logo

иқтисод

РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ - саноат эътибори ҷиддӣ дода, бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани маҳсулотро вазифа гузоштанд. Дар ин замина аллакай дар ноҳияи мо  тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Аз ҷумла,  дар коргоҳи ресандагии мо, ки 180 нафар занону духтарони маҳаллиро бо шароити мусоиди корӣ ва маоши хуб таъмин менамояд, вусъати корҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуд. Айни ҳол моҳе то 100 тонна риштаи аълосифати корхона қариб пурра ба хориҷа содир карда мешавад, ки мо инро натиҷаи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат медонем. Дар комёбии афзоиши истеҳсоли риштаи пахтагӣ дар соли 2017 ҳиссаи хоксоронаи корхонаи ресандагии мо низ ҳаст. Айни ҳол пайи иҷрои дастури дигари Роҳбари давлатем: коркарди ниҳоии ашёи хом, яъне аз риштаи истеҳсолшуда дӯхтану бофтани газвор ва либос. Дар ин ҷода ҳам мо аллакай қадами ҷиддӣ ба пеш гузошта, инфрасохтори сехҳои бофандагиву дӯзандагиро омода кардем. Танҳо насби дастгоҳҳо боқӣ мондаасту халос. Ният дорем, дар муҳлати кӯтоҳ ин корро ба анҷом расонем.
Пешвои миллат дар Паёми худ ёдрас карданд, ки пешрафти кори соҳа бе  кадрҳои баландихтисос, хосса мутахассисони варзидаи соҳаи саноат, амри муҳол аст. Бо назардошти ин тасмим гирифтем, аз ҳисоби корхона якчанд ҷавони маҳаллиро барои таҳсил ба мактабҳои олии соҳавӣ фиристем, то ки оянда мутахассисони хуб шуда, баргарданд. Дигар чизе, ки ҷомеаи меҳнатии моро зимни тамошои ироаи Паёми Пешвои миллат хурсанду  рӯҳбаланд сохт, ин эълон шудани мораторий ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ду соли минбаъда аст. Ҳадаф аз ин, бешак,  пешгирии санҷишҳои беасосу такрорист. Гоҳо маҷбур будем, ки як сохтори назоратӣ санҷишро ба итмом нарасонда, сохтори дигарро «истиқбол» гирем. Табиист, ки баҳсу муайянсозии вазъи воқеӣ вақти қиматро мегирифт ва ба раванди муътадили истеҳсолот бетаъсир намемонд. Ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат ғамхорӣ  дар ҳаққи соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ буда, дар ояндаи наздик самари даҳчанд хоҳад овард.
Ҳакимзода САНГИНМУРОД,
муовини директори кулли ҶДММ «Спитаментекстайл»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 345

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед