logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ҲАЖДАҲУМИ ШӮРОИ МАШВАРАТӢ

26 январ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII шӯро баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро оғоз намуда, нахуст, котиби масъули шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух,  роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонум Айтен Рустамова, роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Шерализода Шараф ва аъзои нави Шӯрои машваратиро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Сипас, оид ба масъалаи  якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши котиби масъули шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.
Дар ин робита оид ба тасдиқи Методологияи нави тарифӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017 ва аз моҳи октябри соли сипаришуда мавриди амал қарор гирифтани он, устуворшавии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2018 дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и  Бонки ҷаҳонӣ, соли 2017 то ба 52% коҳиш ёфтани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор нисбат ба соли 2016, моҳи августи соли 2017 дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар шудани рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии рейтингии байналмилалии Moody's Investors Service ва Агентии Standard and Poors иттилоъ дода шуд.
Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ба таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо дар ин самт бахшида шуда, вобаста ба  натиҷаҳои он вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр гузориш дод.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи фаъолияти шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди раиси вилояти Суғд баромад кард.
Тибқи банди чоруми рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молияро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода муаррифӣ намуд.
Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа котиби масъули шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм, инчунин, муаррифии таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои шӯро ҷонибдорӣ гардид.
Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова, роҳбари Намояндагии Бонки рушди Осиё Прадип Шривастава, роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳидеки Танабе, директори ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” Суҳроб Давлатов, директори кооперативи “Зиндагӣ” Зеваршои Рустам, раиси ҶДММ “Таджиквнештранс” Абдумумин Абдусамадов, директори ҶСП “Биржаи Осиёи Марказӣ” Алишер Шерназаров ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, мушкилии соҳаи бонкдорӣ, куллан ба роҳ мондани ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар ва масъалаҳои дигари ҷаласа ибрози назар намуданд, ки муҳим арзёбӣ шуд.
Дар хотимаи ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуктаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2018    №: 22    Мутолиа карданд: 126

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед