logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ҚОНУНЕ, КИ БА АФЗОИШИ АМАЛҲОИ ХАЙР ЗАМИНАИ БУНЁДӢ ГУЗОШТ

Зиёда аз даҳ сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Қабули ин қонун то андозае ба хурофоту зоҳирпарастӣ, худнамоиву зиёдаравиҳо дар байни мардум  хотима гузошта, барои боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум ва вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат кард.
Ғолиб Давлатов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ зикр намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани қонуни мазкур дар ноҳия 56 комиссияи доимӣ ва 39 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.
Воқеан ҳам, баъди ба тасвиб расидани ин қонун сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзили истиқоматӣ, ободу зебо намудани хона ва, аз ҳама муҳим, ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.
Вале, бо вуҷуди ин пешравиҳо, ҳанӯз ҳам баъзе аз шаҳрвандон ба қонуншиканӣ даст мезананд. Аз ҷумла, соли сипаришуда барои риоя накардани талаботи қонун нисбат ба 22 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба суд ирсол гардид. Маблағи аз ҳисоби ҷаримаҳо ситондашуда 58900 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 20 ҳолати қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд.
- Мо – масъулонро зарур аст, ки фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро тақвият бахшем ва якҷо бо аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус қишрҳои фаъоли ҷомеа, риояи пурраи талаботи қонунро таъмин намоем. Зеро роҳи ягонаи раҳоӣ аз исрофкорӣ ва таъмини некуаҳволии мардум риоя ва иҷрои талаботи ин қонуни башардӯстона мебошад, - илова кард Ғ. Давлатов. 
Кароматулло РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 304

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед