logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МОДАР ПИСАРИ 80 - СОЛААШРО ХАБАРГИРӢ ОМАД
Ада Китинги 98 - сола  ба хонаи пиронсолон барои нигоҳубини писари 80 - солааш Том омад ва ин хабар дар расонаҳои ҷаҳонӣ пахш шуда, ҳамагонро ба ҳайрат овард.
То вақти ба нафақа баромадан Том ба ҳайси рассом дар яке аз коргоҳҳои бадеӣ кор мекард. Аммо аз соли 2016 ба хонаи пиронсолон омад. Модараш низ ба кумак эҳтиёҷ доштани писарашро дида барои нигоҳубинаш он ҷо ҳозир шуд.
Модару писар то дергоҳ ҳамроҳ нишаста суҳбат карданро дӯст медоранд. Телевизорро ҳам бо ҳам тамошо мекунанд. Модар ҳар шаб пеш аз хоб аз пешонаи писараш бӯсида, барояш хоби хуш орзу менамояд ва субҳ бо навозиш бедор мекунад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ҶОМИ ҶАҲОН. ҲАРФҲОЕ, КИ БОВАР НОКАРДАНИСТ
 Бо назардошти он ки ҷоизаи  Ҷоми ҷаҳони футбол миёни мунтахабҳои миллӣ ва, умуман, тамоми мухлисони ин намуди варзиш  мавқеи меҳварӣ дорад, тасмим гирифтем то чанд саргузашти аҷиби ин ҷоизаро пешниҳоди хонандагон намоем.
Дар арафаи  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҷом дар ихтиёри италиёвиҳо-қаҳрамонони чемпионати ҷаҳонӣ дар соли 1938 буд. Аз сабаби нооромиҳои дохилии Италия, президенти федератсияи футболи ин кишвар  Отторино Барасси даст ба дуздӣ мезанад. Ӯ  бо роҳи пинҳонӣ Ҷомро аз хазинаи бонк рабуда, онро дохили қуттии пойафзол дар зери рахти хоби худ мегузорад, то он ба дасти фашистон наафтад. Хушбахтона, кӯшиши аввали яғмогарон нобарор хотима ёфта, онро соли 1950 аввалин чемпиони ҷаҳонии футбол дар солҳои баъди ҷангӣ тими миллии Уругвай ба даст овард.
Бори дувум Ҷоми ҷаҳон ба таври ғайричашмдошт се моҳ қабл аз оғози Чемпионати ҷаҳонии соли 1966 дар Англия нопадид гашт. Ҷоизаро дар толори муҳташами Вестминстер ба маъраз гузошта буданд. Новобаста ба посбонии шабонарӯзӣ ба ғоратгарон муяссар шуд, ки санаи 20-уми марти ҳамон сол ба толор даромада,  онро бо худ баранд. Тамоми неруҳои амниятӣ ва полиси Англия барои ҷустуҷӯи Ҷом сафарбар шуд. Англисҳо ҳатто саросемавор нусхаи Ҷомро барои рӯзи мабодо омода карданд. Мамлакатро аз шармандагӣ саге бо лақаби Пиклз наҷот дод. Ҳангоми сайру гашт бо соҳиби худ Дэвид Корбет дар гирду атрофи Нортвуд (ноҳияи ҷанубии Лондон), чашмони Пиклз дар байни буттазорҳо ба рӯймоле афтид. Корбетт, ки мухлиси футбол буд, ба осонӣ Ҷоми ҷаҳон будани ганҷинаи дар пешаш бударо дарёфт ва онро дарҳол ба кумитаи тадорукот баргардонд. Соли 1970, пас аз ғалабаи сеюми мунтахаби Бразилия дар Чемпионати ҷаҳон Ҷом то абад ба ихтиёри бразилиягиҳо гузашт. Моҳи декабри соли 1983 ҷаҳонро хабари дуздида шудани Ҷоми ҷаҳон дар ҳайрат гузошт. Дуздон Ҷомро аз бинои Федератсияи футболи Бразилия, воқеъ дар шаҳри Рио-де-Жанейро рабудаанд. 4 нафар барои ин амал ба ҷавобгарӣ кашида шуд, аммо ин навбат Ҷом пайдо нагардид. Бразилиягиҳо маҷбур шуданд нусхаи ҷоизаи Жюл Ремеро бисозанд. То имрӯз ду фарзияи асосӣ вобаста ба гумшавии Ҷом мавҷуд аст. Якум онро гудохта қисм - қисм фурӯхтаанд, дувум дар дасти шахси номаълум маҳфуз аст.
 Ҳамин тавр, ҷоизаи асосии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол (ҳамчунин, онро бо номи Жюл Реме - бунёдгузори Чемпионати ҷаҳон низ мешиносанд), ки аз соли 1930 то ба соли 1970 ба ғолибони чемпионати ҷаҳон супурда мешуд, пас аз бори сеюм ба тороҷ рафтан нопадид гардид. Шурӯъ аз соли 1974 ба қаҳрамонони ҷаҳон оид ба футбол, ҷоизаи нави Ҷоми ҷаҳонии ФИФА супурда мешавад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


10 КИТОБХОНАИ НОДИРИ ОЛАМ
Рамзи хираду ҳикмат
Соли 2011 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ бо тарҳу симои  замонавӣ  дарҳои худро ба рӯйи ҳаводорони олами китоб боз намуд. Ин шоҳкории меъморӣ чун бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ эътироф гардидааст.
Китобхонаи мазкур дар шакли нимдавра бо санъати миллии меъморӣ сохта шуда, қисмати пешаш бо сафи пайкараҳои бузургтарин шоирону нависандагони классику муосир оро ёфтааст. Масоҳати умумии китобхона 45 ҳазор метри мураббаъ буда, 167 метр бар ва 52 метр баландӣ дорад.
Китобхона дорои  40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории  нусхаҳои китоб ва нусхаҳои хаттии бостон, толорҳои аудиовизуалӣ, кишварҳои хориҷӣ,  электронӣ ва  чопхона мебошад. Истифодаи манобеи электронӣ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии китобхонаро мавриди истифода қарор диҳанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БОЛТО. ҶОНВАРИ ҶОНФИДО
Соли 1925 дар шаҳраки Номи Аляска бемории шадиде хуруҷ кард.  Рӯз то рӯз талафоти кӯдакон дар ин шаҳраки дур аз марказ авҷ мегирифт.  Ғайри интизор  ҳамон сол барфи зиёд борида, имкони дастрас намудани доруҳоро маҳдуд гардонд.
Аз ноилоҷӣ  дар ҳайати 20 роҳбаладу 150 саги тозӣ  корвоне таъсис доданд, ки барои наҷоти аҳолӣ маводи дорувориро дастрас намояд. Роҳбаладон дар сардии 51 дараҷа роҳро гум карда, ноумед ба қафо баргаштанд. Аммо, ғайричашмдошти ҳайат байни галаи сагон саги ҷавону зираке аз зоти Лайка бо лақаби Болто аз роҳ нагашт. Ин ҷонвари вафодор  бо вуҷуди сардии тоқатфарсо масофаи зиёдеро тай карда, доруҳои лозимаро ба бунгоҳи тиббӣ оварда расонд. Аз ҷасорати ин саг табибон садҳо беморро шифо бахшиданд.
Баъдан,  барои  ин корнамоиаш пайкараи биринҷии  Болторо дар яке аз боғҳои истироҳатии Ню – Йорк гузоштанд. 
Таҳияи С. ГУЛНИСО


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Парашутчии 85 - сола
Нинни Хангстени 85 – солаи нобинои шведӣ бо ҳамроҳии мураббӣ аз баландии 2600 метр аз тайёра худро бо парашут ба замин партофт. Бо ин партофти худ парашутчии куҳансол ба ҳамаи маъюбон ва беморон собит кардан мехост, ки ҳар гуна намудҳои варзиш на танҳо барои ҷавонон, балки барои пирони хуб машқдида низ дастрасанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


7 ШАХСИЯТИ ШИНОХТАЕ, КИ ДАР ФИЛМ НАҚШИ ХУДРО БОЗИДААНД
3. Жан-Клод ван Дамм
Жан-Клод ван Дамм ҳунарманд, коргардон, филмноманавис ва продюсе-ри белгиятабори Ҳолливуд мебошад.
Ван Дамм дар зиёда аз 50 филм нақш офаридааст, ки машҳуртарини онҳо «Варзиши хунин», «Кикбоксёр» , «Киборг» , «Сарбози универсалӣ», «Посбони вақт»  ва ғайра мебошад. Солҳои аввали фаъолият зуд ба комёбӣ ноил гашт ва ҳақмуздаш беш аз 8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Филмҳои охири солҳои 90-уми асри гузашта нақшбозидааш маҳбубият пайдо накарданд. Баъдан, соли 2007 дар драмаи «Жан-Клод ван Дамм» нақши худро бозид, ки аз ҷониби муҳаққиқон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт. Ин ягона филмест, ки ван Дамм дар он нақши худро иҷро кардааст. 
Таҳияи Комрон САФАР


ЯК ДАҚИҚАИ ИНТЕРНЕТ
Дар аввали пайдоишаш интернет шабакаи хурди амрикоӣ буду зиёда аз сад нафар дар он кор мебурд ва қариб ҳама якдигарро мешинохтанд. Акнун он ба як сохтори бузурги иттилоотӣ табдил ёфтааст, ки миллионҳо нафар ба василаи он бо ҳам дар иртиботанд. Аз рӯи таҳлилҳо дар ҷаҳон бо интернет беш аз 2 миллиард одам кор мекунад. Ин аст, ки иртибот дар шабакаи интернет ягон дақиқа ҳам қатъ намешавад.
Зимнан, дар як дақиқае, ки мо ба интернет чанд ҳарф ворид месозем, хизматрасониҳои почтаи шабакаи ҷаҳонӣ 204 миллион мактуб қабул мекунанд, дар «Facebook» 2,46 миллион пост чоп мешавад, дар «Twitter» 277 000 хабар нашр мегардад, дар «Google» 4 миллион ҷустуҷӯи дархостӣ ва дар «YouTube» бошад, 72 видеомавод гузошта мешавад.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


МЕЛ ФИШЕР ЧӢ ХЕЛ ЯК КӮДАКИ ОРЗУПАРАСТ МИЛЛИОНЕР ШУД?
Хазина ёфтану яку якбора доро шудан орзуи бачагии ҳар кадоми мост. Пасон, зиндагӣ моро муътақид бар он месозад, ки ҳеҷ чиз муфт ба даст намеояд. Аммо Мел Фишер андешаи дигар дорад ва аз орзуи худ ҳеҷ гоҳ даст накашидааст.
Ӯ тамоми умр паси дарёфти хазинаҳои гумшуда мегардад. Дар ин роҳ тамоми дороиашро сарф карда, аз тамоми роҳу воситаҳо истифода бурд. Бо ин содагиаш то ҳадде машҳур шуд, ки Мелро дар ин кор мутахассиси ҳирфавӣ низ меҳисобиданд.  Аммо бахт якбора ба рӯяш хандид. Ҳарчанд ки ба Фишер муяссар гашта буд, ки чандин хазинаи хурду бузурги гумшударо пайдо намояд, бузургтарин бозёфташ ӯро якбора шуҳраи офоқ намуд. Хазинаи навбатии ёфтаи ӯро 450 миллион доллар нархгузорӣ намуданд. Мел ин бозёфти нодирро аз киштии як вақтҳо зериобмондаи испании   «Аточа» пайдо намуд, ки дар соҳилҳои Ки – Уэста ҷойгир шуда буд.
Ҳарчанд ин бозёфти Фишерро моли ӯ ҳисоб намекарданд, ӯ дар судҳои пайдарҳам барпошуда ҳуқуқи соҳибии худро ба ин бозёфт истодагарӣ мекард. Оқибат ӯро соҳибмулки ин хазина ҳисобиданд.
Аввалин коре, ки Фишер кард бо инвесторҳояш ҳисобӣ намуд. Пасон, бозёфташро миёни ҳайати киштӣ тақсим кард.
Қиссаи Фишер ба мо меомӯзад, ки кӯдак мондан хуб набошад ҳам, аз орзуҳои айёми туфулият даст накашидан самари хуб меорад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


16 СӮЗАН. МУАММОИ БАДАНИ ЯК ТИФЛ
Ҳангоми муоинаи тиббӣ дар меъдаи кӯдакон ва баъзан калонсолон  ошкор кардани тугма, танга ва ғайра ҳодисаи нодир нест. Аммо ҳодисае, ки бино ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар вилояти Намангон рӯй додааст, боиси ангушти ҳайрат газидан гашт. Модаре кӯдаки 11 - моҳаашро ба беморхона меорад. Ҳангоми ташхис табибон дар бадани вай 16 сӯзан дармеёбанд. Ба гуфтаи модараш, ин миқдор сӯзан қариб як моҳ боз дар бадани кӯдак будааст.
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии тиббии шаҳри Тошканд 9 соат ҷарроҳӣ карда, аз бадани бемори ғайриодӣ 13 сӯзанро бадар меоранд. Бо назардошти синну соли вай, табибон тасмим гирифтанд, ки сӯзанҳои боқимондаро баъдтар бигиранд.
Ба гуфтаи роҳбари шуъбаи кӯдаконаи бемористон профессор Ҳабибулло Акимов, сӯзанҳо дар чунин мавридҳо на дар “ҷои маъмулӣ” меъда, балки дар ҳар куҷои бадан буданд. Ӯ хулоса мекунад, ки кӯдак онҳоро мустақил фурӯ набурдааст? Пас онҳо чӣ гуна дар баданаш пайдо шуданд? Саволест, ки мақомот посух меҷӯяд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
46.Кӯшиш намоед, то ақидаи дигаронро низ қабул кунед.
47. Тарс вуҷуд надорад, он танҳо дар ниҳоди шумост.
48. Ҳаргиз ташвишро ба дил роҳ надиҳед, то шуморо ранҷур насозад.
49. Ашхосе, ки таваккал мекунанд, ҳатман ба муродашон хоҳанд расид. Шахси тарсу ҳамеша мувоҷеҳи шикаст мегардад.
50. Барои мусоҳиби хуб шудан, гӯши шунаво бояд дошт.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
14. Чархи Фолкерк
Чархи Фолкерк – нахустин ва ягона дар дунё лифт барои қаиқ мебошад. Он амалан 180 дараҷа давр гашта метавонад. Киштӣ бо канал ба қабати поини пул ворид мешавад, пас аз ин механизм тобхӯрда, қаиқро ба қуллаи канал мебардорад. Ин усули нодири пайвастани каналҳо шаҳодати бозёфти ғайриодӣ дар меъмории муосир мебошад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


РАҚАМҲОИ БУЗУРГ ДАР БОРАИ МАМЛАКАТҲОИ ХУРД
Ватикан аз ҳама давлати хурдтарин дар ҷаҳон мебошад. Масоҳати он ҳамагӣ 44 гектарро ташкил медиҳад. Он фурудгоҳ надорад, лекин соҳиби майдони чархбол ва роҳи оҳан бо дарозии 852 метр мебошад. 
Ҷумҳурии Палау – давлати ҷазиравӣ мебошад. Дар он кӯли Медуз ҷойгир аст, ки 1500 намуди моҳиҳои тропикӣ, 130 намуди наҳангҳо ва бисёр ҳайвоноти ширхори нодири обӣ дорад. Соли 1995 Ҷумҳурии Палау муъҷизаи зериобии олам эълон шуд.
Вануату ду шуъбаи хеле аҷиби почта дорад: яке дар вулқон ва дигаре зери об.
Сокинони Андора аз ҳама умри дароз мебинанд. Давомнокии миёнаи умр дар ин ҷо 83 солро ташкил мекунад. Аз рӯи ин нишондод мамлакат ҷои дуюмро дар ҷаҳон (баъди Ҷопон) мегирад. Барои дарозумрии ҳаёт ҳавои тоза ва нисбатан сарду иқлими офтобӣ (300 рӯзи офтобӣ дар як сол) мусоидат мекунад.
Науру яке аз хурдтарин давлат – ҷазира ва ягона кишваре мебошад, ки пойтахти расмӣ надорад.
Таҳияи Г. МАВЛОНАЗАРОВА


АЛИФБОИ ХУРДТАРИН
Алифбои  ротокаси яке аз алифбоҳои хурдтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  Забони ротокаси лафзи шаҳрвандони ҷазираи Бугенвил мебошад, ки  дар уқёнуси Ором воқеъ аст. Ин алифбо аз 12 ҳарф (а, е, g, I, k, o, p, r, s, t, u, v)  иборат мебошад.
Филологияи ин забон ба гурӯҳи забонҳои папуасси (папуасских) дохил мешавад. Ба ин забон на кам аз 4000 нафар муошират мекунад. Ин забон дорои се диалект (лаҳҷа) ҳам мебошад: ротокас, аита ва пипипая.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


53 МИЛЛИОН ДОЛЛАР НАРХИ АЛМОСИ КАЛОНТАРИНИ ДУНЁ
Ширкати «Graff Diamonds» алмоси калонтарини дунёро бо номи «Lesedi La Rona», ки тарҷумааш аз забони маҳаллӣ «Нури мо» аст, ба маблағи 53 миллион доллар харид.
«Мо аз соҳиби ин алмоси ноёб буданамон дар ҳаяҷонем. Ҳатто боварамон ҳам намеояд. Дар фаъолияти кории ман ин лаҳзаҳои хеле ҳассос ва фаромӯшношуданист. Мо хушбахттарин одамонем, ки «Lesedi La Rona» насибамон гардидааст»,- мегӯяд яке аз соҳиби нави алмос Лоуренс Графф.
Алмоси «Lesedi La Rona» моҳи ноябри соли 2015 дар Ботсван ёфт шуда, вазнаш 1109 карат (221,8 грамм) мебошад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ДУРАНДЕШИИ СТАЛИН
Лётчик Борис Ковзан аз қаҳрамонҳои беназири Ҷанги Бузурги Ватанист, ки 4 маротиба тайёраҳои адӯро таран (ҳамлакунӣ бо тайёраи худ ба тайёраи душман) карда, ҷон ба саломат бурдааст.
Баъди супурдани нишони Қаҳрамонӣ, Сталин ӯро ба наздаш даъват карда, дар бораи нақшаҳои ояндааш пурсон мешавад.
- Ба қисми ҳарбӣ бармегардам ва то охир меҷангам,- мегӯяд Ковзан.
- Фикр мекунам, шумо ба қадри кофӣ ҷангидед, - мегӯяд Сталин. – Ана хондан дар Академия бошад, гандагӣ надорад.
-  Зӯри ман барои дар академия хондан намерасад, рафиқ Сталин.
- Шумо ба ман ваъда диҳед, ки мехонед.
-  Ваъда медиҳам, рафиқ Сталин.
- Аҳволи хона чӣ хел,- гӯё осуда шуда, мепурсад Сталин.
- Нав писардор шудам,- бо ҳаяҷон мегӯяд Ковзан.
- Муборак бошад, чунин одамон барои мо лозиманд.
Вақте Ковзан ба ҳавлӣ мебарояд, ӯро аллакай мошин интизор буд. Дар нишастгоҳи ақиб бошад, як бастаи калони лавозимот барои кӯдаки навзод.
- Чӣ кор мекунем?- мепурсад ронанда.
- Хизматро идома медиҳам.
- Шумо ба рафиқ Сталин чӣ ваъда дода будед?
Ковзан дарк мекунад, ки ваъдаи ӯро, аллакай, ҳама медонанд...
Лётчики номварро дар Академия ба осонӣ қабул мекунанд, ҳарчанд ӯ ба ягон савол ҷавоби дақиқ намедиҳад.
Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 26    Мутолиа карданд: 283

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед