logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Боз як бинои таълимӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қомат афрохт
14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар ҳудуди мактаби рақами 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи обии Варзоб сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, зеро дар ин бино,  ки барои 340 нафар пешбинӣ шудааст, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуд. Бо дарназардошти вазъи ба амал омада ва таъминоти хонандагон бо синфхонаҳои барҳавову замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълим, инчунин, беҳтар кардани сифати тадрис роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр як бинои иловагӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2017 барои бунёди бинои таълимӣ озмун эълон карда шуда, наздики 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИИОСП” ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС - Иншоот” мебошанд.
Мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ ва аз 15 синфхонаҳои дигари таълимӣ иборат аст.
Барои ба талаботи замони имрӯза мутобиқ кардани мактаб дар ин ҷо  толори муосири варзиш, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи таълимӣ бо хонандагони хуштолеъ, ки имрӯз соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат - мактаби нав гардиданд, суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ кардани илму технологияи замонавӣ ҳидоят карданд. Хонандагон низ дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо истифода аз тамоми шароитҳои таълим хубу аъло мехонанд.
Баъди шиносоии пурра бо шароити донишомӯзӣ дар толори маҷлиси ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон ва дигар фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти судманд доир карданд.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба ҳозирин шодбош гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа - мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум андешаронӣ карданд.

Хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни Гвардияи миллӣ
Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5 - ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25 - уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва бо тарҳи замонавӣ анҷом ёфта, бино аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад. Аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32 дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошад. Бинои мазкур бо сарфи наздики 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014 - 2017 бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ - хизматчиёни  ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.
Соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардӯшдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

Бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» - ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид.
Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.
Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ»  тамоми таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин корхонаи муштарак ҳамзамон бо шароиту имконияти автобусҳои нави бандубастшуда шинос шуда, амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонда шудааст.
Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст. Инчунин, тибқи муқаррароти шартнома интиқоли автобусҳо бо шумораи муайян амалӣ карда мешавад ва худи ҳамин рӯз дар марҳилаи дуюм боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамояд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Дар баробари ин, барои омӯзиш ва сайқал додани савияи дониш ва малакаи мутахассисони маҳаллӣ дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо курсҳои омӯзишӣ амал мекунанд, ки аз ҷониби ширкати туркӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Дар оянда масъулони корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобуси дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи  нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли ширкати “Мерседес Бенз” мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад. 
Таъсис ёфтани Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO” имкон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити зисту зиндагонии шоистаи сокинони пойтахт, ҳамчунин, пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат дар соли 2017 аз  Туркия 64 автобуси тамғаи “Исузу” ворид карда шуда буд.
Соли равон дар асоси шартнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркии «AKIA»  марҳила ба марҳила ворид гардидани боз 100 автобуси дигар барои бандубаст дар пешрафти соҳаи мусофиркашонии пойтахт заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.

Шиносоӣ бо шароити Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бино бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Баъди навсозӣ дар бино имкон фароҳам омад, ки Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ ташкил ва 13 федератсияи миллии варзиширо бо шароити сатҳи баланди фаъолият муттаҳид  гардонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бино бо бардоштани парда аз болои лавҳа осорхонаи «Шарафи олимпӣ» - ро расман ифтитоҳ намуданд.
Маҳз зери роҳбарии Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақсадноки кумита ба роҳ монда шуда, дар баробари рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон осорхонаи «Шарафи олимпӣ» рӯйи кор омад.
Дар осорхона дастовардҳои арзишманди варзишгарони ватанӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 25 - соли таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 26 - соли Истиқлолияти давлатӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ба он ноил гардидаанд, ҷой дода шудаанд.
Зимни муаррифии осорхонаи «Шарафи олимпӣ» иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирию пуштибонии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Таъкид шуд, ки варзишгарони кишвари мо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 133 медал ба даст оварда бошанд,  ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 ҳазору 170 медалро ташкил медиҳад.
Масалан, аз 7 то 27 - уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои рамзӣ доир шуданд. Дар ин чорабинии муҳим варзишгарони Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳайати калон, яъне иборат аз 170 нафар, аз ҷумла 128 варзишгар ширкат варзид.
Дар панҷумин Бозиҳои Осиё, ки аз рӯйи 21 намуд сурат гирифт, варзишгарони тоҷик дар 15 навъи он, аз ҷумла баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук, дучархаронӣ, гӯштии анъанавии туркманӣ, гӯштии камарбандӣ ва шоҳмот ширкат намуда, сазовори 51 медал, аз ҷумла се тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ гардиданд.
Соли 2017 - ум барои варзишгарони тоҷик пур аз дастовардҳо буда, дар мусобиқаву чемпионатҳои нақшавии федератсияҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳои зиёд дар ин самт ноил шудаанд. Аз ҷумла, Дилшод Назаров дар мусобиқоти варзиши сабуки Осиё бори чорум, Комроншоҳи Устопириён бори дуюм чемпиони Осиё шуданд ва Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ гашт. Мавриди зикр аст, ки аввалин медали бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Медали дуюмин, ки нуқра буд, дар Бозиҳои олимпии Пекин - 2008 Юнус Абдусаломов дар намуди гӯштии озод ба хазинаи варзишии кишвар ворид намудааст. Дар Бозиҳои олимпии Лондон - 2012 бошад, Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон дар вазни 60 килограмм сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар соли 2016 - ум дар Бозиҳои олимпии Рио - де - Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба хазинаи варзиши тоҷик ворид сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз маркази матбуоти Кумитаи олимпӣ, ки ба хотири қабули меҳмонон ва суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст, дидан карда, бо сомонаи нави кумита шинос шуданд.
Сомонаи расмии Кумитаи олимпӣ дар қолаби нав бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, дар баробари пахши хабарҳои ҳаррӯзаи соҳаи варзиш, инчунин, дар бораи роҳбарияти кумита, аъзои кумита ва кумитаи иҷроия, таърихи кумита, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, чемпионҳо ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё, дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш маълумот медиҳад. Хонанда дар сомона суратҳо ва наворҳои видеоиро аз ҷараёни мусобиқаҳои гуногун тамошо карда метавонад.
Баъди шиносоӣ аз шароити фароҳамовардаи корӣ дар бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ ва ифтитоҳи осорхонаи «Шарафи олимпӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони федератсияҳо, варзишгарон - иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ ва дорандагони медалҳои мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити сатҳи баланд барои машқу тамрин ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ба намудҳои гуногуни варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо арзёбӣ карда, онро беҳтарин василаи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳон номиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2018    №: 34    Мутолиа карданд: 211

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед