logo

сиёсат

СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. МАРҲИЛАИ НАВ ДАР КАСБИ ЭҲТИРОМ ВА ҶОЙГОҲИ ҶАҲОНӢ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ кишвари мо дар пешорӯи ибтикороти муҳиме қарор дорад, ки он на танҳо ба нафъи мо, балки тамоми мардуми сайёра хоҳад буд.

Бо назардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» пешбинӣ мешавад, ки дар марҳилаи татбиқи ин амр Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар меҳвари таваҷҷуҳи бештар қарор хоҳад гирифт. Аз ҳоло коршиносони умури байналмилалӣ пешбинӣ мекунанд, ки ташаббуси пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шуд, соли 2018 баробари оғози расмии татбиқи даҳсолаи нав кишвари мо мизбони муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд. Зеро дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028», ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март оғоз мешавад, баргузории чандин нишасту конфронсҳо дар назар аст. Ба ин манзур, соли ҷорӣ меҳмонони зиёде ба кишвари мо ташриф меоранд, ки муносибати масъулона бо онҳо ба  касби ҷойгоҳи шоистатар ва мавқеи сиёсии мамлакат таъсиргузор хоҳад буд. Бо ба роҳ мондани сатҳи баланди хизматрасониву меҳмоннавозии тоҷикона дар ин фурусат метавон ба ҳадафҳое даст ёфт, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудаанд. Зеро ҳар шаҳрванди хориҷие, ки аз Тоҷикистон бо таассуроти нек бармегардад, бо зикри ёддоштҳояш метавонад чанд нафари дигарро барои сафар ба кишвари мо моил созад, ки як навъ ҷалби шумораи бештари сайёҳон аст.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамгироӣ оид ба  мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм низ ҷойгоҳи намоён дорад. Чунин мавқеъ, дар Паёми Сарвари давлат ба таври дақиқ арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Тоҷикистон «бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир» ҳамкориҳои судмандро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии  хушунатомез, ки қарор аст, моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, иҷрои амалии ин тааҳҳудот мебошад.
Ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати бобарори дохилию хориҷии Сарвари давлат саҳмгузор бошем. Муҳимтар аз ҳама, бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон дар ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ки асоси муваффақиятҳои беназири мост, фаъолнокии бештар зоҳир намоем.
Фурқат САМИЗОДА,
ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 391

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед