logo

иҷтимоиёт

ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ БОРИ НАХУСТ БА ДУШАНБЕ ОМАД

Нахустин бор дар таърих Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Тоҷикистон оварда шуд. Ташаббускори он ширкати «Cocа - Cola» маҳсуб мегардад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати ФИФА ва намояндагони ширкати «Cocа - Cola»- ро раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол гирифтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи Федератсияи байналмилалии футбол нусхаи Ҷоми ҷаҳонии футболро ба раиси шаҳри Душанбе тақдим намуд.
5 феврал дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ва меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенси Душанбе» ҳамаи хоҳишмандон (беш аз 3 ҳазор) ҷоизаи асосии футболи дунёро, ки дар чодари махсус гузошта шуда буд, дидан намуданд ва барои ёдоварӣ дар канораш акс гирифтанд.
Ҷоизаро достонзеби футболи дунё, собиқ ниммуҳофизатгари маъруфи мунтахаби Фаронса, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби дукаратаи Ҷоми қаҳрамонҳои УЕФА Кристиан Карамбе роҳбаладӣ намуд.
- Овардани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ба пойтахти Тоҷикистон барои мо рӯйдоди хушовар аст. Итминон дорам, ки ин рӯйдод ҷиҳати боз ҳам маъруфтару оммавӣ гардидани футбол дар кишвари мо такони тозае хоҳад бахшид. Ба созмондиҳандагони он - ширкати «Cocа - Cola» ва ФИФА барои ворид намудани шаҳри Душанбе ба хатсайри Ҷоми ҷаҳонии футбол ибрози сипос менамоям,- изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.
Боиси тазаккур аст, ки дар иртибот ба ин дар меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенси Душанбе» маъракаи идона идома ёфт. Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, соҳибкорони ватанӣ ва ғайра ширкат ва бо он аксбардорӣ намуданд.
Расидани Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Душанбе фазои идонаро ба вуҷуд овард ва ба ҳаводорони футбол имкон дод, ки дар маркази диққати ҷаҳонии варзиш қарор бигиранд. Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ҳавопаймои махсус аз Бишкек ба Душанбе оварда шуд ва субҳи имрӯз озими Тошканд гардид.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 394

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед