logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ СООРОНБОЙ ЖЭЭНБЕКОВ БА ТОҶИКИСТОН

1 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд. Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон
1 феврал баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро барои ташрифашон ба сарзамини  меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки боздиди аввалини расмии роҳбари кишвари дӯст ба ҳайси Президент дар соли таҷлил аз 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ сурат мегирад ва имкон аст, ки зимни ин сафар бо кӯшишҳои муштарак муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.
Зимни мулоқоти хосса ҳар ду ҷониб аз сатҳи рушди босуботи ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноат карда, мавҷуд будани заминаи ҳуқуқӣ ва платформаи сиёсии боэътимодро барои баланд бардоштани суръати ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, аз қабили робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ муҳиму самарабахш ва ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Масъалаҳои рушду густариши ҳамгироию шарикӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СААД баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ зарур шумурда шуд.
Зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин, дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки барои дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду давлат судманди соҳаҳои саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дар бахши аграрӣ, масъалаҳои коркарди муштараки сабзавот ва мева, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои транзити мол, густариши ҳамкории байни корхонаҳо, бизнес ва минтақаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок карда шавад.
Ҳаҷми гардиши савдои байни Тоҷикистону Қирғизистон нокифоя маънидод шуда, барои афзоиши он дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои калони мавҷуда ба нафъи мардумони ду кишвар муҳим шумурда шуд.
Дар самти ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини шароити солим ва муҳайё кардани муносибатҳои хуби дӯстию ҳамсоягӣ, пешниҳод шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷоннок гардонда шавад.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ ва саҳмгузории муштарак дар татбиқи лоиҳаи муҳими энергетикии минтақавии CASA-1000-ро мавриди баррасӣ қарор дода, барои идомаи ҳамкориҳо дар доираи муқаррароти мавҷудаи муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои давраи то соли 2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд. Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи обу энергетика метавонад омили муҳими таъминкунандаи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо гардад.
 Ҳар ду ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро барои истифодаи муштараки иқтидори транзитӣ ва ташкили масирҳои нави нақлиётӣ барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ, ки аз ҷумла дигаргунсозии таъйиноти назорат- гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бунёди роҳҳои минтақавии оҳан ва автомобилгардро тақозо менамояд, таъкид намуданд.
Доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ табодули афкори судманд баргузор шуд. Ҷонибҳо дар ин самт фаъолгардонии кори Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва таҳкими робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумурданд
Дар мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков қабул гардида, санадҳои зерин имзо шуданд:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ - иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон;
Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
Созишнома байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (Полиси молиявӣ) “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодӣ”;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон;
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2018 - 2020;
Созишнома байни Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёркунӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ - омӯзгории тахассуси олӣ;
Барномаи ҳамкорӣ байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дар солҳои 2018 - 2020.
Пас аз имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро барои рушду густариши ҳамкорӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон неку назаррас арзёбӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 26    Мутолиа карданд: 319

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед