logo

маориф

ҲИСОР. МАОРИФ РУШДИ СОҲАҲОИ ДИГАРРО ҲАМ ТАЪМИН МЕКУНАД

Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор 158 муассисаи таълимӣ дорад.  Назорати фаъолияти ин муассисаҳо аз кормандони соҳа масъулияти баландеро тақозо менамояд. Суҳбати мо бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Наргис Муқимзода аз ҳамин нукта оғоз гардид.
Маълум гардид, ки соли гузашта таваҷҷуҳи масъулон ба пешрафти соҳаи мазкур афзуда, як қатор иқдомҳои созанда роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, базаи таълимӣ мустаҳкам гардида, ба мактабҳо мувофиқи дархост омӯзгорони фаннӣ ҷалб шуданд ва роҳбарияти мактабҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавону кордон такмил ёфт. Дар ин росто, кори Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон низ ҷоннок карда шуд.
- Шиносоӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон ба мо ёрии зиёд расонд.  Дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, фаъолони маҳаллаҳо, инчунин, бо дастгирии омӯзгорон ва роҳбарони соҳибтаҷриба шароити таълиму тарбия, вазъи таъмини таълимгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва ҳамкории муассисаҳо бо падару модарон беҳтар гардид, - изҳор медорад Н. Муқимзода.
Бешубҳа, масъалаи асосии мавриди таваҷҷуҳ сатҳу сифати таҳсилот ва дараҷаи дониши хонандагон мебошад. Сараввал барои он, ки мо дониши хонандагонро баланд бардошта, дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем, бояд алоқаи муассисаро бо падару модарон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем. Қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» низ инро тақозо менамояд.
Ба андешаи Наргис Муқимзода, тараққиёти техникаву технология  тақозо мекунад, ки омӯзгори муосир бо тамоми донишҳои техникӣ муҷаҳҳаз ва малакаи кор бо компютер, планшет ва интернетро дошта бошад. Зеро хонандаи синфи ибтидоӣ аллакай бо асбоби технологӣ кор карда, дар зинаҳои дигари таҳсил интернетро пурра истифода мебарад. Бинобар ин, дар моҳи январи соли ҷорӣ омӯзиши компютер  миёни омӯзгорон ба таври васеъ ба роҳ монда шуд ва алҳол тибқи маълумот зиёда аз 2354 омӯзгор бо машғулиятҳои компютерӣ фаро гирифта шуданд.
Дар байни омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр раванди тарбияи ҳисси миллӣ ва ватанпарастӣ хуб ба роҳ монда шуда, масъулон кӯшиш доранд, ки насли наврасро тавассути саёҳатҳо ба иншооти азими аср, тамошои ҷойҳои таърихӣ, осорхона ва хона – музейҳои бузургони илму адаб, тамошои саҳнаҳои театрӣ, инчунин, обуна намудани онҳо ба матбуоти даврӣ баланд бардоранд.
- Имсол бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Дар ин маврид, нақшаҳои кории муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати гузарондани экскурсияҳо номгӯи чорабиниҳои махсусро пешбинӣ намудаанд. Аз ин сабаб, имсол ният дорем, ки сафар - саёҳати омӯзгорони шаҳрро ба минтақаҳои сайёҳӣ ва нуқтаҳои таърихиву фарҳангӣ ба роҳ монем. Ба ин восита на танҳо ҷаҳонбинию донишҳои омӯзгоронро тавсеа бахшидан мумкин аст, балки ба рушди саёҳии дохилӣ ҳам метавон мусоидат кард, - афзуд Н. Муқимзода.
Б. САЛИМОВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 166

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед