logo

фарҳанг

САДА. ТАҶЛИЛИ БОШАҲОМАТИ ИН ҶАШНИ БОСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» - и пойтахт  Ҷашни миллии Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Ҳунармандону кишоварзон ва кадбонуҳои маъруфи шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсули дасти хешро дар раванди баргузории ҷашн манзури меҳмонону сокинони пойтахт намуданд. Санъаткорони варзидаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ бо ҳунари зебо хотири ҳозиронро болида сохтанд. 
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ба маҳсули заҳмати ҳунармандону кишоварзон ва кадбонуҳо баҳои баланд дода, сокинони мамлакатро бо фарорасии ин иди ниёгон табрик  гуфт ва барои оростани ҷашни зебо ба пешкорону ҳозирон изҳори сипос  намуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳор дошт, ки Сада оини меҳрпарастӣ  ва ҷашни бостонии ниёгони тамаддунпарвари мо буда, ба  зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар радифи ҷашну оинҳои дигари таърихию фарҳангӣ, назири Наврӯзу Меҳргон аз нав эҳё гардид.
Намоиши дастоварду навовариҳо дар соҳаи кишоварзии мамлакат яке аз қисматҳои муҳими чорабинӣ буд. Кормандону мутахассисони соҳаи  кишоварзӣ, олимону устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ номгӯйи тухмиҳои нави серҳосили зироатҳо, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулбуттаҳо, техникаю олоти кишоварзӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолиро муаррифӣ намуданд. Намунаи олии сардхона барои нигоҳдории картошка дар шароити кӯҳистон ба сокинону меҳмонони пойтахт намоиш дода шуд.
Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғпарварию сабзавоткории АИК, изҳор дошт, ки Ҷашни бошукӯҳи Сада дар кишвар боз як бори дигар кишоварзони гӯшаю канори ҷумҳуриро ба ҳам овард. Ин ҷамъомади ботантана шароит фароҳам овард, ки дастовардҳои соҳа ба таври васеъ муаррифӣ шаванд ва кишоварзон бо усулҳои нави парвариши зироатҳо ошно гарданд. Сардхонае, ки ба намоиш гузошта шуд, дар шароити кӯҳистон бе ягон воситаи иловагӣ 400 – 500 тонна картошкаро муддати дароз нигоҳ медорад. Ин дастоварди олимони соҳа, пеш аз ҳама, самари ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кори олимону мутахассисони соҳа мебошад. 
Бо дастгирии Сарвари давлат олимони соҳаи  кишоварзии мамлакат солҳои охир қариб 12 ҳазор навъи зироатҳои ватаниро ҷамъоварӣ намуда, дар ин ҳамоиши идона намунаи онҳоро ба намоиш гузоштанд.
Дар намоиши идона баробари  кишоварзон ҳунармандони пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар номгӯйи зиёди маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла  тоқию гулдӯзиҳо, ҷӯробҳои гуногунранг, атласу адрас, қолин, сабад, инчунин, навъҳои зиёди нону шириниҳои тоҷикиро пешкаши тамошобинон намуданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2018    №: 25    Мутолиа карданд: 101

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед