logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ - РОҲ БА СӮИ САОДАТ

Пешаи омӯзгорӣ танҳо ба назар одӣ менамояд. Дар асл таълиму тадрис корест басо мушкил. Омӯзгор бояд аз дигар қишри ҷомеа фарқ дошта бошад, бо дониш, бо ақлу фаросати хеш. Барои расидан ба пояи омӯзгори асил ӯро зарур меояд, ки пайваста омӯзад. Аз китобу маҷалла, рӯзномаву ахбор огаҳии доимӣ дошта бошад. Ба дарсҳо бо тайёрии пухта ҳозир шавад, васоити аёнӣ омода созад, бо волидайн иртиботи қавӣ дошта бошад. Нафаре, ки пурра аз иҷрои ин ҳама талабот бо сарбаландӣ баромада метавонад, он гаҳ ӯ ба муваффақият ноил мегардад, соҳибэҳтиром мешавад. Ва он гаҳ ӯ ба мартабаи омӯзгори асил мерасад.
Хушоянд аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти омӯзгорон суханони шоиста иброз намуданд: «Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 - умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд».
Албатта, ин ҳама дастовардҳо тавассути ғамхории Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари давлат мебошанд. Бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат сол ба сол теъдоди мактабу ҳунаристонҳо меафзояд. Мактабҳои нави замонавӣ бо тамоми шароити муосири таълимӣ қомат меафрозанд.
Дар навбати худ омӯзгорон низ бояд тамоми малака, дониш ва неруи хешро баҳри таълиму тарбияи насли наврас равона созанд. Сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтару хубтар ба роҳ монанд.
Албатта, мо – омӯзгоронро зарур меояд, ки аз ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат илҳом гирифта, баҳри беҳбуди таълиму тадрис аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барем. Зеро маҳз меҳнати ҳалоли омӯзгорон метавонад ба рушди бемайлони Тоҷикистони азиз такон бахшад.
Қурбонгул СОЛИЕВА,
омӯзгори МТМУ №21 - и ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 243

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед