logo

маориф

ТЕХНОЛОГИЯ ОМИЛИ МУАССИР ДАР САМАРАНОКИИ ТАЪЛИМ

Истифода аз технологияҳои муосир дар раванди таълим яке аз омилҳои муҳими таъминсозандаи сифат ва муайянкунандаи дараҷаи пешрафти он маҳсуб мегардад. Аз омӯзгори замони мо ғайр аз дониш, малака ва маҳорати касбӣ донистани технологияҳои муосир низ талаб карда мешавад.
Воқеан ҳам, имрӯзҳо қариб ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, толорҳои лексионию семинарӣ ва конфронсҳо, ҳатто маҷлисгоҳҳо низ бо тахтаи электронӣ, компютер ва проекторҳо муҷаҳҳаз шудаанд. Тавассути онҳо мо маълумоти гуногунро, аз қабили хабар, расму графикаҳои гуногун, тасвирҳои видеоӣ ва аудиосадоҳоро ба сомеон мерасонем. Онҳо ба ғайр аз вазифаи намоишдиҳӣ ва муаррифӣ, ҳамчунин, барои сохтани моделҳои мухталиф низ истифода мешаванд.
Коргирӣ аз тахтаҳои электронӣ аз омӯзгор истифодаи барномаҳои мухталифро низ тақозо менамояд. Аз ҷониби дигар, худи хонандагон низ аз машғулиятҳо дилгир намешаванд, зеро кор дар тахтаи электронӣ барояшон шавқовар мебошад.
Дар маҷмӯъ технологияҳои навтарин дар кашидани расм, ҳуруфчинии матнҳо, сохтани диаграммаҳо, интишори иттилоот аз дискҳо ба омӯзгор кумак мерасонанд. Баҳрабардории васеи онҳо шавқу рағбати хонандагонро на танҳо ба фанни омӯзонидашаванда, балки ба технологияҳои ҷадид низ зиёд менамояд. Фикрронии хонандагонро сайқал дода, ҳисси эҷодкориро дар вуҷуди онҳо бедор мекунад.
Аксари барномаҳои технологияҳои таълимӣ ба ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳо равона карда шудаанд. Ин тарзи муносибат хонандагонро ба муошират ва амали якҷоя ҳидоят менамояд. Чунин таҷрибаҳо дар оянда, ҳангоме ки онҳо дар коллективҳои калон фаъолият менамоянд, ба кор хоҳад рафт. Барномаҳои насли ҷадид имкон фароҳам меоранд, ки хонандагон камбудӣ ва хатоҳои худро сари вақт пайхас намуда, онро ислоҳ намоянд. Ҳамчунин, метавонем дар тахтаи электронӣ ҷузъи калима ё ибораи заруриро ҷудо намуда, онро бо вожаи дигар иваз ё матни хаторо ба осонӣ ислоҳ созем. 
Муҳимтар аз ҳама, технологияҳои ҷадид дар баёни мавзӯъҳои мушкил ба омӯзгорон кумак мерасонанд. Истифодаи онҳо хеле сода ва мувофиқ низ мебошад. Омӯзгор ҳангоми баёни мавзӯи нав ҳатман чанд амалиёти заруриро дар рӯйи тахта иҷро менамояд. Хонандагон низ дар тақлид ба устод ин амалҳоро дар майнаи сар ҷо мекунанд. Ин амали назарногир ҳам шавқи онҳоро ба техника бедор менамояд ва ҳам хотираашонро қавӣ мегардонад.
Асри XXI – ро асри технологияҳои ҷадид номидаанд. Баҳрабардории васеи технологияҳои нави таълимӣ ба хонандагон дар аз худ намудан ва минбаъд самаранок истифода бурдани дастовардҳои техникӣ низ мадад мерасонад.
Раванди мазкур ба дарсазбаркунии хонандагон низ бетаъсир намемонад. Чуноне ки медонем тафаккури аксари наврасон тафаккури биноӣ мебошад. Ҳамвора бо шунидан, яъне шарҳи мавзӯъ дидан (тамошо кардани раванди он) ба онҳо дар раванди донишандӯзӣ кумак мерасонад. Мо - омӯзгоронро зарур аст, ки аз равандҳои муосири техникӣ дар ҷараёни таълим самаранок истифода бурда, ба ин васила, шавқу завқи бачагонро ба онҳо бедор намоем. 
Ашӯрхон РАЗЗОҚОВА,
омӯзгори гимназия барои
хонандагони болаёқати № 1, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 245

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед