logo

иҷтимоиёт

ШОДИХОН ҶАМШЕД: “КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ПЕШСАФИРО АЗ ДАСТ ДОДАНД”

- Вазъи таълиму тарбия, ислоҳоту навсозӣ ва таҷдиди муассисаҳои таълимии вилоят, сатҳи омӯзиш ва таълими забони давлатӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро наметавон қонеъкунанда номид, - изҳор дошт Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар машварати назди раиси вилоят, ки фаъолияти соҳаи маорифи вилоятро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гуфтаи раиси вилоят, гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ, ки чанде пеш бо фаъолияти муассисаҳои таълимии вилоят аз наздик ошно гардиданд, камбудиҳои зиёдеро дар фаъолияти он ошкор намуданд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ, ки сатҳи дониши хонандагонро муайян месозад, иштироки мактабиён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Вале тавре натиҷаҳои олимпиадаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, вилоят мавқеи намоёнашро байни манотиқи дигари ҷумҳурӣ дар ин самт аз даст дода, дар зинаи пасттарин қарор гирифтааст. Дар чор соли охир хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 54 медал ба даст оварданд, ки дар қиёс бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ниҳоят кам аст. Дар соли 2017 хонандагони мо ягон медали тиллоро ба даст наоварданд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Мурғоб дар давоми сол дар ягон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ умуман ширкат наварзиданд. Иштироки хонандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар солҳои охир тамоман аз байн рафтааст.
 Шодихон Ҷамшед аз фаъолияти маркази рушди истеъдодҳо, академияи хурди илмии вилоят шадидан интиқод намуда, гуфт, ки ба туфайли фаъолияти сусти ин марказҳо, шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят истеъдодҳои наврас нодида мемонанд ва паёмади манфии он касеро аз роҳбарони соҳаи маориф ба ташвиш намеорад. Дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба ҷобаҷогузории кадрҳои омӯзгорӣ, кормандони шуъба ва кабинетҳои методӣ, дигар сохторҳои маориф диққати ҷиддӣ дода намешавад. Дар шуъбаи маориф ва марказҳои методӣ нафаронеро ба кор ҷалб кардаанд, ки ҳатто бо забони тоҷикӣ озодона ҳарф зада наметавонанд, собиқа, таҷриба ва малакаи дурусти корӣ надоранд. Раиси вилоят ба хадамоти назорат дар соҳаи маорифи вилоят ва мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят супориш дод, ки фаъолияти маркази рушд ва истеъдодҳо ва академияи хурди илмиро дар муҳлати кӯтоҳ пурра санҷида, ба кормандони он аз рӯи собиқаи корӣ, таҷриба, садоқат ба касб баҳои мувофиқ диҳанд.
Зикр гашт, ки тибқи ахбори Маркази миллии тестӣ, довталабон аснои дохилшавӣ ба макотиби олӣ дар интихоби касб душворӣ мекашанд, ҳол он ки онҳо бояд аз рӯи лаёқату донишҳои андухтаашон бо кумаки омӯзгорон аллакай дар синфҳои ҳашту нуҳ равияашонро муайян карда, минбаъд барои ноилшавӣ ба нияташон тайёрии комил медиданд. Дар алоқамандӣ ба ин, раиси вилоят зикр кард, ки аслан хонандагон бесавод нестанд, вале ба тайёр намудани онҳо барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ бояд аҳли маориф ва волидон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Раиси вилоят дар иртибот ба таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят бо либоси мактабӣ ба мудирони шуъбаҳои маориф дастур дод, ки пеш аз ҳама кӯшиш созанд бо корхонаҳои дӯзандагии қаламрави вилоят ва кишвар ҳамкорӣ намоянд.
 Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2018    №: 30    Мутолиа карданд: 214

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед