logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. ПАРАНДАПАРВАРӢ РУШД МЕЁБАД, ВАЛЕ…

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ озод кардани воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки парандаро аз боҷи гумрукӣ дастур доданд.
Кормандони 4 корхонаи парандапарварии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аз ин иқдомҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат илҳом гирифта, кӯшиш доранд, ки бештар маҳсулоти паранда истеҳсол намоянд. Инҳо корхонаҳои «Парандапарвари Мастчоҳ», «Ганҷи равон», «Мурғи фаровон» ва «Саҷҷод» мебошанд.
Маҳсулоти ин корхонаҳо дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят  ва дигар минтақаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Сокинони ноҳия бо маҳсулоти парҳезӣ ва босифат  таъмин буда, аз маводи пастсифати воридотӣ эминанд.
Қобилхоҷа Қобилов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, дар ин бора иттилоъ дод, ки парандапарварони ноҳия соли гузашта бори нахуст дар давраи соҳибистиқлолӣ истеҳсоли тухмро ба 8 миллион дона расонданд. Алъон саршумори умумии паранда дар ноҳия беш аз 60 ҳазор буда, тамоюли афзоиш дорад. Бо вуҷуди ин, натиҷаҳои парандапарварон ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Корхонаҳо бо иқтидори истеҳсолии худ талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввалия бароварда наметавонанд.
– Аз ин хотир, бо истифода аз имтиёзҳо тасмим гирифтем, дар соли нав бо ворид кардани хати нави технологии истеҳсоли туркӣ парвариши парандаро беҳтару хубтар ба роҳ монем. Имтиёзҳо дар андоз низ ба поинравии арзиши аслии маҳсулот таъсири мусбат мерасонанд ва ин марҳила ба марҳила амнияти озуқавории аҳолиро дар кишвар таъмин хоҳад кард, - гуфт Ҳақназар Одинаев, директори ҶДММ «Парандапарвари Мастчоҳ».
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 27    Мутолиа карданд: 224

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд

ҲИСОР. Кишоварзӣ дар ҳоли рушд аст

ДТТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарад

Донишгоҳи Ломоносов Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи Зебунисо Рустамова

Тими мунтахаби бонувон оид ба футбол муайян шуд

Ҳакамии доварони тоҷик дар Бозиҳои Осиё

02.08.2018


Шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ таъсис ёфт

Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги кишвар ба Ӯзбекистон сафар намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед