logo

иқтисод

ТАРИФҲОИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе (№ 101, аз 19 феврали соли 2018), дар шабакаи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе тарифҳои (нархномаҳои) нави хизматрасонӣ муқаррар карда шуданд.

Мутобиқи қарори нав, аз 15 феврали соли равон ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои пойтахт барои як мусофир тавассути автобусҳо як сомонию 20 дирам (ба ҷои 1 сомонии тарифи пешӣ), троллейбусҳо як сомонӣ (қаблан - 70 дирам), автобусҳои хурд (микроавтобус ё маршруткаҳо) як сомонию 60 дирам ва автобусҳои реҷаи экспресс як сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Нархи кортҳои кӯтоҳмуддати пардохти зудамал (QR – kod) дар автобус ва троллейбусҳо барои 4 ва 8 маротиба савор шудан мутаносибан 5 ва 10 сомонӣ аст.
Дастгирии табақаҳои нисбатан камдаромад ва ниёзмандон, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  мебошад, дар қарори раиси шаҳри Душанбе низ зикр шудааст. Қаблан бо қарори Рустами Эмомалӣ аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонии нақлиётӣ барои нафақагирони аз 75 – сола боло ройгон муқаррар шуда буд. Афроди номбаршуда бо нишон додани билети имтиёздори нақлиётӣ ё корти электронии имтиёздор дар тамоми намудҳои нақлиётӣ ҷамъиятӣ, аз ҷумла «маршрутка» - ҳо (ғайр аз таксӣ), метавонанд ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ истифода баранд. Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, айни замон дар пойтахт беш аз 9 ҳазор шаҳрванди аз 75 – сола боло истиқомат дорад. Билетҳо ва кортҳои имтиёзнок ба онҳо дар шуъбаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоии ҷои истиқоматашон дода мешаванд.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти фарқияти роҳкиро барои шахсони соҳибимтиёз дар доираи маблағҳои дар буҷети соли 2018 барои соҳаи нақлиёт пешбинишуда ба корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус – 1», «Автобус – 2», «Автобус – 3» ва «Троллейбус» тибқи ҳамин қарор муваззаф гардидааст.
Дар сурати харидани кортҳо барои 50 сафар (ва зиёда аз он) барои донишҷӯён 30 ва барои мусофирони дигар 15 дарсад тахфиф муқаррар шудааст. Ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии нақлиёти мусофирбари ғунҷоишашон хурд ва миёна барои як мусофир 2 сомонӣ мебошад. Шуъбаҳои нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати қонеъ гардондани эҳтиёҷот ба хизматрасонии нақлиётӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳо дар шабакаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии пойтахт тадбирҳо андешида, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиётро бо тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.
Бо ба тасвиб расидани қарори нав қарори пешинаи раиси шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» аз эътибор соқит гардид.
Ҳадаф аз иқдоми нав ва тағйир додани тарифҳо, тавре аз муҳтавои қарор бармеояд, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, пурра қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба хизматрасонии нақлиётӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти нақлиёти мусофирбар, муҳайё намудани шароит  барои рақобати озоди субъектҳои  хоҷагидор дар бозори нақлиётӣ (новобаста ба шакли моликият)  ва риояи талаботи «Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоч бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Зимни муқаррар намудани тарифҳои нав хулосаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон (аз 7 ноябри соли 2017, 19 январ ва 9 феврали соли 2018) ба инобат гирифта шудаанд.
- Ҳарчанд қаблан нархи роҳкиро дар микроавтобусҳо барои ними сайрхат 80 дирам ва бештар аз ними сайрхат 1 сомонию 80 дирам муқаррар шуда буд, мусофирон мутаносибан 1 ва 2 сомонӣ пардохт менамуданд. Ин нархи ғайрирасмӣ муқаррарнамудани соҳибон ва пулчинакҳои маршруткаҳо гӯё қобили баҳс ҳам набуд. Акнун, сарфи назар аз масофа, мусофирон як сомонию 60 дирам пардохт менамоянд. Барои бо пули майда (дирам) таъмин намудани ронандаҳо тадбирҳо андешида шудаанд, - изҳор дошт Фирдавс Саидзода, директори муассисаи воҳиди давлатии «Душанбенақлиётхидматрасон», зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият».
Ба иттилои Фирдавс Саидзода, ҳадафи асосии қарори нав беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ дар шабакаи сайрхатҳои дохили шаҳрист. Минбаъд нақлиёти ҷамъиятӣ барои савор кардану фаровардани мусофирон танҳо дар истгоҳҳо таваққуф мекунанд ва мувофиқ ба ҷои нишаст мусофир мегиранд.
Воқеан, тайи як соли охир дар пайи роҳандозии тадбирҳои муассир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт хеле беҳтар шуд. Насби дастгоҳҳои хизматрасонӣ бо кортҳои электронӣ (QR – kod), ки анҷоми он дар семоҳаи сеюми соли равон тарҳрезӣ шудааст, ҳамчунин, ворид намудани нақлиёти нав ба хатсайрҳо мушкилоти хизматрасонии нақлиётиро дар пойтахт комилан ҳал ва сифати хизматрасониро ба куллӣ беҳтар месозанд. Фирдавс Саидзода иттилоъ дод, ки як рӯз пеш 11 автобуси нави тамғаи «AKIA», ки дар  корхонаи навтаъсиси муштараки Тоҷикистону Туркия - “AKIA AVESTO” (воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ) бандубаст шудаанд, дар сайрхати № 18 ба хизматрасонӣ оғоз намуданд. Ҳамчунин, дар марҳилаи аввал барои хизматрасонӣ ба сайёҳон ба Душанбе ворид намудани автобусҳои хушнамои дуошёна дар назар аст.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
P.S.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр, ҷорӣ намудани тарифҳои нав дар шабакаи сайрхатҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт то 1 марти соли равон мавқуф гузошта шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2018    №: 41    Мутолиа карданд: 772
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед