logo

фарҳанг

ЗАРГАРӢ ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИСТ

Заргарӣ қадимтарин ва машҳуртарин навъи санъати ороиши миллист, ки тӯли таърих такмилу рушд ёфтааст. Заргарон хеле моҳирона маснуоти зиёди заргарӣ, аз қабили гӯшвора, дастпона, ангуштарин, қулфи гиребон, холчӯб, чолбанд, зира, тӯмор, силсила   месозанд ва аз меҳнати ҳалоли худ зиндагиашонро пеш мебаранд. Гарчанде заргарӣ таърихан касби занона ва мардона буд, дар асрҳои миёна ва гузашта бештар ба мардҳо мансуб гашт. Аммо дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ибтидои асри 21 занони тоҷик ба ин касб хеле таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Шукри оромию осудагӣ, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, ҳунармандон низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар аз имтиёзҳои гуногун бархӯрдоранд ва дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. Ҳифзи мероси ниёгон, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва эҳёи дубораи ҳунарҳои мардумӣ дар меҳвари сиёсати  Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Абдураҳмон Назирматов, мудири кафедраи санъати ороишӣ – амалии Донишкадаи давлатии тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки бевосита ба донишҷӯён ҳунари заргариро меомӯзонад, дар робита ба ин мавзӯъ чунин ибрози андеша намуд: 
- Заргарӣ ҳунарест, ки сабру тоқат, тамкин, зебоиофарӣ ва заҳмати пайвастаро талаб мекунад, зеро ки иҷроиши кор дастӣ аст. Заргарӣ ҳангоми омӯзиш душворию ранҷи зиёд дорад. Кам одамоне ёфт мешаванд, ки  душвориҳоро паси сар намуда, ин пешаи заҳматталабро интихоб намоянд.
Ба андешаи ӯ, ҳунари заргарӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ба таври бояду шояд рушд накардааст. Дар кишвар ягон ташкилоти махсус, ки заргаронро муттаҳид созад,  вуҷуд надорад. Солҳои 2015 - 2016 Ассотсиатсияи заргарон ташкил шуда буд, ки он ҳам бо сабабҳои номаълум аз фаъолият бозмонд. Айни ҳол шумораи зиёди заргарон дар алоҳидагӣ кору фаъолият доранд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи заргарони тоҷик танҳо дар бозори дохилӣ қобили қабул аст.
Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар ин самт талош дорад, ки ҳунари заргаронро сайқал диҳад ва маҳсули дасти ҳунармандонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намояд. Бо ин мақсад заргарони тоҷик мунтазам ба ярмарка – намоишгоҳҳое, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он баргузор мегарданд, даъват мешаванд. Сатҳи маҳорати касбии онҳо низ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.
Миллати тоҷик дорои фарҳанги ғанӣ мебошад ва номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Хушбахтона, ҳоло бо ҳидояти Сарвари давлат дар кишвар ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд ва чунин ғамхорӣ нисбат ба ҳунармандони мардумӣ, албатта, натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 199

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед