logo

Хабарҳо

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ягона системаи қабули ҳисоботи электрониро ҷорӣ кардааст, дар соли гузашта    омори соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ  ва сохтмонро низ бо ин усул ба роҳ монд. Азнавкунии варақаи қайди оморӣ низ мавриди озмоиш қарор дода шуда, соли 2018 бо пуррагӣ ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҳасанзода Гулнора, директори агентӣ, хабар дод.
 Барои беҳтар кардани ҳисоботи оморӣ агентӣ боз 7 шакли нави ҳисоботро илова мекунад. Ҳисоботи омории «Дар бораи касбомӯзӣ дар марказҳои касбомӯзии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолон ва маъюбон», ҳисобот «Дар бораи диаспораҳои (ҷамъиятҳои)  тоҷикон дар дигар давлатҳо», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва  «Дар бораи захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи тайёри озуқа» аз ҷумлаи онҳоанд.
Айни замон Агентии омор барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат  оид ба таҳсили калонсолон  ва  баҳисобгирии  ҷойҳои  кории навтаъсис якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва  шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  шакли  нави  ҳисоботи  оморӣ  таҳия  карда, маълумотро бо ҷамъоварӣ аз мақомоти зертобеи вазорат ба мақомоти омори давлатӣ пешниҳод намуда истодааст.
О. ГУЛБЕРДИЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 301

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед