logo

фарҳанг

САДА ВА АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин дар таҳкими арзишҳои худшиносӣ таъсири амиқ мегузорад. Таҷлили Ҷашни Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта аст.

Барои аксари зиёиён маълум аст, ки тақрибан дар ҳамаи ҷашнҳои калидӣ ва суннатии сол, ки яке давоми мантиқии дигаре мебошанд, шоирону мутрибон, ромишгарону ҳофизон фаъолона иштирок мекарданд ва бо ҳунарҳои худ дар таҷлили ҷашн ҳозиронро шод ва табъи онҳоро болида мегардонданд. Дар Ҷашни Сада низ чунин ҷамъомадҳо барпо мешуд ва шеъру таронаҳои шоирон дар онҳо баланд  садо  медоданд. Масалан, Манучеҳрӣ, ки аз шоирони дарбор ба шумор меравад, Садаро чунин васф кардааст:
Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,
Шодмониро з-ин пас ба мо бор бувад.
Ба рухи Ҷашни Сада гарчи зимистон дар баст.
Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…

Абулқосим Фирдавсӣ низ силсилаи шеърҳо дар бораи Сада  дорад, ки дар он  дар Балх бо шодию сурур ҷашн гирифтани иди Сада, фарри Наврӯз будани фоли Ҷашни Сада дар кӯю бозор бо оташсӯзӣ таҷлил намудани Ҷашни Сада ва тасвири устураи  Ҳушанги пешдодӣ дар бораи куштани мор ва пайдоиши оташро дар «Шоҳнома» - и безаволи  худ  ироа намудааст. Яке аз он намунаҳо чунин аст:
Яке чашмаи бекарон андар ӯй,
Фаровон аз он чашма бикшод рӯй,
Баровард  бари чашма оташкада,
Бар ӯ тоза шуд Меҳру Ҷашни Сада…

Фирдавсӣ, ҳамчунин, Ҳушангро кошифи оташ  ва  аввалин  ҷашнгирандаи Сада дониста, гуфтааст:
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳон ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Наврӯзу Меҳргону Сада ҳамчун ҷашнҳои миллии ориёӣ  дар ашъори аксари шоирон ба ҳайси ҷашнҳои хуҷастаи гузаштагони мо тараннум шудаанд. Дар осори илмию таърихии асрҳои миёна, аз қабили  «Осор – ул - бақия» - и  Берунӣ, «Зайн – ул - ахбор» - и Гардезӣ, «Форснома» - и Ибни Балхӣ, «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Байҳақӣ» ва ғайра маросим ва урфу одати гузарондани ҷашнҳои мазкур тасвири худро ёфтаанд. Онҳо манбаъҳои  муҳими фарҳангу маданияти гузаштагони мо мебошанд.
Мусаллама ЗОКИРОВА,
омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 291

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед