logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. СИМҲОИ ТЕЛЕФОНРО КӢ БУРИД?

Қариб  як  моҳ  боз  1500  нафар  муштариёни филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” дар  шаҳри  Хоруғ аз хизмати телефонҳои  муқаррарӣ маҳруманд. 8 январ сокинони шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ огоҳ шуданд, ки телефонҳои хонагиашон кор намекунанд. Ба қатъ гардидани телефонҳо «амалиёт» - и навбатии дуздони шабгард боис шуд. Онҳо шаби 7 январ сими телефонро, ки тариқи кӯпруки автомобилгарди маркази шаҳр ба соҳили дигари дарёи Ғунд мегузарад, дуздиданд.
Ба гуфтаи сардори минтақаи № 12-и ҶСК «Тоҷиктелеком» Амрихудо Гиёев, ҳодисаҳои дуздидани симҳои телефонҳо аслан аз соли 2015 бо фаъол гардидани нуқтаҳои хариди оҳану оҳанпора дар вилоят оғоз гардиданд. Аз он вақт сар карда 25 ҳодисаи дуздии кабелҳо ба амал омад ва ба соҳаи алоқаи вилоят ба маблағи зиёда аз 170 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонда шуд. Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаҳои дахлдор  ирсол гардиданд, вале то ҳол танҳо якчанд ҳодисаи дуздии симҳо ошкор гардидаасту халос.
Ба гуфтаи масъулини соҳаи алоқаи  вилоят, аз соли 2015 то ҳол дар шаҳри Хоруғ 6430 метр симҳои гуногунҳаҷми алоқаро дуздидаанд, ки ин боиси қатъи хизматрасонии алоқа ба 3420 муштарӣ гардидааст. Дуздон кабелҳоро бурида, месӯзонанд  ва  симҳоро  бо нархи ночиз ба  нуқтаҳои  хариди  металл мефӯрашанд, ҳол он ки нархи аслии симҳои мисдор дар бозор хеле баланд аст ва корхона на ҳама вақт метавонад зарари расондашударо аз ҳисоби худаш барқарор созад. Маҳз ин омил боис гардидаст, ки сокинони маҳаллаҳои Наводак, Тем ва Хирҷи шаҳри Хоруғ муддати тӯлонӣ аз истифодаи алоқаи телефонӣ маҳруманд. Инак,  сокинони  маҳаллаҳои   Заводи  нон  ва  Бизмич, ҳамчунин,  даҳҳо  идораву  муассисаҳои шаҳриву  вилоятии  мустақар  дар  ин  маҳаллаҳо  низ ба хатар мувоҷеҳанд.
Бино ба  иттилои Амрихудо Гиёев, филиали «Тоҷиктелеком» - и вилоят  соли  2017 ба маблағи 526,1  ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст, ки нисбати соли гузашта 28 дарсади камтар мебошад. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ бошад, дар ҳаҷми 121,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин танҳо 47,5 дарсади ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Сабаби коҳишёбии ҳаҷми хизматрасонӣ дар филиали “Тоҷиктелеком”-ро  сардори  минтақа ба  он  низ  марбут  медонад, ки силки нахи нурии ба  самти ноҳияи Мурғоб кашидашуда  нуқсонҳои техникӣ дошта, алоқаи  телефониро  таъмин  карда  наметавонад. Ба ноҳияи Ишкошим бошад, то ҳол силки нахи нурӣ кашида нашудааст. Аз ҳамин сабаб ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим ҳоло аз алоқаи байнишаҳрӣ тавассути нахи нурӣ маҳруманд. Системаи алоқаи шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа низ чанд  вақт боз  кор накарда истодааст.  Дар хизматрасониҳои интернетию факс ҳам мушкилот ба миён омадааст. Қарздории идора аз ҳисоби андоз  409 ҳазор сомонӣ, дебиторӣ 351 ҳазор, музди меҳнати кормандон 30 ҳазор ва ширкати «Помир-Энерҷӣ» 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои сеошёнаи филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар  вилоят ба иҷора дода шуда  бошад  ҳам, аз  иҷорапулиҳо  фоидае  ба  даст  намеояд, ки  ягон  каму  костро  барорад. Агар масъулин  дар  ин самт  чораҳои  бетаъхир  роҳандозӣ  нанамоянд, фаъолияти минбаъдаи ҶСК “Тоҷиктелеком”  дар  вилоят зери суол меравад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 27    Мутолиа карданд: 344

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед