logo

иҷтимоиёт

ПАРТОВ. ИСТИФОДАИ ОН КАММАСРАФУ ФОИДАОВАР АСТ

Захираҳои ангишти Тоҷикистон дар маҷмӯъ бештар аз 5 миллиард тоннаро ташкил менамоянд. Зарурати истифодаи васеи саноатии ангишт дар мамлакат боиси партови ҳаҷман калони хокистари он мегардад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, безараргардонию дар истеҳсолот истифода бурдани комплексии он масъалаи мубраму тақозои замон аст.
Тамоили афзоиши бемайлони истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳурӣ ва миқдори зиёди унсурҳои фоиданоки кимиёӣ дар таркиби он зарурати омӯзиши комплексии таркиби партови ангиштро ба миён мегузорад.
Олими намоёни соҳаи геокимиё А.Сауков имкони аз хокистари ангишт гирифтани алюминий ва дигар маъданҳои қиматбаҳоро  исбот намуда буд. Дар таркиби хокистари ангишт то 35 дарсад – баробар ба ҷинсҳои кӯҳии сиенитҳои нефелиндор гилхок мавҷудаст. Истифодаи алюминий дар ҷаҳон сол ба сол босуръат афзуда истодааст, аз ин рӯ, ин масъала беш аз  пеш  қобили таваҷҷуҳ мегардад.
Истифодаи ангишт дар корхонаҳои саноатии мамлакат, ба мисли ҶСК «Сементи тоҷик», КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», комбинати металлургии Ҳисор, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, дар ҳоли афзудан аст. Аз ин рӯ, истифодаи мақсадноку самаранок ва комплексии чунин партов ба нафъи хоҷагии халқи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ - омӯзишӣ, алалхусус равияи геокимиёвии замони ҳозира, мебошад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вазифаи омӯзишу истифодаи маъданҳои нодиру камёфт низ гузошта шудааст, ки барои иқтисодиёти мамлакатамон аҳамияти калон доранд.
Гирифтани маъданҳои нодиру камёфт аз ангишт ва маҳсули сӯхти он – хокистар нисбат ба конҳои маъданӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ каммасрафу фоидаовартар буда, онро дар корхонаҳои саноатӣ ба роҳ мондан бурди истеҳсолоту ғанӣ гардидани буҷети мамлакат аст.
Ҷивоншо ФОЗИЛОВ,
Бахшидод АЛИДОДОВ,
дотсентони ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 29    Мутолиа карданд: 228

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед