Хабарҳо
АКАДЕМИЯ. Баррасии публитсистикаи замони истиқлол
Дар Академияи воситаҳои ахбори омма конфронс таҳти унвони «Публитсистикаи замони истиқлол» баргузор гардид. Дар ҷаласа Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон ва доираи васеи олимону рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
- Публитсистика, ҳамчун соҳаи алоҳидаи журналис- тика, мавқеи калидӣ доштани худро дар ҳаёти ҷомеа ҳанӯз дар замони кору фаъолияти устод Садриддин Айнӣ собит намуда буд. Маҳз устод Айнӣ дар ҷаридаҳои нахустини оғози асри ХХI - «Бухорои шариф», «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» тавассути мақолаҳои фошкунанда, таҳлилӣ ва раднопазир баромад карда, мардумро ба бедории миллӣ, худшиносӣ ва ҳақталошӣ ҳидоят кард. Ин рисолатро публитсистикаи муосир ҳам иҷро карда истодааст, - изҳор дошт Масрур Абдуллозода.
Мавсуф илова намуд, ки баъди ташаккул ва инкишофи матбуот публитсистика мавқеи худро боз ҳам устувортар карда, то имрӯз дар инъикоси воқеияти рӯз, масъалаҳои муҳиму рӯзмарра ва шахсияту бунёдкориҳои бузург хидмати арзандаеро анҷом дод.
Мурод Муродӣ, профессори ДМТ, нақши матбуоти давриро барои ба таври мусбат дигар кардани мафкураи ҷомеа ва таҳлилу баҳогузорӣ намудани воқеият муҳим арзёбӣ намуд. «Рисолати публитсистика ҳамчун соҳаи мустақили адабиёт аз он иборат аст, ки ҷомеаро ба дуруст қабул ва таҳлил кардани сиёсати давлатӣ, воқеаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва шахсиятҳои бузург раҳнамун мешавад. Масалан, сохтмонҳои бузурги замони истиқлол, иншооти муҳташами фарҳангиву иқтисодӣ ва инсонҳои хидматнишондода маҳз ба воситаи публитсистика ба таърих ворид мешаванд. Асарҳои «Нақби Истиқлол» - и Бахтиёр Муртазоев, «Мардистон» - и Шералӣ Мӯсо ва даҳҳо очерку мақолаҳои муҳташам дар бораи хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи инҳоянд.
Муаллифони ин асарҳо кӯшидаанд, ки рафти сохтмонҳои бузург ва давлатсозии муосири моро тавассути тасвири рӯзгори сохтмончиён, рафти бунёдкориҳо, мушкилиҳову пешрафти кор ва маишату фароғати онҳо инъикос намоянд.
Иштирокдорони конфронс ба хулоса омаданд, ки донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ба публитсистика таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар раванди ташаккули афкори солиму тараққипарвари мардум ба таври шоиста истифода баранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 131