logo

иҷтимоиёт

КОРТИ ЭЛЕКТРОНӢ. НИЗОМИ НАВИ ПАРДОХТИ РОҲКИРО

Тибқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 ноябри соли 2017) рӯзҳои наздик  нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба пардохти электронии роҳкиро тариқи истифода бурдани кортҳои пластикӣ шурӯъ хоҳад кард. Айни ҳол  санҷиш ва натиҷагирӣ аз ин навгонӣ дар  хатсайри автобуси № 3 идома дорад.

Иқдоми мазкур ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе нав ба ҳисоб меравад ва роҳандозӣ шудани он шоистаи дастгирист.  
Дастгоҳҳои сабти кортҳо ба нақлиёти мусофиркашони коммуналии пойтахт дар терминалҳо  насб карда мешаванд. Ташкилоти ваколатдори ин амал дар шаҳри Душанбе муассисаи коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» мебошад, ки ба 77 хатсайр хизмат мерасонад.
Кортҳои якдафъаина ва дарозмуҳлат дар истгоҳҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ фурӯхта мешаванд. Шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мунтазам истифода мебаранд, метавонанд тавозуни кортҳои дарозмуҳлатро дар терминалҳои маблағгузаронӣ пур кунанд. Кортҳои имтиёзнокро (барои қишрҳои ниёзманди ҷомеа) шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳои пойтахт медиҳанд. Барои меҳмонон истифодаи кортҳои якдафъаина қулайтар аст.
Пардохти электронии роҳкиро тариқи кортҳои пластикӣ ғамхорӣ дар ҳаққи сокинони пойтахт маҳсуб меёбад. Зеро ҳадаф аз ин иқдом ба танзим даровардани ҷадвали рафтуои автобусу троллейбусҳо, хотима бахшидан ба «хизматрасонии пулчинакҳои хушовоз», зоеъ насохтани вақти  кормандони идораю муассисаҳо, хусусан донишҷӯёну омӯзгорон ва аз байн бурдани ноадолатӣ дар пардохти бақияи пул (мусофирон дар хатсайри автобусҳои 3, 7 ва троллейбусҳо акнун ба ҷои 1 сомонӣ  60 дирам, дар маршруткаҳо ба ҷои 2 сомонӣ  1 сомонию 60 дирам мепардозанд) мебошад.
Ронандагон муваззаф шудаанд, ки нақлиётро танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ доранд.  Аз ин хотир, масъулони бахши нақлиёти мусофиркаши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро зарур аст, ки дар марҳилаи  аввал ҷиҳати ба тартиб ва танзим даровардани ин намуди хизматрасонӣ назорати қатъӣ роҳандозӣ намоянд.
Убайдулло  РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон, узви  ИЖТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2018    №: 37    Мутолиа карданд: 216

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед