logo

фарҳанг

МИСГАРӢ. БОЗГӮИ РАМЗҲО, ЭЪТИҚОД ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

Мисгарӣ ин ҳунари аз мис сохтани олоти рӯзгор, аслиҳа ва ашёи гуногун буда, яке аз навъҳои қадимтарини ҳунармандӣ ба шумор меравад.  Бо маводи мис ниёгони мо аз давраҳои хеле қадим, ҳанӯз дар ҳазораи IV то милод шинос буда, дар ибтидо аз он ҳар гуна зебу зинати мардонаю занона ва аслиҳа месохтанд. Вобаста ба ин муаррихон маълумоти арзишманд додаанд.
Масалан, муаррихи Юнони бостон Ҳеродот дар асри V то милод навиштааст, ки “Мардуми Осиёи Миёна дорои санъати баланди мисгарианд. Онҳо дар сохтани найза, пайкон, зиреҳи асп, табарзин аз мис васеъ истифода мебаранд”.  Ба ин, ҳамчунин, бозёфтҳои зиёде аз ёдгориҳои Саразм, хазинаи Амударё, Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, ёдгории Ҳалқаҷари Хатлон мисоли возеҳ шуда метавонанд.
Авҷи ҳунари мисгарии ниёгони мо ба давраи салтанати сулолаи Сомониён рост меояд. Ҳунармандони пойтахти Сомониён  - шаҳри Бухоро бо сохтани чароғҳои мисӣ хеле машҳур буданд. Дар Самарқанд бошад, зиёдтар дегҳои калон ва ҷомҳои нафис месохтанд. Ҳамзамон, бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт аз шаҳри Ҳаловарди Хатлон дафинаи зарфҳои мисии давраи Сомониён аз қабили кӯза, коса, шамъдонҳоро кашф намуданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ ба назар мерасанд. Яъне истеҳсоли зарфҳои мисӣ ва дигар маснуоти мисӣ дар ибтидои асри X инкишоф ёфта, дар асрҳои XIX  ба дараҷаи такомули худ расидааст.
Ҳамчунин, шаҳрҳои Балх, Хуҷанд ва Истаравшан ба марказҳои асосии истеҳсоли маснуоти мисӣ табдил ёфта буданд. Дар кӯчаҳои ин шаҳрҳо растаҳои махсуси мисгарӣ ва савдои маснуоти мисӣ фаъолият менамуданд. Ҳунармандон барои сохтани ин қабил маснуот аз паргор, пӯлодқалам, қайроқ, болғача ва ғайра истифода мебурданд. Навъҳои хеле маъмули ашёи мисине, ки  ниёгони мо месохтанд  – чойҷӯш, офтоба, табақу коса, дастшӯй, кӯза, шамъдон, рангдон ва қаламдон буданд, ки дар экспозитсияҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаҳои мухталифи онҳо мансуб ба давраҳои гуногуни таърихӣ пешниҳод шудаанд.
Маснуоти гуногунҳаҷми мисине, ки ҳунармандон тайёр мекарданд, баъдан бо дасти наққошони моҳир зебу зиннат дода мешуданд. Маснуоти мисиро бо искана ҳаккокӣ мекарданд ва бо қолабҳои чӯбин гул мепартофтанд. Бештар дар зарфҳои мисини мо баргу гули рустаниҳо, ҷонварон, ҷирмҳои осмонӣ аз қабили Офтобу Моҳу ситораҳо, инчунин, матнҳои динию бадеӣ ба кор бурда мешуданд. Масалан, дастаҳои кӯзаву офтоба ва ҷомҳоро дар шакли боли парандагон, думи ҳайвонот, сари мор оро медоданд, ки ҳар яки он рамз ва хусусияти хосси худро дорад. Хусусан сари мор дар дастаи зарфҳо ва нақши қаланфур бо мақсади дифоъ аз чашми бад сохта мешуданд.
Дар маҷмӯъ, ҳар як ашёи ҳунари мисгарӣ ҳар нақшу матне, ки дар онҳо ҳаккокӣ шудаанд, бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардум мебошанд. Онҳо таҷассумгари олами рангину зебои ҳунари ниёгон буда, бо ҷаззобияти худ ҳар як бинандаро мафтун месозанд. 
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи бостон
ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 232

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед