logo

иҷтимоиёт

МУЪМИНОБОД. ТАЪСИСИ 2042 ҶОЙИ НАВИ КОР

Фаро гирифтани аҳолӣ бо шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маркази диққати Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Чунин омадааст дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Роҳбари давлат борҳо таъкид карданд, ки мақсади давлату Ҳукумат муҳайёсозии зиндагии арзандаю шоиста барои мардум аст. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ сол то сол ба касбомӯзии шаҳрвандон, кам шудани сатҳи бекорӣ ва муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Бино ба иттилои сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод Абдуқаюм Исуфов, соли гузашта 2042 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин ва 220 нафар ба омӯзиши касбу ихтисосҳои серталаби бозори меҳнат ҷалб гардиданд. Ҳамзамон, дар ин давра 42 нафар шаҳрвандони маъюб бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ба 414 нафар шаҳрвандони аз хизмати Ватан баргашта ва аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба маблағи 56 ҳазору 400 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Соли 2017 ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод 1003 нафар шаҳрвандон хаттӣ муроҷиат кардаанд, ки 396 нафарашонро занон ташкил медоданд. Аз ҳисоби 20 ташкилоту муассиса ва хоҷагӣ дар назди шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 10 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озоди минтақавӣ ва ноҳиявӣ баргузор шуда, ба корҷӯён 117 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид ва 96 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд. Дар байни онҳо 45 нафарашон занҳо мебошанд.
- Соли гузашта, ҳамчунин, 200 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзии назди муассисаи таълимии калонсолон касбҳои дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, боғпарварӣ, забонҳои русиву англисӣ, компютерӣ, муҳосибӣ, замбӯриасалпарварӣ, кафшергари барқӣ, заргарию чӯбтарошӣ ва бофандагиро хатм карда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардиданд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, албатта, ба афзудани ҷойҳои нави корӣ ва кам шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд, - гуфт Абдуқаюм Исуфов.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 240

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед