logo

сиёсат

ПАЁМ. РОҲ БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат оварда шудаанд, ифодагари онанд, ки  тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи дурнамо, дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонда мешавад.
Бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз меафзояд. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад, ки дар амалӣ намудани ин иқдом аз  кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланд талаб карда мешавад.
Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, бо вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо ҳанӯз ҳам дар назди мо масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини ҳамаи мо аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю  кӯшиши худро ба хотири пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намоем. Яъне боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самаранокии неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ноил гардем.
Дар Паём масъалаи беҳтар  намудани шароити моддиву иҷтимоии нафақагирон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо низ махсус таъкид гардид, ки ин кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  вазифадор менамояд, барои амалӣ намудани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Бо боварии комил метавон гуфт,  ки Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамо дар ҷодаи  расидан ба зиндагии шоиста ва рӯзгори боз ҳам неку саодатманди мардуми кишвари азизамон нақши муассир дошта, кормандони агентӣ дар татбиқи он саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Сафаралӣ  НАҶМУДДИНОВ,
директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2018    №: 28    Мутолиа карданд: 374

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед