logo

сиёсат

ПАЁМ. ҚУТБНАМОИ РУШДИ УСТУВОР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳуҷҷати тақдирсоз ва барномасози сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, қутбнамои рушди устувори ҷомеа мебошад.

Ин матлабро Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷаласаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баён намуд. Мавсуф, ҳамчунин, зикр намуд, ки соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба бештар аз 965 миллион сомонӣ расид. Афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят аз 13 фоиз болотар аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба соли 2016 - ум 60 миллион сомонӣ афзуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта 11 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолияташро қатъ намуд. Бо вуҷуди ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гаштани низоми бонкии кишвар, хеле коҳиш ёфтани фаъолияти қарздиҳии бонкҳо дар пешбурд ва рушди соҳибкорӣ натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми минтақаҳои вилоят вусъати тоза пайдо карданд.
Раиси вилоят ҷиҳати зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва самарабахш истифода бурдани неруи барқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат мисолу далелҳои мушаххас овард. Раванди пешрафти энергетика ва саноати кӯҳӣ дар мисоли  вилоят бармало ба мушоҳида расида, раиси вилоят таваҷҷуҳ ба рушди энергетика, саноати кӯҳиро аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ намуд.
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро, ки дар Паём махсус таъкид гардид, Шодихон Ҷамшед омили асосии пешрафти вилоят ва гузаштани он ба худмаблағгузорӣ ва худкифоӣ маънидод кард. Айни замон, барои рушди ин соҳаҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, шахсан Пешвои миллат, дар ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Вале барои ҳарчи бештар ҷалб намудани ҳам сайёҳони хориҷӣ ва ҳам дохилӣ ба ВМКБ тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст. Тавре аз омори расмӣ бармеояд, айни замон аз теъдоди умумии сайёҳони хориҷӣ, ки ҳамасола вориди Тоҷикистон мегарданд, садяки онҳо вориди Бадахшон мегарданду халос. Вақти он расидааст, монеа ва мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд дорад, аз байн бардошта шаванд.
Дар идома раиси вилоят вобаста ба таъмини волоияти қонун таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз афзоиши ҷинояткорӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ кард. Давоми сол дар қаламрави вилоят 625 ҷиноят ба қайд гирифта шуданд. Мутаассифона, 44 нафар зодагони Бадахшон дар Афғонистон, Ироқу Сурия дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд. Бо вуҷуди анҷом додани як қатор чораҳои пешгирикунанда аз ҷониби мақомоти интизомию қудратӣ ҳанӯз қочоқи маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя кам нашудааст. Соли гузашта зиёда аз 485 килограмм маводи нашъаовар аз қочоқбарон мусодира шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 374

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед