logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Шашкунҷаи сеҳрнок
Ададҳои аз 1 то 19 - ро тавре дар доирачаҳои ин шашкунҷа ҷойгир намоед, ки ҳосили ҷамъи ҳамаи шаш кунҷ ва аз мобайн ба тарафҳо ба 23 баробар шавад.

Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


НОБИНОӢ ҲАМ ТАБОБАТ МЕШАВАД
Мувофиқи иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар дунё тақрибан 285 миллион кас аз биноӣ пурра ё қисман маҳрум ҳастанд. Хушбахтона, илми тиб рӯз то рӯз тараққӣ карда, олимон технологияи иваз намудани бофтаҳои ҳуҷайраҳоро ихтироъ карда истодаанд. Идеяи мазкур ба профессори донишгоҳи Киото – Синяи Ҷопон Яманака тааллуқ дорад. Ӯ соли 2012 якҷоя бо биологи британӣ Ҷон Гёрдон барои ин ихтироашон сазовори Ҷоизаи Нобел низ шуданд.
Яманака ва ҳамкорони ӯ дар бадани инсон ҳуҷайраҳоеро мушоҳида карданд, ки қобилияти ба ҳолати ҷанинӣ баргаштанро доранд. Мутахассисон қайд мекунанд, ки чунин ҳуҷайраҳоро барои парвариши узвҳо ва бофтаҳои зарурӣ дар трансплантатсия (интиқоли узв) истифода кардан мумкин аст.
Олимон барои нобиноён бофтаи чашм парвариш мекунанд. Озмоишҳои клиникӣ барои интиқоли бофтаи чашм дар донишгоҳҳои гуногун гузаронда мешаванд. Дар донишгоҳҳои Кардиффи Уэллс ва Осакаи Ҷопон ба харгӯшони нобино амалиёти интиқоли бофтаи чашм бомуваффақият ба анҷом расид.
Чунин озмоишҳо дар Маркази клиникии Русия низ гузаронда шуда, аз ҳуҷайраи пӯст бофтаи чашм парвариш мекунанд. Онҳо дар соли 2017  ҷарроҳии 38 нафарро бомуваффақият гузаронданд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ТОҶИК
Донишмандони Шарқ дар тӯли таърих  кашфиёти  зиёде  намудаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Аз сабаби он, ки  дар замонашон ба таври шоиста муаррифӣ нашуданду бозёфтҳои илмиашон тарғиб нагашт, бисёре аз ин ихтирооти нодир бемуаллиф монданд. Ҳатто қисме аз онҳоро донишмандони Аврупо азони худ карданд. Ба хотири муаррифии ин бозёфтҳо  тасмим гирифтем чанде аз онҳоро пешкаш намоем, то хонандагони хушзавқи «Шоми шанбе» аз воқеият бархӯрдор бошанд.

Наркоз
Оё шумо медонед, ки наркозро бори аввал табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино кашф намудааст.
Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро маҳз ӯ аввалин маротиба ҷарроҳии омосро  муваффақона  анҷом дода,  мавриди хушсифат ва хатарнок будани он иттилои пурра дода буд.  Табиист, ки анҷоми ин кор бе  беҳис кардани  инсон оқибати марговар дошт. Ба ин хотир,  табиб  роҳи пурра беҳуш намудани инсонро  ҷуст ва онро пайдо намуд. Дар ин бора худи табиб навиштааст, ки  таҷрибаҳои гуногун гузаронда, якчанд роҳи илман асосноки ба таври сунъӣ беҳис кардани ин ё он узви бадан ва ё тамоман беҳуш кардани  инсонро  пайдо намудааст.  Он замон табибони Аврупо маризонро бераҳмона – ба зарбаи сахт беҳуш менамуданд.
Таҳияи Ф. ФАЙЗАЛӢ


РӮЗНОМАҲОИ СЕРХОНАНДАТАРИН ДАР ҶАҲОН
Имрӯз қариб 70 дарсади иттилоотии ҷаҳонро интернет ташкил медиҳад. Вале, бо вуҷуди ин, рӯзномаҳо бо теъдоди зиёд ба фурӯш мераванд. Агар дар Аврупо ва ИМА таваҷҷуҳи мардум ба интернет зиёд бошад, дар Осиё мардум дар баробари истифодаи он, ба рӯзнома низ  таваҷҷуҳи бештар доранд. Масалан, пештар аз ҳама рӯзномаи серхонандатарини ҷаҳон дар Ҷопон бо номи «Yomiuri Shimbu» маҳсуб мешуд, ки теъдоди чопи он 14 067 000 нусхаро ташкил медод. Дар айни замон, серхонандатарин рӯзномаҳо «International Herald Tribune» ва «New York Times» мебошад, ки хонандагони онҳо беш аз  1,3 миллионро ташкил медиҳанд.
«Аргументы и факты» яке аз қадимтарин ҳафтаномаи Федератсияи Русия ба шумор меравад, он дар китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шудааст. Дар соли 1990 теъдоди нашри ҳафтанома ба 33 431 100 нусха расид. Он замон зиёда аз 100 миллион хонанда дошт.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


ЛОИҲАИ НАВИ ВИКИПЕДИЯ
Мо ҳама ба истифодаи Википедия (Донишномаи электронӣ) тариқи интернет одат кардаем ва кам касоне медонанд, ки варианти китобии лоиҳа низ вуҷуд дорад.
Дар соли 2009 тарроҳи китоб Роб Мэтюс мақолаҳои алоҳидаи қисмати англисии Википедияро зери як ҷилд ҷамъ оварда, ба дасти чоп супурд. Китоб аз 5000 саҳифа иборат буда, ғафсиаш 0,5 метр аст. Ин дар ҳолест, ки мақолоти ба забони англисӣ дар худ ҷойдодаи Википедия аз 3 миллион саҳифа ҳам зиёданд.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА


АСРОРИ НАҶОТИ КӮДАКОН, КИ 50 СОЛ НУҲУФТА БУД
Дар зиндагӣ ашхосе ҳастанд, ки ҳарчанд амали хайреро ба анҷом расонанд ҳам, бинобар хоксорӣ, онро ифшо намесозанд. Яке аз онҳо     Николас Уинтони англис мебошад, ки соли 1938 дар Чехословакияи аз ҷониби истилогарони фашист забтшуда,  669 кӯдакро  аз марги ногузир наҷот дод.
Ин қаҳрамонии ӯ ҳамчунон нуҳуфта мемонд, вале бо амри тасодуф, пас аз гузашти 50 сол,  ҳангоме ки ҳамсараш дафтари қайдҳои соли 1939-и ӯро бо нишонии оилаҳои англис, ки кӯдакони наҷотдодашударо қабул карда буданд, меёбад, ин роз ҳувайдо мегардад.
Баъдан, дафтарро ба рӯзноманигорон медиҳанд ва корнамоии  Николас Уинтон вирди забони оламиён мешавад. 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


БА МИЛЛИОН ЯК САДБАРГИ СУРХ НАМЕРАСИД
Базми хонадоршавии ороишгари чинӣ Ксяо Фан ва ғолиби озмуни «Бонуи Бикини» Ин Ми тӯйи аз ҳама зеботарин эътироф гардид. Домод ба арӯс рӯзи тӯй 999999 садбарги сурх туҳфа намуд, ки гӯё идеяро аз суруди машҳури сарояндаи рус Алла Пугачёва «Миллион садбарги сурх» гирифта бошад.
Ксяо ба дӯстдори худ куртаи аз 9999 садбарг дӯхташударо ҳадия намуд. Чиниҳо ҳамчун миллати қадима ба рамзҳо диққати махсус медиҳанд. Онҳо рақами «9» - ро рамзи ҷовидонагӣ меҳисобанд.
 Воқеан, ороишгари ошиқ савдои яксолаи фурӯшандаи гулро пардохт намуда, бо мақсади оро додани боғе, ки барои тӯй интихоб шуда буд, боз 999999 садбарги сурх харидорӣ намуд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


15 корномаи ҶБВ
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад. Хосса корномаи падарону бобоёни мо дар ҷабҳаҳои ҶБВ фаромӯшнопазир буда, бо гузашти вақт аҳамияти бештар аз пештар касб мекунанд. Ба ин хотир, мо онҳоро бояд ҳамеша пеши назар дошта бошем, то ки ба қадри сулҳу суботи имрӯзаи кишвар ба таври бояду шояд бирасем.
Журналист Антон Ратников аз байни ҳазорҳо қаҳрамониҳо 15 корномаро алоҳида таҳқиқ кардааст, ки тасмим дорем манзури хонандагони «Шоми шанбе» гардонем. Рубрикаи нави «15 корномаи ҶБВ» дар ҳамин бора қисса хоҳад кард.
Ҷон бохту ҷовидон гашт
Александр Матросов (1924-1943) тирандоз – автоматчии баталиони алоҳидаи 2-юми бригадаи 91-уми алоҳидаи ихтиёриёни Сибир ба номи Сталин.
Саша Матросов падару модарашро намешинохт. Вай дар хонаи ятимон ва колонаи меҳнатӣ ба воя расидааст. Вақте ки ҷанг сар шуд, ҳанӯз 20 сол надошт. Ӯро моҳи сентябри соли 1942 ба артиш даъват намуда, ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ фиристоданд, аз он ҷо ба ҷабҳа рафт.
Моҳи феврали соли 1943 баталиони вай ба пойгоҳи такягоҳии фашистон ҳамла овард, вале ба дом афтод. Зери тирборони душман монд, имкони қафогардӣ ҳам надошт. Гитлерчиён аз 3 дзот тир мезаданд. Ду дзотро тарконданд, вале сеюмӣ ҳамоно тири аҷал мерехт.  Аскарони сурх рӯи барф хобида, сар бардошта наметавонистанд.
- «Коре карда дзотро бояд шикаст». Бо ҳамин андеша Матросов ҳамроҳи як  ҳамяроқаш хазида-хазида то дзот наздик омад ва ба тарафаш ду граната ғурронд. Пулемёт аз «забон» монд. Ҷанговарон ба ҳуҷум гузаштанд, вале пулемёт аз нав «зинда» шуд. Тире ба шарики Александр расиду ӯро кушт. Матросов дар назди дзот танҳо монд. Бояд илоҷе меёфт. Барои ба қароре омадан, танҳо чанд сония вақт дошт. Баҳри наҷоти рафиқон Александр бо сандуқи синааш амбразураи дзотро пӯшонд. Ҳуҷум бо ғалаба анҷом ёфт. А. Матросов баъди марг бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр гашт. Соли 1943 Тӯйчӣ Эрйигитов, зодаи ноҳияи Ашт, дар муҳорибаи Сталинград корнамоии Матросовро такрор кард. Ба вай низ соли 1944 пас аз маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


7 шахсияти шинохтае, ки дар филм нақши худро бозидаанд
4. Элдар Рязанов
Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Элдар Рязанов аз коргардонҳои маъруф ва муваффақи ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ соли 1950 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии умумииттифоқии кинематаграфия ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Тӯли фаъолияти коргардониаш Элдар Рязанов филмҳои мондагоре ба монанди «Шебу фарози комёбӣ», «Мӯйсафедҳо-роҳзанҳо», «Саргузашти аҷоиби италиянҳо дар Русия», «Тамасхури тақдир» ва «Вокзал барои ду кас»-ро рӯйи навор овард.
Одатан, Элдар Рязанов дар филмҳои офаридааш нақши худро мебозид, ки  «Тамасхури тақдир», «Вокзал барои ду кас», «Гараж» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  
Таҳияи Комрон САФАР


НОРВЕГИЯ. АСРИ БЕНЗИНУ ДИЗЕЛ ГУЗАШТ
Тибқи иттилои рӯзномаи «Dagens Naevingsliv», дар Норвегия як гурӯҳ намояндагони мардумӣ ва роҳбарони чор ҳизби сиёсӣ пешниҳод кардаанд, ки аз соли 2025 ҳукумат фурӯши автомобилҳои бо бензину солярка ҳаракаткунандаро  манъ намояд.
Ҳоло 20 дарсади парки автомобилии Норвегияи аҳолиаш панҷмиллионнафараро электромобилҳо ташкил  медиҳанд. Моҳи майи соли гузашта Норвегия дар ҷаҳон чорумин кишваре шуд, ки шумораи электромобилҳояш аз 100 ҳазор гузашт. Соҳибони электромобил аз андоз барои харид ва бақайдгирӣ  озоданд. Онҳо аз нуқтаҳои нерупуркунии бепул истифода мебаранд ва дар  хати барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудошуда ҳаракат мекунанд.
Ташаббуси Норвегияро  дар Нидерландия, Шведсия ва Ҳиндустон низ ҷонибдорӣ карда истодаанд. Азбаски қариб тамоми неруи барқ дар Норвегия тавассути неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад, рӯ овардан ба ин нақлиёти барқии арзон ва аз лиҳози экологӣ бехатар мусоид мебошад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


СИГОР ВА МАШРУБОТ ПИРШАВИИ ИНСОНРО МЕТЕЗОНАНД
«Истифодаи миқдори зиёди сигор ва машрубот, дар ҳақиқат ҳам, ба оғози пиршавии зоҳирӣ оварда мерасонад ва инсон аз синни худ нисбатан калонсолтар менамояд», - изҳор медорад «Journal of Epidemiology & Community Health».
Бино ба гуфтаи мутахассисон, сигору машрубот раванди пайдоиши хусусиятҳои махсус дар шакли рӯй ва бадани инсонро метезонад, ки одатан бо пиршавӣ вобастаанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Кӣ зиёдтар?
Рекорди нави ҷаҳониро дар зарба задан ба халтаи пурхок варзишгар Эндрю Дэвиси 18 – сола гузошт: вай дар 12 соат 121 471 зарба зад, аммо дар бораи ҳолати муштҳояш баъди ин рекорд чизе нагуфтааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


КАРАПЕТЯН ВАРЗИШГАР Ё НАҶОТБАХШ?!
Моҳи сентябри соли 1976 дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ  автобусе, ки  дар дохилаш 92 мусофир буд, ба қаъри обанбори Ереван меравад. Ин ҳолатро ҷавони 23 - солаи арманӣ, чемпион оид ба шиноварӣ Шаварш Карапетян дида, бе дудилагӣ  пайи наҷоти одамон худро ба об меандозад. Он лаҳза автобус аллакай то қаъри об ғӯтида буд. Карапетян барои наҷоти ҳар як одам тахминан 30 сония сарф намуд. Аммо, чемпион, баъд аз наҷоти 20 нафар аз торикии қаъри обанбору сардии зиёди об худаш аз ҳуш меравад.
Воқеан, ӯ 8 сол муқаддам низ  якчанд нафарро аз сӯхтор наҷот дода, ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд. Ш. Карапетян барои ин қаҳрамониҳояш бо ордени «Нишони фахрӣ» сарфароз гардонда шуд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
15. Пули Мийо
Дар китоби «Рекордҳои Гиннес» онро чун баландтарин (342 метр) пули дунё сабт кардаанд. «Би-би-си» пулро “яке аз аҷоиботи техникии қарни 21» номидааст. Президенти вақти Фаронса Жак Ширак онро соли 2004 ифтитоҳ намуд. Пули Мийо, ки барои сохтанаш 394 миллион рафт, водии дарёи Тарнро дар Милло убур мекунад, ҳатто баъзан аз абрҳо боло рафта, пеши назари ронандаҳо манзараҳои ҳайратангези Фаронсаро ҷилвагар месозад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


БӮСТОНСАРОИ ПАПАНИН ВА СОЯДАСТИ СТАЛИН
Иван Дмитриевич Папанин пас аз ҷанг дар як муддати кӯтоҳ барои худ бӯстонсарои боҳашамате сохт. Ҳамин ки сохтмон тамом шуд, гурӯҳ-гурӯҳ шахсиятҳои саршиносро ба тамошои он даъват кардан гирифт. Бисёр болидарӯҳ буд, пеши меҳмонон бо ифтихори хос дар бораи «кашфиёт»-и худ қисса мекард. Албатта, ҳама аз зебоиҳои бӯстонсаро дар ҳайрат буданд ва бо навбат дар китоби хотираҳо бардоштҳои худро қайд менамуданд. Дар қатори дигарон  Котиби КМ Жданов ҳам таассуроти худро дар китоби махсус қайд кард. Папанин аз чунин ранг гирифтани ҳол якбора аз худ рафт, ки қарор дод, шахси аввалро низ ба тамошои бӯстонсаро даъват намояд. Аҷиб ин ки Сталин ҳам не нагуфта омад. Мисли дигарон ҳайратзада буд, хеле бодиққат аз ҳавливу ҳуҷраҳои зиёди алоҳида дидан мекард. Бахусус, ба мармарҳои гуногунранг, ки воқеан зинатбахш буданд, таваҷҷуҳаш зиёд шуд. Иван Дмитриевич инро пай бурду ба муаррифии сангҳо гузашт:
- Ин мармари итолиёвӣ, дар ҳаммом бошад, мармари юнонӣ…
Вақте ки тамошо поён ёфт, Папанин китоби қайдҳоро бо эҳтироми хосса ба меҳмони олиқадр пешкаш намуд.  Сталин онро гирифта, варақгардон кард, навиштаҳои чанд нафарро ҳам хонд. Баъд қалам гирифта, кӯтоҳ чунин навишт: «Ба сардори муҳофизони Ҳукумат Т. Власик. Беҳтарин хонаи бачагон. И. Сталин».
Пас аз рафтани меҳмон  Папанин соядастро як бори дигар бодиққат хонду саросемавор ба Жданов занг зад. Котиби КМ ӯро ором карда, бо Власик дар тамос шуд ва тақозо намуд, ки ҳоло нисбати Папанин чорае наандешад, масъаларо худи ӯ бо Сталин ҳал мекунад. Вале, ғайриинтизори Жданов хоҳиши ӯро Сталин қабул накард.
- Дар ин бора фикрҳои мо мухолифанд,- гуфт ӯ.- Бинобар ин, мехоҳам мавзӯи бӯстонсарои Папанин дар Бюрои сиёсӣ баррасӣ карда шавад.
Дар ҷаласаи Бюрои сиёсӣ Сталин тахминан чунин гуфт:
- Шуморо барои он даъват кардам, ки як масъалаи ба андешаи ман бисёр принсипиалиро  якҷоя ҳаллу фасл намоем. Сухан дар бораи  Папанин меравад. Албатта, ҳеҷ кас хизматҳои қаҳрамононаи ӯро инкор намекунад. Давлат маҳз барои корнамоиҳои бемислаш ӯро бо унвони олӣ – Қаҳрамони СССР сарфароз гардонд. Имрӯз ӯ роҳбарии яке аз идораҳои бонуфуз – «Севморпути»-ро бар дӯш дошта, соҳиби бӯстонсарои олиҷаноби давлатӣ низ ҳаст. Вале ҳамаи ин ба рафиқи мо кам намуду барои худ боз як бӯстонсарои дигар сохт. Бӯстонсарое, ки метавонад хонаи хуби бачагон бошад. Охир ҳамаи шумо медонед, ки имрӯз чунин хонаҳо барои фарзандони ятиму бесаробон намерасанд. Ба рафиқ Папанин ҳатто мармари шӯравӣ писанд наомадааст, ки бӯстонсарои худро аз сангҳои итолиёвию юнонӣ оро додааст. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, дар миёни мо ҳастанд аъзои бюро, ки аз чунин амалҳои ноҷо ҷонибдорӣ ва рафиқ Папанинро дастгирӣ мекунанд. Муҳтарам аъзои бюро, синфи коргару деҳқон дар бораи мову шумо чӣ фикр мекунад?  Худатон қазоват кунед,  дар чунин шароит оё мо ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки соҳиби чунин бӯстонсароҳои бо ороиши хориҷӣ бошем?
- Албатта, не,- бо як овоз садо баланд карданд аъзои Бюрои сиёсӣ.
- Ман низ дар ҳамин ақидаам,- маънидорона ба Жданов нигариста,  мегӯяд Сталин.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2018    №: 31    Мутолиа карданд: 315

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед