logo

иқтисод

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРӢ

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон соли гузашта зиёда аз 18 ҳазор нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуд, ки нисбат ба соли пешӣ 3004 нафар зиёд аст.
Бино ба гуфтаи Асилбӣ Наврӯззода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, соли сипаригашта ба 4370 нафар бекорон кумакпулӣ таъйин гардид, ки маблағи умумии он 2, 2 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамчунин, бо роҳхати раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15432 нафар курсҳои кӯтоҳмуддатро хатм намуд.
Раёсат дар ҳамкорӣ бо корхонаю ташкилотҳои вилоят 284 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронд, ки дар онҳо 3525 нафар ба кор роҳхат гирифта, 3013 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо мусоидати раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои агентӣ шахсони эҳтиёҷманд, аз ҷумла 1088 нафар маъюб, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ баргашта ва шахсони аз маҳбас озодшуда бо кор таъмин шуданд.
- Бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии мамлакат дар дохили кишвар ва ба ин васила коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, соли гузашта аз 2052 муҳоҷири ба Ватан баргашта, 427 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин ва 164 нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, - илова кард Асилбӣ Наврӯззода.
Кароматулло РАҲМАТОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 471

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед