logo

сафарҳо

Дар Туркманистон чор санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Рӯзҳои 9 ва 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  сафари корӣ дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон қарор дошт.

Дар фурудгоҳи шаҳри Туркменбошӣ, ки бо шиору овезаҳо оро ёфта, ҷузъу томҳои горди фахрӣ саф ороста буданд, Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Туркманистон бо эҳтироми хоса ва ҳусни ҳамсоягӣ истиқбол гирифтанд.
Қобили таъкид аст, ки ин сафари корӣ бо ҷараёни мулоқотҳо ва натиҷаҳояш хеле ба сафари расмӣ шабоҳат дошт, зеро сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои бонуфузи ду ҷониб баррасӣ намуданд ва  4 санади нави ҳамкорӣ ҳам ба имзо расид.
«Муносибот бо Туркманистони бародарӣ барои мо аҳамияти хоса дошт, дорад ва хоҳад дошт», - изҳор намуд зимни сӯҳбати хоса Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки  мутобиқат ва ё наздикии мавқеъҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ худ заминаи мусоиди сиёсӣ  аст барои рушди робитаҳои судманди ду кишвар дар ҳама самтҳо.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар навбати худ посух дод, ки дар муносиботи Туркманистону Тоҷикистон боварии байниҳамдигарӣ, ҳусни ҳамсоягию тафоҳум ва дӯстию рафоқат ҳамеша мақоми хоса доранд.
Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд, аз ҷумла баҳри беҳтар намудани равобити нақлиётӣ, шароити рафтуомади шаҳрвандон, рушди тиҷорати дуҷониба ва ғайра. Кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ҳамгироӣ баҳри истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии минтақа аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро даъват намуд, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ҳамкории ду кишвар соли оянда ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад. Даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо 4 санади зерин ба имзо расид:
-  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
-  Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ;
- Протоколи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон;
-Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон.  Зери  он   сарони    ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо гузошта, маросими бастани асноди ҳамкориро ҳусни анҷом бахшиданд.
Зимни сӯҳбатҳо ба таври возеҳу равшан таъкид гардид, ки дар ин сафар Тоҷикистону Туркманистон боз ҳам ба ҳам наздиктар шуданд.
Бегоҳии рӯзи 9 октябр   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар консерти бошукӯҳи идонаи ин кишвар, ки ба муносибати ифтитоҳи расмии минтақаи туристии Аваза дар соҳили баҳри Хазар бахшида шуда буд, иштирок намуданд.
Дар ин консерти бошукӯҳ, ки беш аз 2 соат идома ёфт, ҳамчунин як гурӯҳ аз аҳли санъати Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, дар таҳкиму густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар саҳми намоён гузоштанд.
Дар қатори шумораи зиёди аҳли санъати Туркманистон ҳамчунин як санъаткори туркманзабони Тоҷикистон Пенҷӣ Анаев низ, ки сокини ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон аст, бо медали тилло ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.
Субҳи 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори дигар мулоқот намуда, аз гуфтушунидҳои идомаёфтаи ҳайатҳо натиҷагирӣ намуданд ва ба ҳукуматҳои ду кишвар дастур доданд, ки баҳри дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои худро густариш диҳанд.
Дар охир иттилоъ дода шуд, ки зимни сафари давлатии  Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон ҳамчунин рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Бегоҳии рӯзи 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули корӣ аз шаҳри Туркменбошии Туркманистон ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 646

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед