logo

фарҳанг

ДАВЛАТ ҲАМА З-ИТТИФОҚ ХЕЗАД...

Таърих собит намудааст, ки ҳар ҷомеа дар сурате бо низом пеш меравад ва ҳамаҷониба камол меёбад, агар мардум якдилу якмаром, дӯсту бародар, дастгиру пуштибони ҳамдигар бошанд, дар паноҳи якдигар рӯзгор гузаронанд, ягонагӣ, иттиҳоду иттифоқ ва ваҳдати миллиро шиори асосии худ қарор диҳанд, меҳри Ватанро дар дил устувор парвардаву ғамхори халқу миллати хеш бошанд.

Аз ин рӯ, рушди ҳар давлат ба мавқеъ ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ, фарҳангии он вобаста аст. Бавижа ҳамин ваҳдат, ифтихори ватандорӣ ва ҷамъияти комил буд, ки Тоҷикистони азиз дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ шукуфотару пуршукӯҳтар гардид. Мардуми Тоҷикистон ҳама ҷамъ омаданд ва якҷоя баҳри ободии кишвар камари ҳиммат бастанд ва ҳама душвориҳоро бартараф сохтанд. Ба ин маънӣ Низомии Ганҷавӣ фармуда:
Ду дил як шавад бишканад кӯҳро,
Парокандагӣ орад андӯҳро.

Маҳз ба шарофати ваҳдат, ҳамдастӣ ва иттиҳоду иттифоқ мардуми банангу номуси кишвари мо ба зинаи баланди тараққиёти худ расид. Аз ин рӯ, мо ваҳдати миллиро азиз медорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мардуми Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба чашми худ дидаанд. Маҳз аз ҳамин хотир, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошад. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем».
Пешвои муаззами миллат барои ваҳдат, ягонагиву якпорчагӣ талош меварзанд. Боиси хушнудӣ ва мояи сарбаландист, ки кӯшишу талошҳои Сарвари давлат натиҷаҳои судманд ба бор оварданд. Ҳангоме ки 27 июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ба назарам ба тану ҷони Тоҷикистон насими тоза вазид, дили шикастаи мардумро шодиву сурури беандоза фаро гирифт. Оштии миллӣ, ваҳдат ба одамон пару бол бахшид ва онҳо бо камоли шавқу завқ баҳри сарсабзии Тоҷикистон камар бастанд.
Дар ҳақиқат ваҳдат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангиву маънавии ҷомеа аҳамияти бағоят калон дорад. Ҳар сол бо тантана ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз арзиши муҳими ин рӯзи саид гувоҳӣ медиҳад. Ин ҷашн моҳияти баланд дошта, халқи заҳматкаши тоҷикро боз ҳам ба якдигар қаринтар ва меҳрубонтар месозад.
Фарҳангу заковати фитрии миллати мо, таҷрибаи дӯстиву ягонагии мо ҷаҳонро фаро гирифтааст. Пас, иттиҳоду иттифоқи мо бояд қавӣ бошад, то шаҳрвандон битавонанд дасти ба даст мушкилоти мавҷудаи кишварро ба таври бояду шояд ҳаллу фасл бинмоянд.
Дарки ин нуктаи бағоят муҳим, бевосита барои наслҳои ҳозираву оянда, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаву донишгоҳҳо сабақ меомӯзанд ва ниёзманди тарбиятанд, зиёда зарур бувад. Бинобар ин, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳо бояд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳияти Ваҳдати миллӣ корҳои зиёдеро анҷом диҳанд. Дар ин бобат онҳо шароиту имконоти фаровоне доранд.
Дарси адабиёт аз аввал то ба охир тарбият, аз ҷумла тарбияти ваҳдат аст. Адибону мутафаккирони тоҷик дар бораи ваҳдат, ягонагӣ, ҳамдастӣ ва якпорчагӣ андешаҳои ҷолиб ба мерос гузоштаанд. Аз ҷумла, ин қитъаи машҳури Шайх Саъдии Шерозӣ, ки ҳама медонему пайваста ба хотир меорем, бояд оғози ҳамагуна суҳбату ҷаласаву маҳфилҳо бошад:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бале, инсонҳо ба ҳазорон ришта бо якдигар пайванданд, бинобар он, бояд ғамхору ғамшарики ҳамдигар бошанд, дар ҳар маврид ба якдигар дасти мадад дароз кунанд. Чи хуш аст, ки имрӯзҳо халқи мо ба таври барҷаста ягонагиву якпорчагии хешро намоиш медиҳад: дар иншооти бузурги аср, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун сокинон, мутахассисон ва соҳибкорони мамлакат китф ба китф ниҳода, саҳм мегузоранд,
Нифоқ миёни мардум ҷудоӣ меандозад, одамонро пароканда, парешон ва овораю сарсон месозад.
Суханварон, фозилону донишмандон барои он, ки инсонҳо аз ҳам ҷудо набошанд ва парешону пароканда нагарданд, онҳоро ба ягонагӣ ва ваҳдат даъват кардаанд. Аз ҷумла:
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад,
таълим медиҳад Саъдии Шерозӣ.
С. ТУРОНОВ,
ходими илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 323

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед