logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ - РУКНИ МУҲИМТАРИНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ» конференсия  доир намуд.

Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Мағфират Хидирзода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Абдуқодир Вализода, намояндагон аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва кормандони касбу кори гуногун - намояндагони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Мағфират Хидирзода аз ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 сухан гуфта, онро фоли нек  ва боз як ғамхории навбатии давлату Ҳукумат нисбат ба фарҳанг ва тамаддуни миллат маънидод кард.
Ширкатдорони ҳамоиш доир ба роҳу воситаҳои таъмини рушду пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, роҷеъ ба мавзӯъҳои «Нақши осорхонаҳо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ»,  «Ҳунарҳои мардумӣ - яке аз омилҳои зиндагисозӣ» ва «Либос - ҷузъи фарҳангӣ миллӣ» сухан гуфтанд.
Дар охир меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, алочабофӣ, чӯбтарошӣ ва ғайра, ки дар маркази ноҳия баргузор шуд, дидан намуданд. 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2018    №: 24    Мутолиа карданд: 141

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед