logo

иҷтимоиёт

ПИРЯХҲО. НИГОҲИ ДИГАР

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои назорату пажӯҳиши вазъи пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обӣ дар назди Академияи илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт.
Пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ дороии бузурги кишвари мо буда, барои минтақа аҳамияти хосса доранд. Абдулҳамид Қаюмов, профессори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома вобаста ба масъалаҳои мавриди назар андешаҳояшро чунин иброз дошт:
- Пиряхҳо ва доманаи барфҳои мавсимии кӯҳҳои Помир сарчашмаи асосии захираҳои обу энергияи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Аммо, мусаллам аст, ки гармшави давомнок ба масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳо таъсири манфӣ расонда, шумораи онҳоро коҳиш медиҳад. Ҳатто камтарин тағйироти ҳарорати тобистона (ба андозаи 0,5 - 10С) метавонад дар хати барфтӯдаҳои баланд дигаргунии зиёде ворид кунад.
Масоҳату ғафсии пиряхҳо нишондиҳандаи возеҳи таъсири тағйирёбии иқлим мебошад. Лекин бояд донист, ки коҳиши танҳо сатҳи поёнии пиряхҳо нишондиҳандаи ниҳоии деградатсияи онҳо нест, чунки масоҳати яхҳои қисмати болоӣ метавонад дар ҳоли афзоиш бошад.
Пиряхҳои дараҷаи танвири шимолӣ ба гармшавӣ бештар устуворанд. Масалан, пиряхи аз ҳама калонтарини Тоҷикистон – Федченко аз аввали асри ХХ (1928) як километр ақиб рафта, аз назари масоҳат 0,5 дарсад ва дарозӣ 1,5 дарсад тағйир кардааст.
Ҳамзамон, пиряхҳое, ки дар поинтар ҷойгиранд ва дорои ҳаҷми хурдтаранд, аз таъсири гармӣ бештар об шуда, миқдори онҳо коҳиш ёфтааст. Мисол, пиряхи Зарафшон аз соли 1927 то 2010 қариб 2,5 километр  даҳ дарсади дарозӣ ақиб рафт. Пиряхи хурди Диҳандара,  (болооби  дарёи Қаратоғ), ки масоҳаташ як километри мураббаъ буд аз байн рафтааст.
Сарвари давлат дар Паёми худ омӯзишҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва мониторинги доимии пиряхҳоро махсусан таъкид намуданд. Мутаассифона, то имрӯз дар Тоҷикистон кадастри пиряхҳо тартиб дода нашудааст, ҳарчанд ки пажӯҳишҳои ғайримунтазами саҳроӣ ва фосилавӣ анҷом пазируфтанд. Бо назардошти иттилооти мавҷуда, деградатсияи пӯшиши пиряхҳо аз нимаи дувуми асри ХХ то имрӯз бист дарсад: аз ҳисоби об шудан ва аз байн рафтани пиряхҳои хурд ба вуҷуд омад. Мувофиқи маълумоти умумӣ, суръати миёнаи солонаи  деградатсияи пиряхҳо 0,5 - 0,8 дарсад дар ҳар сол аст.
 Барӯйхатгирии пиряхҳои Помир ва Ҳисору Олой аз тарафи Институти илмӣ - тадқиқотии гидрометерологии осиёимиёнагӣ ба ҳолати то соли 1980 рост меояд. Аз рӯи арзёбиҳои пешакӣ, айни ҳол (то соли 2013) пиряхҳо тақрибан масоҳати 7 ҳазор километри мураббаъ ва ё 5 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд.
Оид ба иҷрои супориши Сарвари давлат олимони Институти об, гидроэнергетика ва экология аллакай ба кор шурӯъ кардаанд ва бовар аст, ки шумора, шакл, ҳаҷм ва дигар вижагиҳои пиряхҳои кишвар дар асоси технологияи муосир аз нав омӯхта, дақиқ карда мешаванд.
Арзёбии талафоти ҳаҷми  пиряхҳо масъалаи бисёр мураккаби норасоии иттилоот ва тахминӣ будани ҳисобҳо мебошад. Дар нимаи асри ХХ ҳаҷми пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Панҷ бештар аз 400 километри мураббаъ муайян гардида буд. То соли 2050 дар ҳолати гармшавии ҳарорат то 20С (бидуни тағйирот дар шакл ва миқдори боришот) ҳаҷми ях дар болооби Амударё метавонад то нисф коҳиш ёбад. Аз рӯи баъзе моделҳо воқеан ҳам, гармшавӣ метавонад то 20С расад. Суръати обшавии пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон боиси ғуншавии об гардида, минбаъд дар оянда захираҳоро кам мекунад ва тағйироти номусоиди реҷаи гидрологии дарёҳо ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур на танҳо дар сатҳи Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хосса касб менамояд. Гузариш ба дастгоҳҳои иттилооти рақамӣ ва дастрасӣ ба сифати олии аксҳои кайҳонӣ ба васеъ шудани доираи таҳқиқот доир ба пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Тағийрёбии иқлимро қариб, ки ҳамаи олимон эътироф мекунанд ва ин ҳолати воқеӣ аст, лекин тағйирёбӣ, хусусиятҳои минтақавӣ ва таъсири ин равандро ба кишварҳои аз ҷиҳати потенсиали мутобиқаташон гуногун омӯхта, онро аз ҷиҳати илмӣ ба манфиатҳои миллии худ ҳамоҳанг сохтан вазифаи асосии мост. Дар ин раванд мо бояд ҳамкориро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба роҳ монем.
Пиряхҳо баъзан дар минтақаҳои кӯҳистон харобиҳои зиёдеро ба монанди селу обхезиҳо ба вуҷуд меоранд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 пиряхи «ҳаракаткунанда» мавҷуд аст. Масалан, пиряхи Хирсон гоҳ - гоҳ лағзишҳои босуръат дорад ва метавонад садди роҳи дарёҳо шуда, хатари соҳилро рахна кардани об ва обхезиҳоро ба вуҷуд оварад.
Аз ҷониби дигар, пиряхҳо ба ҷуз аз сарчашмаи об будан, инчунин, як навъ «кондитсионер» ва махзани табиат ҳам ҳастанд. Зеро сардии онҳо дар чор фасл ба мувозинати иқлим ёрӣ мерасонад.
Масалан, дар Антарктида олимон пиряхро зиёда аз 3000 метр парма карда, аз рӯи он омӯзиши иқлими заминро дар давоми миллионҳо сол муайян намуданд. Инчунин, дар таркиби пиряхҳо наботот ва ҷисмҳои зиндаи асрҳои пеш аз мелодро ёфтаанд ва аз ин лиҳоз, пиряхҳоро  осорхонаҳои нодири табиат мегӯянд.
Айни ҳол бо назардошти муҳимоти масъала, аз ҷумла барои  омӯзиши давриву мавсимии пиряхҳо мутахассисон ва ҷавонони фидоиро интизорем. Чунки то дар канори пиряхҳо хайма задаву аз торикиву сардӣ наҳаросида, вижагиҳои онро наомӯзем, хулосаву натиҷаҳо мукаммал намешаванд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 328

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед