сиёсат
ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ДАҲСОЛА ХИДМАТИ МОНДАГОР БА АҲЛИ БАШАР АСТ
22 март татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» расман оғоз мегардад
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатии худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамчун василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дар даҳсолаи оянда низ идома медиҳад.
Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ таъкид намуд, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015), ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, беш аз ҳама барномаҳои СММ бобарортар татбиқ гардид. Аммо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ барои сокинони сайёра проблемаҳои зиёд, аз ҷумла мушкилоти сахти иқтисодии марбут ба об бор оварданд. Барои ҳамин, Пешвои муаззами мо эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро барои солҳои 2018 – 2028 зарур донистанд ва ин ташаббусро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфт.
Ба қавли коршиносон, бинобар тағйирёбии иқлим, хусусан бар асари зиёдшавии партоби газҳои гулхонаӣ, тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба шашгонаи мамлакатҳои истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» дохил аст ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад. Яъне партоби газҳои зарарнок ба ҳаво хеле кам аст.
Айни замон 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж, ки Тоҷикистон ба он ҳамроҳ аст, андешидани тадбирҳо ҷиҳати кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонианд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба рушди устувор ин тавсеаи «иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иқдомҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” буда, дар ин раванд ба нафъи ҷомеаи башар амалҳои созанда анҷом медиҳад.
Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша ширкати фаъолона дошт ва ин иқдомро минбаъд низ пайгирона идома хоҳад дод. Татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2018 №: 24 Мутолиа карданд: 673