logo

иқтисод

ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ. МУШКИЛОТ ДАР АШТ

Мутахассисони идораи хоҷагии об ва беҳдошти замини ноҳияи Ашт ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави киштукори баҳорӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯанд ва ба кумаки саривақтӣ ниёз доранд, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ ва обёрии 25 ҳазор гектар замини зироату боғҳо дар ноҳия ба кори муътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобастагии қавӣ дорад.
- Дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашии ноҳия куллан фарсуда ва қариб корношоям шудаанд. Муҳлати кори ин дастгоҳу техникаҳои обкашӣ кайҳо гузаштааст ва ҳар замон таъмирро тақозо мекунанд. Акнун онҳоро таъмир не, балки куллан иваз бояд кард, - мегӯяд Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи хоҷагии об ва беҳдошти замини ноҳия.
Охири солҳои 70-уми асри гузашта ба хотири обёрии зиёда аз 61,5 ҳазор гектар даштҳои асрҳои аср бекорхобидаи  ноҳия лоиҳаи «Азхуд кардани Ашти Калон» тарҳрезӣ гашта, 20 пойгоҳ бо 82 агрегати барои ҳамон давр боиқтидор бо кашидани об аз дарёи Сир ин даштҳои лабташнаро обшор мегардонданд. Бешубҳа, ба шарофати кори бенуқсону босамари ин пойгоҳҳо дар ноҳия ҳазорҳо гектар заминҳои нав бо об таъмин ва чандин шаҳракҳои замонавӣ, коргоҳҳо пайдо шуданд. Вале имрӯз замон тақозо дорад, ки ба хотири таъмини муътадили заминҳои азхудшуда бо оби полизӣ, техника ва дастгоҳҳои нав дастрас шаванд. Соли гузашта тавассути кори муътадили пойгоҳҳои обкашӣ наздики 10 ҳазор тонна ғалладона, 3 ҳазору 478 тонна картошка, 9,5 ҳазор тонна сабзавот, 3,7 ҳазор тонна полизӣ, 20 ҳазору 242 тонна мева, 1 ҳазору 286 тонна ангур  истеҳсол шуд. Садҳо муҳоҷири меҳнатӣ соҳиби қитъаи замин шуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис доданд.
Имрӯз Ашт миёни дигар навоҳии тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёришаванда дорои таҷрибаи нодирест: деҳқонон ҷиҳати пурра таъмин гаштан бо об дар тамоми фаслҳои кишту кор маблағи истифодаи обро пешпардохт мекунанд.
Зимистони имсолаи камбориш ва мушкилии пешомадаи пойгоҳҳои обкашӣ масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораи хоҷагии об ва беҳдошти замини вилояти Суғдро водор месозад, ки баҳри ҳаллу фасли саривақтии масъала тадбирҳои мушаххас ва муассир роҳандозӣ кунанд.
Дар мавзеи обкашии пойгоҳҳо - соҳили дарёи Сир дар маҷмӯъ зиёда аз 95 ҳазор метри мукааб лойқа ҷамъ шудааст. Барои кори муназзами муҳаррикҳо мавзеъҳои обкашӣ бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин - то оғози кишту кор тоза карда шаванд. Бино ба иттилои Иброҳимҷон Воҳидов, то моҳи феврал қариб 24 ҳазор метри мукааб лойқаи пойгоҳи обкашии АНС-1-и ноҳия тавассути техникаҳои пуриқтидор тоза карда шуд, вале мушкили асосӣ ҳанӯз дар пеш аст: пойгоҳҳо бояд ба мавсим омода бошанд.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2018    №: 33    Мутолиа карданд: 158

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед