logo

иқтисод

СИФАТ ВА МУҲЛАТ. ДУ ОМИЛИ АСОСӢ ДАР СОХТМОН

Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 25 сол аст, ки дар самти ободонию бунёдкорӣ фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Барои кори босифату саривақтӣ  корхона борҳо бо туҳфаю ифтихорномаҳои Дастгоҳи иҷроия ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  -  Роҳбари муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Шараф” қадрдонӣ шудааст. Сардори корхона Баҳром Шарифзода зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” перомуни дастоварду нақшаҳои корӣ чунин иброз дошт:

 - Мо мақсад гузоштаем, дар соли 2018  тамоми имконияту захираҳои меҳнатию техникии худро пурсамар истифода бурда, корҳои таъмиру сохтмониро бо масъулияти калон хубтар ба анҷом расонем,  нишондодҳои беҳтар ба даст орем ва эътибори корхонаро дар байни муштариён ва ҳамтоён зиёд намоем.
Соли гузашта корхона ба маблағи қариб 43 миллион  сомонӣ   корҳои таъмиру сохтмонро  анҷом дод. Азнавсозии маҷмӯи биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,9 миллион, сохтмони хонаи истиқоматии 12 – ошёна барои кормандони Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳои молия ва рушди иқтисоду савдо дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба маблағи 1278,7 ҳазор, сохтмони бино ва иншооти Академияи ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  ба маблағи   3136,9 ҳазор, сохтмони бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба маблағи  қариб 8,2 миллион, сохтмони муассисаи тахсилоти миёнаи умумӣ барои 1500 хонанда дар шаҳри Душанбе  ба маблағи  беш аз 9,1 миллион, таъмири болопӯши амборҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба маблағи  беш аз 2,2 миллион, сохтмони кохи фарҳанг барои 700 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  ба маблағи  4,9 миллион, сохтмони муҷтамаи гимназияи президентӣ барои 640 хонанда ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Ҳисор ба маблағи  беш аз 1,7 миллион, сохтмони мактаби нав дар деҳаи Ҷӯйбодоми Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи қариб 1 миллион, сохтмони хонаи истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба маблағи 1,5 миллион, сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба маблағи  беш аз 3,8 миллион сомонӣ аз ҷумлаи барномаю  лоиҳаҳоеанд, ки аз ҷониби бинокорони корхона татбиқ шудаанд.
Соли гузашта музди миёнаи меҳнати коргарон 1620 сомониро ташкил дод. Вобаста ба ҳаҷми сохтмон мо дар шаҳру ноҳияҳо бинокорони маҳалро низ ба кор ҷалб менамоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то соли 2016 беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншооти дигар таъмиру таҷдид шудааст. Мо ифтихор дорем, ки дар ин кори пуршараф низ ҳиссагузор мебошем. 
Роҳандозии электронии маҷмӯи корҳо дар корхона, аз ҷумла ба роҳ мондани барномаи С 1 – ро дастоварди муҳиму хотирмони ду соли охири кориамон меҳисобем. Тақозои давру замон аст, ки тамоми корхонаю идораҳо ба тарзи кори электронӣ гузаранд. Мо ин амалро дар корхона аллакай ба роҳ мондаем. Шояд дар тамоми ҷумҳурӣ корхонаи мо яке аз аввалин муассисаҳое бошад, ки пурра (ғайр аз шуъбаи умумӣ) ба тарзи электронӣ кору фаъолият дорад. Бо иҷрои ин барнома мо истифодаи рангу қоғазро тадриҷан аз байн мебарем. Роҳандозии ин амал барои сариштакорона истифода бурдани маблағҳо ва сарфаи вақт аҳамияти калон дорад.
Сафаргули АЛИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 186

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед