logo

иқтисод

ЛАХШ. АФЗАЛИЯТ БА КАРТОШКАПАРВАРӢ

- Дар ноҳияи Лахш ба парвариши картошка, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия мебошад, аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Кишоварзони ноҳия соли гузашта дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 87017,5 тонна картошка ба даст оварданд. Ҳосилнокии он 226,2 сентнерро ташкил дод, - иброз намуд сардори бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҳавазбек Маҳмадов.
Тибқи иттилои ӯ, соли гузашта дар майдонҳои кишти картошка чандин намуди касалиҳо ва зараррасонҳо пайдо шуданд, ки ба хоҷагиҳои картошкапарварӣ зарари калон расонданд. Соли ҷорӣ агрономҳои хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо якҷоягӣ бо хоҷагидорон муборизаро бар зидди касалиҳои картошка ва зараррасонҳо вусъат медиҳанд. Имсол аз тарафи олимони Институти боғпарварию сабзовоткории АИКТ барои аниқ кардани касалиҳои зироати картошка санҷиш гузаронданд. Дар баъзе заминҳо фитофитороза ва алтернариоз мушоҳида шуд. Ин касалиҳо ниҳоят зараровар буда, ҳосили картошкаро аз 15 то 70 дарсад кам мекунанд. Барои мубориза бар зидди касалиҳои фитофитороз алтернариоз якчанд намуд заҳрхимикат тавсия дода шуд. Бо даъвати раиси ноҳия Файзулло Баротзода 12 декабри соли 2017 директори Институти боғпарварию сабзовоткорӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ва олимони соҳа дар семинари картошкапарварон ширакат карданд. Барои мубориза бар зидди касалии картошка, интихоби тухмии солим, тарзи дар сардхонаҳо нигоҳ доштани он, инчунин, тарзи нигоҳубини замин ба картошкапарварони ноҳия маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
Имрӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бинобар камбориш ва гарм омадани ҳарорати ҳавои зимистон шурӯъ аз 20 январ дар заминҳои корами обӣ, боғҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ мондани яхоб оғоз гардид, ки барои аз касалиҳо эмин мондани картошка аҳамияти бузург дорад. Имсол мувофиқи нақша бояд дар 2500 гектар замин кишти картошка гузаронда шавад. Барои ин дар ноҳия тибқи дурнамои тасдиқгардида 8924 тонна тухмии босифат захира гардидааст. Тибқи иттилои корманди АИКТ, директори пойгоҳи Лахш Олим Ҷамшедов, барангезандаи касалиҳо дар таркиби хок муддати дуру дароз боқӣ хоҳанд монд. Барои ҳамин киштгардон, шудгори чуқури тирамоҳӣ, яхобмонӣ ва аз алафи бегона тоза намудани майдони кишт аҳамияти махсус дорад.
Таъмин намудани киштзор бо ғизо ва дуруст ба роҳ мондани системаи обёрӣ, яъне андешидани тадбирҳои агротехникӣ сабзишу инкишофи муътадили растаниҳоро таъмин карда, онҳоро ба касалиҳо тобовар мегардонанд, инчунин, ба афзоишу паҳншавии касалиҳо таъсир мерасонанд.
Барои сари вақт таъмин намудани картошкапарварон бо заҳрхимикатҳо ташкил намудани мағозаҳои фурӯши заҳрхимикатҳои баландсифат дар маркази ноҳия мувофиқи мақсад мебошад.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2018    №: 32    Мутолиа карданд: 102

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед