logo

иҷтимоиёт

АМНИЯТИ ДАВЛАТ. ҲАР ЯКИ МО БОЯД БА ҚАДРИ ОСОИШ РАСЕМ!

Бо амри тақдир ду маротиба дар ҳайати гурӯҳи мушовирони ҳарбии шӯравӣ дар Афғонистони акнун ба гирдоби ҷанг печида будам. Қариб се сол дар яке аз сангарҳои доғи ин мамлакат – шаҳри Қандаҳор дар қисмҳои ҳарбии афғонҳо ба сифати тарҷумони ҳарбӣ хизмат намудам.
Воқеан дар набардҳои шадид 130 нафар сокини ноҳияи Деваштич низ иштирок карда, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо намуданд.
Ҳеҷ гоҳ аз хотирам зудуда намегарданд он рӯзҳои мудҳиши ҷангӣ. Вақте саҳифаҳои китоби зиндагии ҳарбиамро варақгардон менамоям, боварам намеояд, ки дар он лаҳзаҳои пурхатар чи тавр аз тиру туфанги нохалафи душман амон ёфтам.
Ҳангоме ки дар полки артиллерӣ бо мушовирон хизмат мекардам, боре бо чархбол ба ҳайати қисми ҳарбии обанбори вилояти Ҳелманд маводи озуқа ва яроқу аслиҳа, муҳимоти ҳарбӣ мебурдем. Пас аз интиқол додани мавод, дар бозгашт, чархболи мо тавассути пулемётҳои вазнини ДШК мавриди тирпарронии шадиди қувваҳои хушкигарди мухолифин қарор гирифт. Он дақиқаҳо мо умедамонро аз ҳаёт канда будем. Хушбахтона, ба шарофати маҳорати ҳарбӣ ва чолокии пилоти машинаи ҳарбӣ мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтем.
Вақте чархбол дар майдони ҳавоии Қандаҳор ба замин нишаст, дар ақиби он чанд сӯрохии тири пулемётро мушоҳида кардем. Бале, он як муъҷиза буд, ки тири душман каме хато хӯрда, ҷои сӯзишворӣ оташ нагирифтааст.
Дар он лаҳзаҳое, ки байни обу оташ қарор мегирифтем, Худоро тавалло карда, ба ҷон орзу мекардем, ки чунин рӯзҳои мудҳиш ба сари мардуми мо наоянд. Аммо сад афсӯс, ки дар оғози солҳои 90-и асри ХХ кишвари мо низ ба доми ҷанги шаҳрвандӣ афтод ва оқибаташ ба мову шумо маълум аст…
Сад офарин ба Пешвои муаззами миллат, ки дар ҳамон солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири осудагии мардумаш ба мамлакати ҳамҷавор – Афғонистоне, ки дар коми оташ буд, ҷон ба гарав гузошта, сафар кард, то бо мухолифин гуфтушунид намояд. Он замон гӯё душманон ӯро месанҷиданд, аммо онҳо намедонистанд, ки Эмомалӣ Раҳмон соҳиби дили бузург ва иродаву неруи шикастнопазир аст.
Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба нооромиву низоъҳои ҷаҳони муосир ишора карда, аз ҷумла фармуданд: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем». Бисёр касон гумон мекунанд, ки таъмини амният вазифаи аскарону афсарон ва ниҳодҳои қудратист. Вале амният аз оилаи ҳар яки мо оғоз меёбад. Агар фарзандони мову шумо роҳ сӯи кишварҳои ҷангзада нагиранд ва илмҳои диниву дунявиро дуруст маърифат кунанд, ҳамин як бахши муҳими амнияти давлат аст. Аз ин сабаб, аз ҷавонони кишвар хоҳиш менамоям, то бо одоби ҳамида, донишу ҷаҳонбинии шоиста ва хидматашон дар сафи Артиши миллӣ  ватандориву нангу номуси худро нишон диҳанд ва нагузоранд, ки рӯзҳои даҳшатноки мо аз сар гузаронда такрор ёбад.
Акбар МАҲМУДОВ,
ҷанговари интернатсионалист аз ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2018    №: 41    Мутолиа карданд: 174

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал

ХАТЛОН. Рафти кишти такрорӣ бад нест, аммо...

Ҷаҳон дар як сатр

Путин зарурати рушддиҳии технологияҳои рақамиро таъкид кард

Ба Афғонистон низомиёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар меоянд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед