, ки ба мамлакати мо бевосита тааллуқ доранд, амри воқеӣ ба ҳисоб меравад.

Халқе, ки гузаштаи худро эътироф намекунад ва аз гузашта сабақ намеомӯзад, имрӯзу ояндаи худро ташаккул дода наметавонад. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба гузаштаи халқ нақши калидӣ дошта, аз нав зинда гардондани суннату анъанаҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои қадимӣ ва эҳё кардани номҳои ҷуғрофию таърихии халқ ба манфиати ҷомеа ва мамлакат мебошад. Махсусан, зинда гардондани номҳои таърихӣ ва ба чаҳорчӯбаи меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқ намудани онҳо боиси шинохти дирӯз ва таҳкими ҳофизаи таърихӣ мегардад. Ба ин хотир, солҳои охир дар ҷумҳурии мо як қатор номҳои таърихию ҷуғрофӣ аз нав эҳё шуда, аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфтанд ва макони воқеии худро аз нав соҳиб шуданд.
Номҳои Суғду Хатлон, Рашту Лахш, Ҷайҳуну Сайҳун ва даҳҳо дигар макони ҷуғрофии мамлакат моро бо гузаштаи дури халқи тоҷик пайванд менамоянд ва ин номҳои ҷуғрофӣ низ воситаи муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд. Дар ҳақиқат, зинда гардондани номҳои ҷуғрофӣ барои насли наврас ва ояндаи мамлакат аҳамияти бузург дошта, рукни давлатсозии миллӣ низ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки дар тӯли қарнҳо бо омадани қавму қабилаҳои мухталиф дар мавзеъҳое, ки таърихан тоҷикон маскун буданд, бархе аз номҳои аслии шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кӯҳҳо, дарёҳо ва ғайра тағйири ном кардаанд, ки ба асолати забони тоҷикӣ созгор нестанд. Ин аст, ки яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз намудани номҳои ғайримеъёрии ҷуғрофӣ ва ба суннати номгузории миллӣ мутобиқ сохтани онҳо мебошад.
 Бо назардошти ин, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба имзо расонданд. Аз ҷумла, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Ин номҳои таърихию ҷуғрофӣ барои халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшони гузаштаи миллатамонро ба ёд оварда, дар мазмуни онҳо хотираи мардум ҷой гирифта, давраҳои ниҳоят дурахшони халқ дар гузашта бо ин номҳо алоқаманд мебошанд.
Бояд зикр кард, ки иваз намудани номҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур бо назардошти ду ҷанба сурат гирифтааст. Аввалан, ба суннати номгузории миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ва, сониян, эҳёи топонимияи миллие, ки таърихан дар ин мавзеъҳо вуҷуд доштанд.
Барои шиносоии бештар пайдо намудани шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳи онҳоро ба шарҳи ин номҳо ҷалб намуда, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти кӯтоҳеро роҷеъ ба ин топонимҳо манзур менамоем.

ДАР БОРАИ БОХТАР
Бохтар, дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр (Суғд ва Хоразм) будан, инчунин, номи  калонтарин шаҳр ва пойтахти давлати Кӯшониён ба ҳисоб мерафт. Шаҳр  қабл  аз  давраи  Кӯшониён бунёд ёфта, баъдан, дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд (Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана). Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103 - 126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонда шуда бошад ҳам,  Бохтар чун пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати Кӯшониён - Вароруд аз ҳамин марказ идора карда мешуд.
Дар забони кӯшонию бохтарӣ калимаи «бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» - ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои “ғарб”-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон, мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои “бохтар” дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.
Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар номи қадимии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Левакант ва Ҳаловард қарор доштааст.
Мувофиқи ахбори Птолемей, ки ба асри II милодӣ тааллуқ дорад, дар кишвар ё вилояти Бохтар 18 шаҳр мавҷуд буда, шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кӯшониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст (Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. - С. 169).
Ҳамин шуҳрат ва қадимияти Бохтарро ба инобат гирифта, вакилони шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон чунин иқдом карданд, ки маркази вилоят Бохтар номида шавад. Мо итминони комил дорем, ки номи Бохтар дар оянда ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад ва маълумоти бештаре доир ба Бохтар ҷамъоварӣ шуда, миёни мардум боз ҳам машҳуртар мегардад.

ДАР БОРАИ ЛЕВАКАНТ
Левакант номи қадимаи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд ва атрофи онҳо буда, маънояш “ободшаҳр”, “шаҳри  болобаланд”  мебошад.  Бино  бар  бозёфтҳои     бостоншиносон, шаҳр дар миёни Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар садаҳои I-IV милодӣ  вуҷуд дошта, то замони густариши ислом яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш ба шумор мерафтааст. Мувофиқи сарчашмаҳо, Левакант дар садаҳои X-XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, ҳангоми ҳамлаи муғулон дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст.
Дар асри ХХ вайронаҳои Левакантро бостоншинос Т.И. Зеймал пайдо карда, дар асоси кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ исбот намудааст, ки дар ин мавзеъ шаҳр вуҷуд доштааст. Левакант калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар қисмати шимолии водии Вахш боқӣ мондааст.
В.В. Бартолд ҷойгиршавии Левакантро – деҳаи Сангтӯда медонад. А.М. Беленитский ҷойгиршавии онро мавзеи Қавунтеппа, 10 километрии ғарби Қӯрғонтеппа, ҳисоб кардааст. Ба андешаи А.М. Беленитский, зери мафҳуми «шаҳри Вахш»-и сарчашмаҳои асримиёнагӣ бояд шаҳри Левакантро фаҳмид. Аммо донишмандони дигар, аз ҷумла Беленитский, Ю. Ёқубов бар ин асосанд, ки Левокант дар атрофи Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, ҳамин мавзеъҳо ба шаҳри қадима тааллуқ доранд.
Вожаи «Леваканд» ё «Левокант» аз ҷиҳати сохти калимасозӣ бохтарӣ - суғдӣ буда, асли ҳиндуаврупоӣ низ дорад. Оид ба маънии этимологии калимаи Левакант, дақиқтараш дар мавриди қисмати якуми он, яъне вожаи «лев ё лав» андешаҳои гуногун мавҷуданд. Дар баъзе сарчашмаҳо қисмати аввали калимаро «лева» ё «лев» маънидод карда, маънояшро «Худо», «Эзад» ва «дорою шукӯҳманд» шарҳ медиҳанд. Қисми дуюми калима «кант», «кент» буда, маънояш «шаҳр», «макони обод» мебошад. Маънои аввал бо Эзад ва Хур – эзади Хуршед низ алоқамандӣ дошта, дар ҳамин заминаи маъноӣ номи шаҳр ба «Эзадшаҳр» ва ё «Хуршедшаҳр» наздикӣ пайдо менамояд. Мувофиқи сарчашмаҳо, дар ин мавзеъ  парастишгоҳе будааст, ки дар он эзади Хур ситоиш меёфтааст. Ин парастишгоҳро бостоншиносон низ кашф кардаанд. Дар қадим ба номи эзадон номгузорӣ шудани моҳҳо маъмул буда, доир ба ин масъала Абурайҳони Берунӣ маълумоти бештар пешниҳод намудааст. Метавон онро аз рӯи маънои дуюмаш «шаҳри шукӯҳманд» номид. Ин ҷиҳати масъала омӯзиш мехоҳад.
Мувофиқи маълумоти «Фарҳанги Шоҳнома»-и Фритс Волф ва «Бурҳони қотеъ» «лав» ба маънии «теппа, баландӣ, адир, пушта» омадааст. Барои тасдиқи фикр байти зерин оварда шудааст:
Бад-ӯ бар шубон гуфт: эдар бидав.
Раҳи тоза пеш оядат пур зи лав.

Агар ин маънӣ ба назар гирифта шавад, «шаҳр дар баландӣ, шаҳр дар теппаву адир» маънидод мегардад, яъне «баландшаҳр», ки ба номи кунунии мавзеъ - Сарбанд наздикиву қаробат пайдо менамояд.
Вожаи «лав», инчунин, ба маънии буттаи гурӯҳе аз сабзавот, ба монанди ҳандалак, харбуза ва амсоли онҳо низ омадааст, ки дар лаҳҷаи гелакии забони форсӣ то ҳол ин маънӣ маҳфуз мондааст. Агар ин шарҳро ба назар гирем, Левакант – «шаҳри сабзавот» мебошад.
Дар баробари ин, вожаи «лев» бо вожаи «ливо», яъне «парчам, дирафш» низ қаробат дошта, ба ин маънӣ тибқи маълумоти «Фарҳанги Шоҳнома» — и Фритс Волф дар «Шоҳнома» як маротиба омадааст:
Ҳамоно, ки бошад маро дастгир,
Худованди тоҷу ливову сарир.

Агар ин маъниро ба инобат гирем, пас Левакант шакли ба тағйироти овоӣ (фонетикӣ) мубаддалшудаи Ливоканд буда, маънояш «шаҳри дирафшбардорон» мебошад. Дар ҷумҳуриамон наздик ба ин мафҳуми «кантгурд» аст, ки «шаҳри паҳлавонон» маъно медиҳад. Аммо бояд дар назар дошт, ки ҳарчанд вожаи «ливо» дар «Шоҳнома» омада бошад ҳам, он асли арабӣ дорад.
Баъзе ин шарҳҳо эҳтимолӣ буда, олимони забоншинос ва таърихдонҳоро зарур аст, ки ба тафсири ин мафҳумҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Қатъи назар аз ин, дар аксари сарчашмаҳо ва асарҳои таърихиву ҷуғрофии Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ номи Левокант зикр шуда, ёдгории беназири ҷуғрофии халқи тоҷик аз замони гузашта дар вилояти Хатлон мебошад. Аз нав зинда гардондани ин ном низ барои насли наврас мояи ифтихор буда, хотира аз таърихи халқ мебошад.

ДАР БОРАИ КӮШОНИЁН
Кӯшониён яке аз ниёгони тоҷикон мебошанд, ки шоҳигарии онҳо аз асри II то милод ва IV милодӣ идома ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи ҳукмронии Кӯшониёнро «ҳалқаи заррини таърихи халқи тоҷик» номидаанд. Дар забони портӣ (парфиёнӣ) – Кӯшоншаҳр  номида мешудааст.
Дар замони Кӯшониён забонҳои кӯшонию бохтарӣ ва лаҳҷаҳои он, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мансуб мебошанд, роиҷ будааст. Ҳамчунин, забоншиносон аз рӯи боқимондаҳои навиштаҷоти гуногун аслияти худи забони кӯшониро низ муайян намуда, онро ба зергурӯҳи шимолии забонҳои шарқии эронӣ мансуб донистаанд.
Муттаҳидшавии панҷ қабилаи кӯшонӣ дар водии Вахш сурат гирифтааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ, шоҳигарии Кӯшониён аз ҷониби қабилаҳои ҳиндуаврупоии «тохарҳо» асос гузошта шудааст. Сиккаҳои аввалин шоҳаншоҳи кӯшонӣ, ки Ҳерай-Санаб ном дошт, маҳз аз водии Вахш пайдо шудаанд.
Шаҳрҳо аз ҳудуди Бохтар ё, баъдан, Тахористон маҳз дар давраи Кӯшониён ривоҷу равнақ ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди мамлакати мо ба замони Кӯшониён димнаҳои Кайқубодшоҳ дар ноҳияи Қубодиён, Теппаи Шоҳ дар ноҳияи Шаҳритуз, Куҳан-Қалъа дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон (собиқ Ғозималик), Ғаравқалъа ва Тамошотеппа дар ноҳияи Ёвон, Саксанохур дар ноҳияи Фархор, Қалъаи Чармгарони Поён (Қалъаи Мир) дар шаҳрҳои Кӯлоб, Шаҳринав, Душанбеи қадим дохил мешаванд.
Доир ба давлати Кӯшониён сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва ҷуғрофӣ маълумот дода, бори аввал бо ташаббуси аллома Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе ва Кобул Симпозиуми байналмилалӣ доир шуда, олимони бостоншинос ва таърихнигорон дар бораи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти зиёдеро дар шакли рисола ва мақолаҳои илмӣ интишор дода, баъдҳо дар ин мавзӯъ китобҳои алоҳида низ ба чоп расонданд. Дар ин асарҳо таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Кӯшониён васеъ тасвир гардидааст.
Аз нав зинда намудани номи Кӯшониён далели арҷгузорӣ ба таърихи миллат буда, имкон медиҳад, ки минбаъд сарчашмаҳои дигари таърихӣ доир ба ин макони ҷуғрофӣ интишор шаванд ва доираи маълумот оид ба ин ном бештару зиёдтар гардад. Дарвоқеъ, бо номи давлат ва сулолаи Кӯшониён номгузорӣ шудани ноҳияи Бохтар ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқ мебошад.

ДАР БОРАИ ҲУЛБУК
Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ»-и шоҳони ин мулкро  Ҳулбук донистаанд.
Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук, ҳамчунин, дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Хулбисса мавҷуд мебошад. А. М. Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои исломии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст.
Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда таълифоти мазкур чунин зикр кардаанд: «Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара, дар водиҳо ҷойгиранд».
Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла М. А. Варигин, А. П. Колпаков ва А. Е. Маҷӣ, онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд. Аз ин лиҳоз, иваз намудани номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук ба ҳақиқати таърихӣ ва ҷуғрофӣ мувофиқ буда, омили арҷгузорӣ ба ин макони таърихӣ мебошад.
Аз дидгоҳи этимологӣ, Ҳулбук шояд аз пораҳои эронии куҳани *hwar-+baga- ба маънии «Худо-Офтоб, Хур» ё Хур/Офтоби Худо (яъне Худованди  Офтоб бошад), ки ҳосилаи решаи ҳиндуаврупоии *sͦer - ва иронии куҳани baga-мебошад.
Ҳулбук шояд аз вожаи юнонии ὓλη / ὓλα  (овонавишт-шон ҳула-/ҳула) бошад ва ҷузъи номаълумаш бака/-бука. Дар самти ҷанубӣ - ғарбии Сарматияи аврупоӣ (булукоти хеле  маъмулу машҳури скифӣ/сакӣ дар замони бостон) шаҳраке ба номи             (Ҳулаио) (дар русӣ Гилея) мавҷуд аст, ки миёни Борисфен (дар талаффузи русӣ) / Бористҳону Ҳипакар воқеъ мебошад. Борисфен сарзамини сирф скифӣ/сакӣ/сарматӣ буд.
Ҳула - ὓλη / ὓλα  -  маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра.
Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонда, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонда, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти муфид медиҳанд.
Дар баробари ин, деҳаи Қурбоншаҳид ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставели ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохур ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинобод ба деҳаи Зарриндашт иваз шуданд, ки сабаби асосиашон номувофиқатӣ ба талаботи забони тоҷикӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин номҳои таърихие, ки аз нав зинда гардиданд ва дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат номгузорӣ шудаанд, ба забони тоҷикӣ ва таърихи халқи тоҷик сахт алоқамандӣ дошта, дар миёни аҷдодони гузаштаи мо падид омадаанд ва дорои асолати милливу таърихӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ, эҳёи номҳои таърихӣ на танҳо ба хотири ивази топонимҳои роиҷи имрӯза мебошад, балки, пеш аз ҳама, ҳадафи асосии он татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, омили боло бурдани ҳувияти миллӣ ва  худшиносии таърихӣ  дар миёни шаҳрвандони мамлакат, бахусус наврасон ва ҷавонон, маҳсуб меёбад.
Бовар дорем, ки дар асоси ин маълумоти кӯтоҳ хонандагони тоҷик ба топоними мавзеъҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ шинос шуда, олимон ва донишмандони мамлакат дар бораи шарҳи бештари онҳо мақолаҳои алоҳида ба нашр мерасонанд.
АМИТ “Ховар”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2018    №: 22    Мутолиа карданд: 252

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед